Ҳафтаи гузашта 1931 нафар 2904 китоб дархост кардаанд

Зарфи як ҳафтаи гузашта 1931 нафар ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаву 2904 китоб дархост кардаанд.

Зумрадбӣ Имомова, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон изҳор дошт, ки дар қиёс ба як ҳафтаи қабл 659 нафар хонандагон бештар вориди Китобхонаи миллӣ шудаанд.

Манбаъ афзуд, ки шумори китобҳои дархостшуда низ дар муқоиса ба ҳафтаи қабл бештар буд.

Раҳима Бобоева