Андешаҳои иштирокчиёни хурдсоли “Фурӯғ” дар рӯзи аввали озмун

хурдсолИмрӯз аз тамоми гӯшаю канори кишвар довталабони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва қарор аст миёни ҳам рақобат карда онҳое, ки ҳақиқатан сазоворанд соҳиби мукофотҳо гарданд. Вобаста ба озмун, омодагии онҳо, суолҳои ҳакамон ва бо чанде аз онҳо суҳбат кардем.

Давлатқадам Муборакқадамов Яке аз иштирокдорони хурдсол аз ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Давлатқадам Муборакқадамов аст. Ӯ дар синфи 1 – ум мехонад ва то даври ниҳоии озмун зиёда аз 100 ғазал, 120 рӯбоӣ, 150 байт достон, 100 байт қасида ва дигар навъҳои шеъри аз бар намудааст.

Ба гуфтаи модараш ӯ худаш номинатсияи адабиёти клласиики тоҷикро интихоб кардааст ва  шавқу завқи аз барнамоии шеъру достонҳоро аз хурдӣ дар дил дошт ва касе ӯро барои китобхонӣ маҷбур намекунад.Давлатқадам дар суҳбат бисёр бо боварӣ гуфт, ки   ба суолҳои ҳакамон ба хуби ҷавоб дода метавонад.

Муҳаммадсиддиқ ФайзиддинзодаМуҳаммадсиддиқ Файзиддинзода хонандаи синфи 3 – юм аз ноҳияи Лахш ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омадааст. Муҳаммадсиддиқ дар номинатсияи адабиёти бачагона иштирок мекунад. Ӯ дар суҳбат ба мо гуфт, ки соли дуюм аст, дар озмун иштирок мекунам. Ӯ афсонаву тезгӯяк, зарбулмасалу чистон, ҳикоя ва даҳҳо рубоиву дубайтӣ азхуд кардааст. “Бори аввал ба Китобхонаи миллӣ омадам, инҷо хеле китобҳои зиёд доштааст. Бароям хеле писанд омад. Агар ғолиб оям бо маблағи озмун барои худам китоб мехарам”- бо ҳаяҷон гуфт Муҳаммадсиддиқ.

Дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон низ иштирокчиёни хурдсол хеле зиёд буданд ва онҳо бо забони русӣ низ метавонанд баромад кунанд. Васфия Алиёрова яке аз аввалин иштирокчиёни озмун буд, ки бо ӯ суҳбат кардем. Васфия аз ноҳияи дурдасти Шуғнон ба даври ҷамъбастиии озмун омадааст. Доварон баромади ӯро қаноатбахш гуфтаанд вале ӯ зимни суҳбат гуфт, ки  дар қироати баъзе порчаҳои шеърӣ аз ашъори адибони ҷаҳон мушкили кашидам. Васфия хонандаи синфи 4 – ум аст ва тасмим дорад соли оянда низ дар озмун ширкат намояд.

Нурангез СайдалиеваИштирокчии дигар аз ноҳияи Данғараи Вилояти Хатлон Нурангез Сайдалиева баъди баромадаш боҳаяҷон гуфт, ки натавонист аз ҷавобҳои додаи худ қаноатманд шавад. Ҳарчанд омӯзгор ва дигар ҳамроҳонаш аз баромади ӯ изҳорӣ қаноатмандӣ менамуданд. Нурангез дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик иштирок кардаву 34 рубоиву дубайтӣ, 250 байт навъҳои дигари шеърӣ ҳамчунин 20 ҳикоя, 4 повест ва 2 роман мутолиа кардааст.

Маврид ба зикр аст, ки имсол  шумораи иштирокдорони даври ниҳоӣ 547 нафарро ташкил дода, бо дарназардошти сину соли иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шумораи «Шоҳҷоиза»-и он аз 1 адад ба 4 адад зиёд гардид.

Ҳамчунин дар назар аст озмун то 23 ноябр идома карда, ғолибон бо диплом, ҷом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми аз 20 то 70 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шаванд.

Наргис НАЗАРЗОДА
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа