Маргарет Митчелл – адиби шуҳратёре, ки дар садамаи мошин ҷон бохт
Саду бистучаҳор сол пеш дар чунин рӯзе дар Атланта (иёлати Ҷорҷанияи ИМА) нависанда ва рӯзноманигори машҳури аҳли Амрико Маргарет Манерлин Митчелл (англ. Margaret Munnerlyn Mitchell) ба дунё омад. Ӯро бештар бо романи маъруфаш “Барбодрафта” мешиносанд. Адиб баъди ин достони пурмаънӣ, ки аз пурфурӯштарин асари замонаш буд, дигар чизе наофарид. Ин асар ба муҳимтарин мавзуи замон-ҷанги дохилии Амрико бахшида шуда буд. Роман барояш шуҳрат овард ва ҷоизаи “Китоби миллӣ”-ро дар соли 1936 ва ҷоизаи адабии Плутсерро дар соли 1937 аз худ кард.
Дар солҳои охир як маҷмуаи навиштаҳои даврони навҷавонии худро мунташир кард.
Падари Маргарет, ки дар ҷавонӣ орзуи нависанда шуданро дошт ва ба шарофати он кӯдакон дар фазои ҳикояҳо ва рӯйдодҳои аҷиби замони наздик ба воя расидаанд. Пас аз оғози таҳсил, вай аввал дар семинарияи Вашингтон таҳсил кард ва сипас дар соли 1918 ба Коллеҷи бонуфузи занонаи Смит (Массачусетс) дохил шуд.
Митчелл соли 1922, бо номи Пегги (лақаби мактабиаш), ба ҳайси рӯзноманигор кор карда, ба хабарнигори пешбари маҷаллаи «Atlanta Journal» табдил ёфт. Худи ҳамон сол вай бо Берриен Киннард Апшоу издивоҷ кард, аммо пас аз чанд моҳ онҳо ҷудо шуданд. Соли 1925 вай бо агенти суғурта Ҷон Марш издивоҷ кард.
Ҷароҳати пояш, ки соли 1926 гирифта буд, кори хабарнигорро номумкин мекунад ва ӯ аз кор меравад. Ҳаёти як хонуми маъмулии музофотӣ дар хона оғоз ёфт. Хонаи Маргарет аз дигар хонаҳо бо он фарқ мекард, ки он пур аз коғаз буд. Ин коғазҳо саҳифаҳои романи «Барбодрафта» буданд, ки аз соли 1926 то соли 1936 навишта шудааст. Ҳодисаҳои роман ба таври тасодуфӣ эҷод шуда, сипас якҷоя карда шуданд. Муҳаррири нашриёти бузург, ки ба Атланта омада буд, дар бораи ин дастнависи калон (бештар аз ҳазор саҳифаи чопӣ) хабардор шуд. Бо вуҷуди ин, Митчелл ба нашри китоб дарҳол розӣ нашуд (номи он дар аввал “Фардо рӯзи дигар аст” буд). Давоми як сол Митчелл матни асарашро таҳрир кард, ба ҷузъиёт ва санаҳои таърихӣ диққати махсус дод. Номиасар ба “Барбодрафта” (сатр аз шеъри Эрнест Доусон) иваз карда шуд.
Нашри китоб дар моҳи июни соли 1936 бо дастгирии бузурги таблиғотӣ, ки дар он худи Митчелл нақши фаъол дошт, сурат гирифт. Соли 1937 китоб ҷоизаи Пулитсерро ба даст овард. Ин роман харидорони сершумор пайдо кард. Худи Маргарет дар масъалаҳои марбут ба фурӯши роман, муқаррар кардани ҳуқуқу ҳисоб ва назорати нашрияҳо бо забонҳои дигар ба таври ҷиддӣ машғул буд. Бо вуҷуди дархостҳои сершумори мухлисон, Маргарет Митчелл китоби дигар нанавишт.
“Барбодрафта” танҳо дар ИМА 70 маротиба чоп шуд ва бо 37 забони олам тарҷума ва нашр шуд.
Виктор Флеминг аз рӯи ин асар бо ҳамин ном филм офарид, ки баъдан он 8 ҷоизаи “Оскар”-ро ба даст овард.
Маргарет Митчелро бегоҳии 11 августи соли 1949 вақте ки бо ҳамсараш ба тамошои филм мерафт, мошин зад. Ва баъди 5 рӯз дар бемористон дигар ба ҳуш наёмада аз олам гузашт. Ронанда Хю Грэвиттро то марги Митчелл боздошт карданд, вале бо гарави 5450 доллар озод шуд. Баъди марги адиб ронанда барои дар ҳоли мастӣ ронандагӣ кардан ва сабаби марги инсон шудан ҳамагӣ 18 моҳ аз озодӣ маҳрум шуд, вале баъди 11 моҳ ба озодӣ баромад. Соли 1994 дар синни 73-солагӣ даргузашт.
Маргарет Митчелл ҳамагӣ 48 сол умр дид. Шавҳараш баъди марги ӯ боз 3 сол зист ва аз олам гузашт. Ӯро низ паҳлуи ҳамсараш дар қабристони Окленд ба хок супурданд.
Таҳияи Сафаргул Ҳусайнова