Аз ҳаёти олимони маъруф. Чарлз Дарвин
Шояд дар бораи ҳеч олиме аз бузургони пажӯҳиши гузашта ба мисли Чарлз Дарвин гумагӯҳо зиёд набуданд. Бо гузашти даҳсолаҳо ҳамоно баъзе аз назарияҳо вай, бахусус назария дар бораи пайдоиши одам мавриди баҳсу баррасианд. Борҳо ӯро ба куфру бехудоӣ ҳам муттаҳам кардаанд, гарчанде худ гуфта: “Ман ҳаргиз мулҳид набудаам, ба ин маънӣ, ки ҳаргиз ҳастии Худоро инкор накардаам, ҳарчанд ҷахонбинии ман бештар ба лоадриён наздик аст».
Дарвин Чарлз Роберт 12 феврали соли 1809 дар Шрусбери Британияи Кабир ба дунё омадааст.
Дарвин табиатшиноси англис, асосгузори таълимоти таҳаввул дар бораи пайдоиши намудҳо бо роҳи интихоби табиӣ, доктори ифтихории донишгоҳҳои Бонн, Беслав, Лейден, узви Академияҳои илмҳои Петербург, Берлин ва Порис. Пас аз хатми гимназияи классикӣ ба факултаи тиббии Донишгоҳи Эдинбург дохил шуд, вале баъди ду сол онро тарк карда, ба масъалаҳои геология ва зоология машғул гардид.
Соли 1828 ба факултаи илоҳиёти Донишгоҳи Кембриҷ дохил шуда, солҳои донишҷўи асарҳои Ҳомерро аз юнонӣ ба англисӣ тарҷума кард. Ба ташаккули ҷаҳонии Дарвин осори илоҳиётшинос В. Пэйли «Исботи масеҳият», «Фалсафаи ахлоқ» ва «Илоҳиёти табиӣ» ва бахусус ақидаҳои табиатшиносии Н. Генсло, геологҳои Ч. Лайел ва А. Севчик таъсири зиёд расонданд.
Соли 1831 Дарвин бо киштии «Бигл» ба сафар баромада, аз Бразилия, Аргентинаи Ҷанубӣ, Уругвай, Чили ва дигар сарзаминҳо барои пажўҳиши ояндаи худ оид ба зоология, ботаника, геология, минералогия, антропология, ҷуғрофиё ва ғайра маводди илмӣ ҷамъоварӣ кард. Баъди панҷ сол аз сафар бозгашта, дар бораи сохтори геологии ҷазираҳои уқёнусҳои Ором, Ҳинд, соҳилҳои Амрикои Ҷанубӣ ва Чили китобе ба табъ расонид.
Бозёфтҳои палеонтологӣ ва мушоҳидаҳои зоологии ў барои пайдоиши назарияи намудҳо нақши бузург бозидаанд. Дарвин яке аз аввалинҳо шуда ба ин натиҷа расид, ки тамоми организмҳои зинда дар тўли замон ба таҳаввулот дучор мегарданд. Асари асосии Дарвин «Пайдоиши намудҳо аз тариқи интихоби табиӣ, ё Бақои наслҳои мусоид зимни мубориза барои ҳаёт» (1859) аст, ки дар он пайдоиши навъҳои рустанию ҳайвонот, сабабҳои инкишоф ва ба муҳити атроф мутобиқ шудани онҳо баррасӣ шудааст. Дар «Пайдоиши инсон ва интихоби ҷинсӣ» (1871) ва «Ифодаи эҳсосоти инсон ва ҳайвон» (1872) масоили антропогенезро ба миён гузошта, таҳаввулоти тадриҷии инсонро собит намуд.
Таълимоти Дарвин оид ба пайдоиши намудҳо дар илм табаддулоти ҷиддӣ ба вуҷуд оварда, таҳаввулоти аз шаклҳои сода ба мураккаб гузаштани олами органикиро нишон медиҳад. Дарвин то охири умр ба масъалаҳои ирсият ва роҳҳои тағйирдиҳии он, таҳаввулоти ҳайвоноту рустаниҳо, селексияи ҳайвоноти хонагӣ, интихоби табиӣ ва сунъӣ машғул буд. Вай ҳамчунин муносибати намудҳои организми зинда ва шароити маҳаллии зисти онҳоро тадқиқ мекард. Ў дар бораи ҷаҳонбиниаш гуфтааст: «Ман ҳаргиз мулҳид набудаам, ба ин маънӣ, ки ҳаргиз ҳастии Худоро инкор накардаам, ҳарчанд ҷахонбинии ман бештар ба лоадриён наздик аст».
Таълимоти Дарвин дар бораи гуногунрангии биологӣ дар замони ҳаёташ аз ҷониби аксарияти табиатшиносони ҷаҳон дастгирӣ ёфт, дар ҳоле ки назарияи интихоби табии ў ҳамчун механизми асосии таҳаввул танҳо солҳои 50-уми асри 20, бо пайдоиши таълимоти назарияи синтетикии таҳаввул, мақбули илми ҷаҳонӣ гардид.
Баъзе нукоти таълимоти Дарвин аз ҷониби илми генетика зери шубҳа гузошта шуд. Муосири Дарвин ва падари илми генетика Григор Мендел зимни инкишофи назарияи таҳаввули Дарвин гуфт, ки махсусиятҳои фардии ҳар мавҷуд бидуни тағйирот ҷовидон боқӣ мемонанд ва ҳаргиз ҳеч маймуне ба одам табдил наёфтааст ва ҳеч одаме аз маймун пайдо нашудааст, зеро ҳар кадом генҳои хоси худро доранд, ки тағйирнопазиранд
Дарвин бо нишони тилоии Ҷамъиятии шоҳии Лондон (1864) ва нишони Пруссия (1867) сарфароз гардонида шудааст. Ҳамчунин ба номи Дарвин мавзеъҳои ҷуғрофиёӣ (ҷазирае дар галаҷазираҳои Галапагос, шаҳр дар шимоли Австралия, вулкан дар ҷазираи Исабелла), ҳайвоноти нодир (нанду, нотура, арзамўрак, гамбуск), рустанӣ (танобча), ду танўра (яке дар Моҳ ва дигаре дар Миррих) номгузорӣ шудааанд.
Дарвин Чарлз Роберт 19 апрели соли 1882 дар Даун, наздикии Лондон аз олам гузаштааст.
Бозчон аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 289-290.
Муаллиф: У. Камолов.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.