Порсигӯёни Ҳину Синд. Мавлоно Муҳаммадҳусайн Назирии  Нишобурӣ

Порсигӯёни Ҳину СиндМутаваффо ба соли  1021 ҳиҷрӣ, аз ҷумлаи нахустин шоирони Эрон аст,ки ба Ҳинд рафта, аз умарои шеърдӯсти он кишвар муҳаббат дида ва ба мадҳи онҳо пардохтааст.Шиблии Нӯъмонӣ гӯяд: “Ӯ ҳазорон алфозу муфрадоти навину тарокиби ҷадиду тоза падид овардааст…Матолиби виҷдониро аксар  ба тариқе баён мекунад, ки он муҷассам шуда ҷулуи чашм ҷилвагар мегардад…” Хаёлоту кайфиётро ба моддиёту маҳсусот ташбеҳ медиҳад. Ва лизо аз он ҳолат истеъҷоби  хоссе падид меояд…ва дар ҷиддату тозагии тарзи адо ва услуби навини баён бар аксари шуарои муосир пешӣ ҷустааст.

Волаи Доғистонӣ ба забони иғроқомез гӯяд: “Хомаи дузабон агар бо ҳазор забон дар тавсифи ҷалолати шаъни вай якзабон шавад,шаммае аз он баён карда натавонад намуд. Пояи суханро ба ҷое расонида, ки шаҳбози хаёлро бо ҳазор парру бол дар он арса маҷоли парвоз нест. Алҳақ аз навоири замону аҷоиби даврон аст”.

Соиби Табрезӣ шеърашро бар шеъри Урфӣ тарҷеҳ додаву мегӯяд:

Соиб,чӣ маҷол аст шавӣ ҳамчу Назирӣ,

Урфӣ ба Назирӣ нарасонид суханро.

Ба ақидаи муосираш Тақии Кошӣ: “Лоҷарам бад-ин хислат ашъору кайфияти гуфтори шараф тақаддум бар ҷумлаи шуарое, ки дар он дарбор ҷамъанд, дорад. Мартабаи нуфузу имтиёз ёфта,чунончӣ ба фатвои маънӣ табъу мумаййизи масуди ин авроқулавм дар он тарафи қудватулфусаҳост, балки маликушшуаро ва-л-булағо”.

Девонаш муштамил бар ғазалиёту қасоид ва қитаоту рубоиёт ва таркиббандҳо дар ҳудуди ҳазор байт аст, вале аҳаммияту имтиёзаш дар навъи аввал, ки тақрибан нисфи девонаш мебошад.

Инак намунае аз ашъораш:

Аз шавқ шаҳидони ҳарими сари кӯяш

Чун дона дар оғӯш нағунҷанд заминро.

****    ****    ****

Зи фарқ то қадамаш дар куҷо, ки менигарам

Карашма домани дил мекашад,ки ҷо ин ҷост.

****    ****    ****

Дидаам дафтари паймони вафо ҳарф ба ҳарф,

Номи хубон ҳама сабт аст,магар номи ту нест.

Ба барозандагии қомати мавзун нозам,

Як қабо нест,ки шоистаи андоми ту нест.

****    ****    ****

Муҳаббат бештар қоим шавад,чун бишканад паймон,

Шукуфа аввал афшонад дарахт, он гаҳ самар гирад.

****    ****    ****

Наёзорам зи худ ҳаргиз дилеро,

Ки метарсам, дар он ҷои ту бошад.

Назирӣ, зиндагӣ дар дарди дил ҷӯ,

Ки дарди ту Масеҳои ту бошад.

****    ****    ****

Гарчи медонам, қасам хӯрдан ба ҷонат хуб нест,

Ҳам ба ҷони ту, ки ёдам нест савганди дигар.

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Он бо қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.