Мизи гирди Китобхонаи миллӣ аз маърифати ҳуқуқӣ гуфт
Шӯрои бонувони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” –и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирдеро бо номи “Ҳуқуқи занон дар хонавода ва ҷомеа” баргузор намуд, ки дар он муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилрабо Маҳмадшариф, мудири бахши таҳсилоти динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзигул Юсуфзода, мутахассиси Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофат Аҳрориён, мудири кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқи академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Миҷгона Халилова ва мудири бахши ҳуқуқи Китобхонаи миллӣ Шаҳром Қурбонов ширкату суханронӣ науданд.
Мизи гирдро Салима Раҷабзода, муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ оғоз намуда, соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастури муҳим ва саривақтиву ҳадафмандона донист.
Салима Раҷабзода иброз дошт, ки мақсади асосӣ ва ниҳоии Пешвои миллат баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷомеа мебошад, то онҳо дар фаъолияти рӯзмараи хеш аз донишҳои ҳуқуқӣ самаранок истифода баранд. Донистани ҳуқуқ қарзи шаҳрвандии ҳар як шахс, нишонаи баланди маърифатнокии ӯ мебошад. Баръакс надонистани ҳуқуқ аломати оҷизиву нотавонӣ, бетафовутӣ нисбат ба тақдири давлату ҷомеа ва сарнавишти худи одам ба ҳисоб меравад.
-Умуман, қонуният инчунин ҳолати низоми ҳуқуқии давлат мебошад, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар қонунҳо инъикос гардидаанд, дақиқ ва бечунучаро риоя мешавад. Бешубҳа, танҳо одами бомаърифат метавонад ҳуқуқҳои худро ба амал барорад ва инчунин ҳуқуқҳои вайроншудаи дигар шахсонро барқарор кунад. Шахс дар муносибати ҳуқуқӣ ворид шуда, мефаҳмад, ки ба ҳуқуқу озодиҳояш баҳо дода метавонад ва онро дар ҳаёт амалалан истифода мебарад. Дар натиҷа ӯ аз амалиёти худ қонеъ мешавад. Ба ин пеш аз ҳама малака ва маҳорати ҳуқуқдонӣ кӯмак менамояд, таъкид намуд муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ.
Шарофат Аҳрориён мутахассиси Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Ҳуқуқи занон дар хонавода ва ҷомеа” суханронӣ намуда, аз мақому ҳуқуқҳои занон дар кишвар ёдовар шуда дар тақвияти суханонаш Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа”-ро мисол овард.
Аҳрориён занонро кафили рушди ҷомеа дар роҳи ба даст овардани истиқлолият дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ медонад ва ин ҳамаро аз дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ҷумҳурӣ меҳисобад, ки дар натиҷа мавқеъ ва нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа торафт баланд гаштааст.
-Аз ин рӯ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз нишонаҳои кишварҳои тараққиёфта ба шумор меравад. Ва дар амалӣ гардидани як қатор қонуну стратегияҳо дар ин самт, дастур ва роҳнамоиҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Эмомлаӣ Раҳмон басо бузург аст, гуфт Шарофат Аҳрориён дар мизи гирди Китобхонаи миллӣ.
Ӯ зимни суханрониаш дар ин нишаст баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеаро яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон карда, аз бовару эътимоди Пешвои миллат нисбати занон изҳори хушнудиву сипос намуд.
Вай бо таъкид ба он ки пойдевори ҷомеаи солим аз хонавода сарчашма мегирад, иброз дошт, хонаводаи солим ва тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо бнштар ба дӯши модар аст, аз ин ҷост, ки модар бояд дорои дониши мукаммал бошад, то тавонад фарзандони баору номусро тарбия намояд.
“Эълони соли маърифати ҳуқуқӣ, нақши китоб ва китобхона дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон” мавзуи суҳбати мудири бахши ҳуқуқи Китобхонаи миллӣ Шаҳром Қурбонов буд, ки дар мизи гирди Шӯрои бонувони Китобхонаи миллӣ садо дод.
Шаҳром Қурбонов нахуст дар мавзуи китоб, Китобхонаи миллӣ ва вазифаву рисолати он сухан гуфт. Ӯ дар ин ҳамоиш аз бахше дар Китобхонаи миллӣ гуфт, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ мебозад. Бахши иттиллоити ҳуқуқӣ нахуст, дар сохтори ҳамин муассиса моҳи марти соли 2012 бо кушода шудани «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Маркази иттилооти ҳуқуқӣ таъсис ёфта буд, ки ҳадаф аз он хизматрасонии ҳуқуқӣ ба хонандагону кормандон ва умуман, истифодабарандагон мебошад.
Таъкид ба маврид аст, ки яке аз самтҳои асосии бахши иттилооти ҳуқуқии Китобхона ин дар руҳияи эҳтироми қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва шаҳрвандони кишвар буда, вобаста ба ин пешниҳоди манбаъҳои ҳуқуқиро дар шакли анъанавӣ ва электронӣ манзури истифодабарандагон мегардонад, таъкид намуд дар суханронияш Шаҳром Қурбонов.
Дар зимн ӯ аз барномаи махзани электронии мутаммарказонидашудаи “Адлияи ҳуқуқӣ”, ки бо бахши иттилооти ҳуқуқӣ пайваст аст, хабар дод, ки ба дархосткунандагон санадҳои меъёри ҳуқуқиро сари вақт пешкаш мегардонад.
Ба гуфти вай барномаи мазкур литсензионӣ буда, бо 3 забон ба роҳ монда шудааст ҳамасола аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид карда мешавад. Тибқи маълумоти оморӣ барнома дорои 53166 лоиҳаи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ мебошад, ки тибқи низоми санадҳои меъёри ҳуқуқӣ мавқеъгузорӣ, бастабандӣ гаштааст.
Шаҳром Қурбонов ҳамчунин сомонаи mmk.tj Маркази миллии қонунгузорӣ (Махзани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон)-ро ном бурд, ки кормандони бахш бештар истифода мебаранд ва ин Махзани қонунгузорӣ дорои бештар аз 401 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда, аксар қонунҳои тозанашр ба махзан ворид мегардад.
Дар фарҷоми суҳбаташ мудири бахши ҳуқуқ ва иттилооот ба яке аз самтҳои дигари фаъолияти бахши итилоотӣ- ҳуқуқӣ ишора кард, ки кор бо Портали ҳуқуқӣ мебошад ва он барои дарёфт намудани санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ имкон медиҳад.
Дилрабо Маҳмадшариф сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омӯхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани Конститутсия-санади сарнавиштсозро вазифаи ҳар яки мо медонад. Ӯ ҳамзамон таъкид намуд, ки бо мақсади танзими муносибатҳои оилавӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои модару кӯдак ва дигар масъалаҳои вобаста бо он Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз зиёда аз 60 санади меъёриву ҳуқуқиро қабул намудааст, ки заминаи асосии он аз санади олии кишвар-Конститутсия сарчашма мегирад, аз ҷумла: Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалиградонии онҳо”. “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак” ва ғайра.
Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар миёни суханонаш талошҳову заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати шароити мусоид фароҳам овардан ба занон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо махсусан таъкид намуд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд мақсад аз ба тасвиб расидани фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эътироф ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба қонун, риоя ва таъмин намудани волоияти қонун дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аст. Чунки маърифати ҳуқуқӣ дар сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва амалияи ҳуқуқии инсон зоҳир меёбад.
Ҳамчунин мутахассисон ва донишмандон дар мизи гирд зикр намуданд, ки эълон шудани Соли маърифати ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон заминаи хубе хохад гузошт.
Дар мизи гирд инчунин кормандони Китобхонаи миллӣ, васоити ахбори омма ширкат доштанд ва он тавассути телевизионҳои кишвар инъикос гардид.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.