Китоби нав. Фурқат Саидзода” “Ворисони Шашмақом”
Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик китоберо аз ҳунарманди маъруфи кишвар ва яке аз пажӯҳишгарони муваффақ дар созу нав Фурқат Саид бо номи “Ворисони Шашмақом” чоп кардааст. Китоб зери назари доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов омода шуда, ба он доктори илмҳои фалсафа, профессор Нуриддин Саид сарсухан навиштааст. Ин китоб ҳамакнун дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа аст.
Нуриддин Саид дар сарсуханаш бо номи “Дар ҳошияи “Ворисони Шашмақом” навиштааст:
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусавараҳои камназир, мусиқии «Шашмақом», «Фалак» ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳони машҳур аст».
Китоб моро тавассути факту далелҳои хеле муътамад бо чеҳраҳои барҷастаи арбобони сиёсӣ ва фарҳангӣ, устодони варзидаи санъати Шашмақом, саромадони ҳавзаҳои мусиқии суннатӣ, муҳаққиқонӣ мусиқӣ, санъатшиносон ва ҳунармандон, ки баҳри рушду камоли фарҳанги халқи тоҷик саҳм гузоштаанд, ошно месозад.
Дар асар шарҳи ҳоли он хунёгарону мутрибоне, ки дар олами ҳунар, бахусус дар фаъолияти бисёрсолаи Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш гузоштаанд, оварда шудааст, ба ҳамин хотир «Ворисони Шашмақом» ном гирифт.
Албатта, таҳияи чунин китоб басо заҳматталаб буда, аз муаллиф ҷустуҷӯи бисёр ва сабру таҳаммулро талаб мекунад. Қобили зикри хос аст, ки Фурқат Саидзода ин кори душвору мондагорро ба зимма гирифта, чун шахси масъулиятшиносу соҳибмақом аз иҷрои кор ба хубӣ баромадааст.
«Ворисони Шашмақом» дастурест барои асҳли санъат ва дилбастагони ҳунари волоӣ мусиқӣ. Муҳтавои китоб маълумоти муфидеро доир ба саҳм, хидмати чеҳраҳои маъруфи олами ҳунар ва дар кадом давру замон узви ин ансамбли таърихӣ шуданашро бозгӯ месозад.
Силсилаи нигоштаҳои муаллиф зери унвони «Навоят дардҳо дорад», «Самои Зуҳра», «Нидои қарнҳо», «Хаёли сабз», «Пайванди меҳр» дар таҳияи ин асар маводи хуби иттилоотиро фароҳам овардаанд.
Саҳми Фурқат Саидро дар радифи дигар муҳаққиқони муосири варзидаи мусиқии тоҷик дар ҷодаи ҳифзу пажӯҳиш ва ба омма расонидани санъати Шашмақом махсус қайд намуд.
Ӯ тавонистааст ҳамчун як муҳаққиқ ва устоди варзида ба маъниҳои Шашмақом бо диди нав муроҷиат намуда, рамзу асрори онро ошкор созад.
Фурқат Саидзода замоне, ки вазифаи сармуҳарририи идораи барномаҳои мусиқии телевизионии Тоҷикистонро ба дӯш дошт, дар таҳия ва бо садои дилнишини хеш пешниҳоди шунавандагони радиову телевизион намудани барномаҳои сершумор ба дастовардҳои назараси эҷодӣ ноил гардид. Ва ин натиҷаҳо ба ӯ имкон додаанд, барои таҳияи чунин китоб даст бизанад, ки бо завқу салиқаи ҳунармандии ӯ созгор омодаанд.
Ӯ дар маҷрои мусиқии классикӣ ва Шашмақом чун шиновари илму дониш ба қаъри он фурӯ рафту дурдона чид. Дар симои он шахсоне, ки ба шоҳасари халқи тоҷик Шашмақом хидматҳои арзанда ва тобанда карданд, бо меҳр, бо чашми дил нигаристу паҳлӯҳои эҷодиёти онҳоро ба м обоз беҳтару хубтар шинос намуд.
Аз зери назари Фурқат Саидзода дар китоби мазкур ному хидмати таърихии ягон ҳунарманд берун намондааст, зиёда аз ин, саҳми арзандаи шахсоне, ки баъзан бо сабабҳои гуногун номашон ба фаромӯшӣ рафта буд, аз нав мавриди зикр ва қадршиносӣ қарор гирифтанд.
Вақте саҳифаҳои китоби «Ворисони Шашмақом»-ро варақ мегардонем, гӯё бо он устодони санъат, он абармардони миллат, он хунёгарону мутрибони чирадаст рӯбарӯ мешавем ва ин маврид суханони яке аз донандагони санъати «Шашмақом», Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ба хотир мерасад: «Шашмақом, ки номи умумии мусиқии классикии халқи тоҷик аст, якбора ба ин шакли ҳозираи мукаммалшудааш нарасидааст, балки монанди ҳунар ва пешаҳои дигар бо хидмат ва ихтирои одамони бисёр, сарояндагон, навозандагон ва бастакорони зиёде такмил ётааст». Ҳамин нуктаро мо дар симоҳои ҳунарпешагони дар ин китоб гирдовардшуда мебинему дармеёбем.
Ҳарчанд муаллиф доир ба шарҳи ҳол ва вижагиҳои эҷодии онҳо муълумоти муҷаз меорад, вале бо зикри саҳифаҳои хидмати онҳо дар Ансамбли «Шашмақом» барои шинохти таърихи навини мусиқии тоҷик, давра ба давра ба ин олами ҳунари зебо дурдонае зам намудааст.
Бояд зикр намуд, ки асосан пажӯҳиши чунин кор ин пешаи олимон ва мусиқишиносон аст, аммо Фурқат Саидзода чун донандаи санъати «Шашмақом» ва шахси соҳибқалам дар давоми фаъолияти худ ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи санъат пардохта, тавонистааст хешро ҳамчун пажӯҳишгар низ муаррифӣ намоянд.
Ҷустуҷӯи муаллиф аз бойгонии Кумитаи телевизион ва радио ва сарчашмаҳо натиҷаи хуб ба бор овардааст.
Бовар дорем, ки китоби мазкур донишҳои моро доир ба ин шоҳасари мусиқии миллӣ мукаммал месозад ва умед аст, ки он китоби рӯимизии ворисони арзандаи Шашмақом мегардад.
Мо ба кори неку пурарзиши муаллифи китоб Фурқат Саидзода аҷр мегузорем ва ба корҳои минбаъдаи эҷодияш комёбиҳо хоҳонем.
Таҳияи Фарҳоди Салим, шуъбаи мукаммалгардонии фонд.