Ҳусниаллоҳ Комилов: Агар ман барандаи озмун шавам…
Бешак баргузории ин озмун ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, баёнгари он аст ки имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон доираи васеъи мардум ба мутолиаи китоб таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, новобаста ба синну сол барои хондан ва аз бар намудани мероси адабиву илмӣ ва ба ин роҳ мусоидат дар ташаккули маънавиёт, тафаккури бадеӣ ва завқи зебоишиносии хеш саҳм мегузоранд.
Ҳусниаллоҳ Комилов хонандаи синфи 9 гимназияи рақами 4-уми шаҳри Хуҷанд мебошад. Бори ҷаҳорум аст дар озмуни ҷумҳриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз бар намудани осор адибони ҷаҳон иштирок мекунад. Зиёда аз 250 осори насрию назмӣ мутолиа кардааст. Ӯ гуфт ки пайваста кӯшиш дорад донишу малаки худро сайқал дода, оянда баҳри пешрафти ватани соҳибистиқлоламон саҳми арзанда гузорад.
Ҳусниаллоҳ зимни суҳбат бо мо як нуктаи муҳимро гуфт ки агар падару модарам маро дастгирӣ намекарданд, шояд то ин ҷо намерасидам, зеро онҳо бисёр кӯшиш мекунанд ки ман соҳиби илму дониш шуда, ояндаи худамро бисозам ва саҳм дар ободии ватани азизам гузорам.
Ӯ мегӯяд, ки айни ҳол бо забони тоҷикию русӣ озодона суҳбат мекунам ва дар оянда кӯшиш дорам то забонҳои дигари хориҷӣ ба мисли забонҳои англисӣ, немисӣ, чиниро аз бар намоям.
Ҳоло Ҳусниаллоҳ умед дорад, ки соҳиби ҷоиза мешавад ва мегӯяд ки агар ман дар ин даври финалӣ ҷой гирам, ҳатман маблағи онро ба падару модарам медиҳам, зеро онҳо медонанд барои ояндаи ман боз чи корҳо кардан лозим ва мо низ умед дорем ки Ҳусниоллоҳ соҳиби ҷоиза мегарданд.
Носирова Шавқинисо,
шуъбаи матбуоти даврӣ