Суратгузориш аз Рӯзи аввали оғози даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб астШояд ин рӯзро аксари довталабон, касоне, ки аз ноҳияву вилояту шаҳрҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта буданд, ҳамчунин волидайну устодону дигар пайвандонашон дергоҳ интизорӣ мекашиданд. Ва ниҳоят он фаро расид. Субҳи имрӯз шоҳиди манзараҳое хотирмоне шудем, ки ҳикоят аз таваҷҷуҳи бесобиқаи мардум ба китобу китобхонӣ мекард.

Касоне, ки имрӯз вориди Китобхонаи миллӣ шуданд, дар дил ҳазорон орзу мепарваранд ва шояд ҳамагон танҳо ба ин умед қадам ранҷа карданд, ки ҒОЛИБ МЕОЯНД.

Ҳар кас метавонад худро ғолиби ин озмун тасаввур кунад, чун марҳила ба марҳила ба даври ниҳоӣ расид. Роҳи расидан ба ин рӯз барои ҳамаи ин довталабон ҳамвору сода набуд.

Бас бехобиҳо кашиданд, даҳҳову садҳо китобҳоро хонданд, шеъру достон аз ёд карданд, маҳорати сухангӯӣ тамрин карданд, то аз суолоти устодони сахтгир хиҷолат накашанд ва буррову шунаво посух диҳанд.

Рӯзе оғоз шуд, ки ҳосили заҳмати яксоларо муайян мекунад: пурбор аст ё тиҳист.

Аммо ҳамагон ба ҳамин умеданд: ҒОЛИБ ХОҲАНД ОМАД!!!

Мо низ ҳаминро мехоҳем, ҳарчанд ҷойи ғолибият каму шумори талабгорон зиёд!

Расмҳоро бубинед ва тасаввур кунед, ки чӣ қалбҳое ҳоло метапанду ниҳоли орзу сабз мекунанд!