Мудирият ҳамчун илм ва санъат

Доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода мудириятро санъат ва имл медонад. Матлабе, ки ҳоло мехоҳем пешкаш кунем, аз китоби олими маъруф “Психологияи идоракунӣ” иқтибос шуд. Қисми аввали ин китоб соли 2018 чоп шудааст ва як дастури хуби илмӣ барои барои олимон, омўзгорон, муҳаққиқон, донишҷўён, роҳбарони муассисаҳо ва омаи васеи дилбохтагони илми психологияи идоракунӣ пешкаш шудааст.

Инак, порчаи интихошуда аз ин китоб:

ИДОРАКУНӢ ҲАМЧУН ИЛМ ВА САНЪАТ

Идоракунӣ ҳам санъати бостонӣ ва ҳам илми муосир маҳсуб меёбад. Идоракунӣ ҳамчун илм, аз лиҳози дониш ва методҳои худ пайваста инкишоф меёбад. Психологияи идоракунӣ ҳамеша дар ҷустуҷўи маълумоти нав дар бораи моҳияти таъсири инсон ба шахси дигар, гурўҳ ё ҷамъияти дигар, умуман ба хотири фаҳмидан ва шарҳи механизмҳои ҳамин таъсир ва шаклҳои нави беҳтар намудани он кўшиш менамоянд.

Психологияи идоракунӣ предмети таҳқиқи танҳо ба худ хос дорад ва қонунияти ташкили раванди идоракуниро дар муносибати байни одамон муайян намуда, асосҳои методии марбут ба объекти мушаххаси илмӣ, таҳияи система ва усулҳои таъсири фаъол ба объекти назорат, муайян кардани роҳҳои пешбинӣ ва дурнамои равандҳои таҳти омўзиш қарордоштаро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Тавсифи зуҳуроти психологӣ, ба низоми ягона даровардани он, қонунҳои муайян намудани муносибати байни онҳо, таҳияи хулосаҳои амалӣ ва тавсияҳо, яке аз вазифаи асосии психологияи идоракунӣ ҳамчун илм ба шумор меравад.

Психологияи идоракунӣ ҳамчун илм баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати кор дар низоми идоракунӣ, инчунин шароитҳои психологӣ ва хусусиятҳои хоси фаъолияти идоракуниро таҳлил менамоянд.

Раванди идоракунӣ тавассути фаъолияти роҳбарон дар самтҳои зерин татбиқ мешавад, ташхис ва пешгўии ҳолат ва тағйирот дар раванди идоракунии зерсохтори ташкилот, ташкили барномаи фаъолияти зертобеъон, фаъолгардонии фаъолияти худи роҳбар.

Психологияи идоракунӣ хусусиятҳои хоси шахсии роҳбарро меомўзад, ки ба он дохил мешавад: талабот ва қобилияти идоракунии он, афкори идоракунии инфиродӣ, аз ҷумла пешбинӣ, таҳияи нақшаҳои идоракунӣ, инчунин принсипҳои дохилӣ ва қоидаҳои назорати риояи онҳо, ҳамзамон, психологияи идоракунӣ роҳҳои ҳамкории роҳбаронро, ки дар дохили низоми иерархӣ қабул гардидааст, дастовардҳо, муайян намудани самаранокии он яъне дар маҷмўъ фаъолияти муваффақонаи низомро меомўзад.

Бо вуҷуди ин, идоракунӣ метавонад ва ҳамеша ба методҳои дедуктивӣ ва озмоишии маърифатӣ такя намояд, зеро зуҳуроти  омўзишро набояд аз таъсири шумораи  зиёди омилҳо ҷудо кард.

Идоракунӣ воситаи махсус-ҳисси пешгўӣ карданро (интуиция-гувоҳии дил) низ дорад. Албатта, гувоҳии дил падидаест, ки таҳти омўзиши донишҳои эмпирикӣ ва назариявӣ қарор дорад, вале механизми нотаҳои ба ҳалли дуруст овардаи он ва илҳоми шахс вобаста аст. Роҳбари хуб қобилияти дарки раванди идоракуниро дорад ва ин ўро ба қабул намудани қарори дуруст дар он вазъияте, ки хеле душвору ҳассос аст, водор менамояд.

Роҳбарӣ дар ҳама сатҳу дараҷаҳо дар алокамандии доимӣ бо муҳити иҷтимоии тағйирёбанда, одамони гуногун мегузарад аз ин рў, роҳбар бояд қарорҳои тасодуфӣ қабул накарда, дар асоси таҷриба ва ҳиссиёти худ қарори дуруст қабул намояд. Ҷустуҷўҳои эҷодии мувофиқ, қарорҳои ғайриоддӣ ба  хусусиятҳои санъати идоракунӣ таъсири худро мегузорад. Зиёда аз ин, як қатор олимони бузург ва муҳаққиқон, ба монанди Г.Кунц, С.О.Доннел ва дигарон, таъкид мекунанд, ки идоракунӣ ин пеш аз ҳама санъат аст. Ба андешаи онҳо “…раванди идоракунӣ санъат аст, ки моҳияти он истифодаи воқеии илм дар амал, (асосҳои ташкили дониш дар доираи идоракунӣ) дар ҳар гуна вазъият мебошад”. Вале ин санъат ба илм такя мекунад: “Гарчанде ки фаъолияти идоракунӣ-санъат аст, вале агар коршиносон онро дар асоси илми санъатшиносӣ дарк намуда, истифода баранд, ба натиҷаҳои назаррас ва самараноки ҳамкории гурўҳӣ дар ҷомеа пазируфта мешавад, метавон ҷасурона иброз намуд, ки идоракунӣ аз ҳама санъатҳо муҳимтар аст”.

Қариб дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсон, илм ва санъат ҳамдигарро инкор накарда, балки мукаммал мегардонанд. Дар натиҷаи фаъолияти гурўҳҳои гуногун аз ҷониби шахсони воқеӣ дар идоракунӣ ҳар гуна  роҳҳои ҳалли  масъалаҳо пешниҳод мешаванд, ки аз роҳбар созиши оқилона ва бо талафоти камтарин қабул намудани қарорро тақозо мекунад, ки он як зуҳуроти санъати роҳбарӣ аст. Сарфи назар аз он, ки на ҳама метавонанд ин санъатро аз бар намоянд, вале донистани санъати идоракунӣ, кўшиш ва истифода бурдани равандҳои муҳимтарину методҳои он-вазифаи ҷонии ҳар як мутахассис ва роҳбари ҳама гуна сатҳ мебошад.

Роҳбар шахсияти ғайриоддӣ буда, бояд соҳиби санъати муоширати баланд, маҳорати бовар кунонидан, муколама, ақли тезу фавқулоддаю эҷодкорона дар соҳаҳои гуногуни дониш бошад. Тавре, ки маълум аст, ў пеш аз ҳама бо мардум кор мекунад, бинобар ин бояд тамоми ҷузъиёт, ҳатто хурдтарини “мафкураи инсониро” донад ва соҳиби дониши васеи илмҳои психологию гуманитарӣ бошад.

Истилоҳи “санъат” ба маънои васеъ, нисбат ба ҳама гуна соҳаи фаъолияти инсон аз ҷумла, агар идоракунӣ моҳирона бо санъати том, ҳам ба маънои технологӣ ва ҳам дар маънои эстетикӣ иҷро карда шавад, истифода бурда мешавад. Санъат ҳамчун қобилият бадеҳатан, қобилияти баланди якҷоя намудани унсурҳои алоҳидаи дониш ва дарки комбинатсияҳои қаблан номаълум ташаккул меёбад. Дар баробари ин, хаёли эҷодиро инкишоф дода, ба худмуайянкунии маънавӣ ва худшиносиву худогоҳӣ имконият фароҳам оварда, завқи зебопарастию эътиқодҳоро ташаккул медиҳад. Агар санъат фаъолияте бошад, ки моро ба омўзиш ва амсиласозии олами иҳотакарда раҳнамун созад, пас, санъати роҳбарӣ бояд ба ин раванд ҷавоб диҳад. Чнки роҳбар бояд доимо ҳолатҳои воқеиро таҳқиқ намуда, вариантҳои қабули қарори дурусти идоракуниро эҷодкорона ба нақша гирад. Аммо ин як саъати махсус аст, зеро он дар худ дастовардҳои умумиҷаҳонии илми психология, мантиқ, риторика, ахлоқ, фалсафа, ҳуқуқ, инчунин усулҳои таъсир расондан ба шахсро дарбар мегирад.

Тайёр намудани қадрҳои идоракунандаи касбӣ яке аз сармояҳои хеле муфид буда, танҳо бо иҷрои ҳамин вазифа, мо метавонем ба сатҳи баланди дастовардҳои  иқтисодӣ ва ҳалли мусбати масъалаҳои иҷтимоӣ ноил гардем.

Хоҳишмандон китоби профессор Ҷумахон Файзализода “Психологияи идоракунӣ”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова, сармутахассиси шуъбаи тарғиб

ва барномаҳои фарҳангӣ.