Конференсияи ҷумҳуриявии “Нақши Комиссияи олии аттестатсионӣ дар таъмини соҳибистиқлолии илмии Тоҷикистон”

 Конференсияи ҷумҳуриявиИн конференсия нимаи аввали имрӯз дар ошёнаи сеюми Китобхонаи миллӣ ҷараён гирифт ва ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 10-солагии таъсиисёбии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Ҳамоиш бо суханони муқаддимавии раиси Комиссияи аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода  оғоз гардид.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ таъсиси Комиссияи аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро як руйдоди фараҳбахшу таърихӣ номид. Вай аз ҷумла гуфт, то замони таъсиси Комиссияи аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  донишмандони тоҷик рисолаҳои илмии худро бо забони ғайридавлатӣ таҳия карда, дар шуроҳои дисертатсионии назди комиссияҳои олии аттестатсионии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳимоя мекарданд. Имрӯзҳо пажӯҳишгарон имкон пайдо карданд, ки рисолаҳои илмии худро бо забони тоҷикӣ таҳия намуда, ҳимоя кунанд.

Ин иқдомро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ  донист ва иброз дошт, ки он метавонад дар масири давлатсозӣ  ва ба истиқлоли комил дар ҷодаи илм расидани мамлакатамон нақши муҳим ифо кунад. Ба таъкиди ӯ фаъоляти босамари ин ниҳод имкон дод, ки дар тӯли як даҳсола дар тарбияи кадрҳои миллӣ ба дастовардҳои назаррас даст ёбем.

Дилрабо Мансурӣ афзуд: Дар тӯли 10 сол ба 67 унвонҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Узбекистон, Қазоқистон, Русия, Афғонистон, Туркия, Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии мардумии Чин, ки дар самти илмҳои ҷамъиятӣ, гуманитарӣ, тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ, аграрӣ  илмҳои табиӣ, математикӣ ва техникӣ рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд, дараҷаи илмӣ дода шуд.

Конференсияи ҷумҳуриявиҲамзамон, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвақтзода Қобилҷон Хушвақт дар мавзӯи “Иқтисоди сабз: роҳҳои ташаккул ва дурнамои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ кард. Вай иброз дошт, ки дарвоқеъ, тӯли даҳсолаи охир дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ бештар мафҳумҳои саноати сабз, шуғли сабз, сармояи сабз, энергияи сабз ва дигар мафҳумҳо бо ибораи сабз истифода мешавад. Ҳато баъзе сарчашмаҳо дар хусуси инноватсия ва технологияи сабз ҳарф мезананд, зери ин мафҳум технологияи нав ба таъсири минималӣ ба муҳити зист фаҳмида мешавад. Аз ҷумла энергияи алтернативии барқароршаванда ба монанди обӣ, офтобӣ, бодӣ, нақлиётӣ бо қувваи барқ ҳаракаткунанда ва сӯзишвориҳои биологӣ низ ба ин дохил мешаванд.

Дар ин ҳамоиш директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор, муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Карим,  академик Мамадшо Илолов ва дигарон низ ширкат ва суханронӣ карданд.

Дар нишаст  дипломҳои дараҷаи илмӣ ва шаҳодатномаи унвони илмӣ ба бархе аз ҳозирин тақдим гардид.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.