Порсигӯёни Ҳину Синд. Мирзо Ҷалол Ибни Мирзо Муъмин Мутахаллис ба “Асир”
Мутаваффо ба соли 1049 ҳиҷрӣ, шогирди Фасеҳии Ҳиравӣ, иродатманди Соиб буд. Мазомини тоза дорад ва дар иншои шеър ниҳояти назокату ширинӣ ба кор бурдааст. Ба ақидаи Амир Шералихони Лудӣ, “маънии борикаш бар осмони алфози барҷаста ба ранги ҳилол гӯшаи абрӯй аз дур менамояд, арӯси фикраш нақди ҳушро аз муштариёни бозори сухан ба байъонагӣ мерабояд. Бонии бунёди хаёлбандисту хаёлбандони замони ҳолро ба пайравии ӯ сари ифтихори баланд аст”.
Девонаш муҳтавои қасидаву қитъа ва маснавию ғазал ва рубоиву тарҷеъбанд, қариб ба бист ҳазор байт аст. Аз фарти гардиши ҷом ва шароби мудом дар айни ҷавонӣ даргузашт.
Аз ӯст:
Олами амну амон гӯшаи майхона бас аст,
Ки на бим аст, на тарс аст, на бок аст ин ҷо.
**** ***** *****
Ноумедӣ сар ба сар уммед шуд охир, Асир,
Оқибат з-ин нахли беҳосил самар дидем мо.
**** ***** *****
Надид рӯйи замин ҷойи як дам осоиш,
Ҳубоб, рафт, бино кард хонақоҳ дар об.
**** ***** *****
Куфру дин, оқилу маҷнун ҳама расвои диланд,
Ҳар кӣ дидем дар ин оина, ғаммози худ аст.
**** ***** *****
Аз ғуборам осмонҳо сохтанд,
Беш аз ин афтодагӣ мақдур нест.
Тухми ҳуснат дар ҷаҳон пошидаанд,
Ҳирс агар бошад, гуноҳи мӯр нест.
Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли 2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.