Тафреҳ. Шеъри хубе аз Алиризоъ Бадеъ дар бораи тирамоҳ
Пойиз мерасад, ки маро мубтало кунад,
Бо рангҳои тоза маро ошно кунад.
Ӯ мерасад, ки аз паси нуҳ моҳ интизор,
Рози дарахти боғчаро бармало кунад.
Ӯ қавл додааст, ки имсол аз сафар
Андуҳҳои тоза биёрад, Худо кунад.
Ӯ мерасад, ки боз ҳам ошиқ кунад маро,
Ӯ қавл додааст ба қавлаш вафо кунад.
Пойиз ошиқ аст, ва роҳе намондааст
Ҷуз инки рӯзу шаб бинишинад дуъо кунад.
Шояд асар кунад, ва худованди фаслҳо
Як фаслро ба хотири ӯ ҷо ба ҷо кунад.
Тақвим хост аз ту бигӯяд баҳорро
Тақдир хост роҳи шуморо ҷудо кунад.
Хиш-хиш… садои пойи хазон аст, як нафар
Дарро ба рӯйи ҳазрати пойиз во кунад.
Алиризо Бадеъ