Нарзулло Рафизода, нобиное, ки дар озмун ширкат мекунад, гуфт намехоҳам маро аз рӯи дилсӯзӣ баҳо бидиҳанд
Таи чанд рӯзи баргузории озмун шоҳид гаштем, ки дар баробари шахсони солим касони дорои нуқсонҳои ҷисмонӣ низ баробари онҳо дар ин рақобат ширкат меварзанд. Ин кор боиси аҳсану офрин аст, зеро одами солим имкон дорад ва бояд талош кунаду китоб бихонад. Аммо чун касе, ки маълул аст, бовуҷуд талош мекунад, ҷустуҷу мекунад, китоб дарёфт ва мутолиа мекунад, новобаста аз монеаҳо, ин қаҳрамонӣ аст. Басо одмони солиму аз ҳама ҷиҳат комилеро дидем, ки на ҳавсалаи китобхонӣ доранд, на дар фикраш ҳастанд.
Беҳуда нагуфтаанд, ки тақдир ба одам агар аз ҷое кам кард, онро ҷуброн мекунад, яъне агар нобино бошад, табиат ба ӯ ҳисси шунавоии қавӣ, ҳисси ломиса ё истеъдоде медиҳад. Аз ин рӯ миёни шахсони дорои миконоти маҳдуд истеъдодҳо зиёд ба назар мерасанд, овозхонҳои бузург ё ҳунармандони хуб. Онҳо қавӣ ҳастанду иродаи маҳкам доранд ва ба ҳар кор, ки даст бизананд, комёб мешаванд.
3 нафар хонандагони шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи имллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат доранд.
Яке аз онҳо донишҷӯи бахши якуми магистратура дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус Нарзулло Рафизода аст. Дар номинаи хондан ва аз ёд кардани осори адабони муосир имрӯз ширкат кард.
Ӯро дар шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ҳамроҳи ҳамтақдиронаш буд ва бо яке аз онҳо суҳбати гарме дошт. Суҳбаташонро буридаму худро муаррифӣ кардам. Баръакси интизори ман ором гӯш карду барои суҳбат изҳори омодагӣ намуд ва бисёр орому батамкин ба ҳар пурсиш посух медод. Албатта, суоле ҳам буд, ки беҷавоб монд. Ин суол он буд, ки падару модар дар ҷое кор намекунанд, пас зиндагиро чӣ тавр мечархонанд. Посух нагуфт.
Аз суҳбаташ маълм буд, ки бисёр босавод аст ва боодоб.
– Нарзулло то ҷое медонам бори аввал нест дар озмун ширкат мекунӣ. Чӣ туро барои ширкат дар ин сабқат ташвиқ мекунад?
– Соли дуюм аст дар ин озмун ширкат мекунам. Соли аввал то даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтам. Дилсард нашудаму мутолиа ва омӯзишро идома додам ва тавре мебинед комёб шудам, то даври ҷумҳуриявӣ расидам. Номинаи хондан ва аз ёд кардани осори адабони муосирро ба он хотир интихоб кардам, ки барои ман бештар осори насрӣ писанд аст. Чун дар онҳо ҳодисаву воқеаҳои имрӯз тасвир ёфтааст. Зиёда аз 30 роман, 47 повест, 120 ҳикоя ва беш аз 200 байт аз достонҳо аз бар кардам.
–Чӣ гуна тавонистӣ муваффақ шавӣ, ки то даври ниҳоӣ роҳхат бигирӣ?
– Соли гузашта 20 роман хонда будам. Имсол чанд роман аз қабили “Саройи санг”-и Ато Мирхоҷа ва “Гардиши девбод”-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадро хондам.
– Барои ман ҷолиб аст бифаҳмам чӣ гуна китобҳоро дастрас кардӣ?
– Китобҳоро дар шакли аудиоӣ гӯш мекунам. Баъзеҳояшро бо шарофати барномаҳои интернетӣ, аз тариқи шабаҳои интернетӣ. Агар ба шакли савтӣ дарёфт накунам, аз ягон кас хоҳиш мекунам, бароям мехонад. Мутаасифона, аксари китобҳои мавриди назарам бо ҳуруфи брайлӣ нестанд ё кам ҳастанд. Камбахтона, қариб ҳамаи китобхонаҳоро гаштам, романи “Шӯроб”-и Раҳим Ҷалилро пайдо карда натавонистам, на дар шакли электронӣ на дар шакли овозӣ, на дар шакли чопӣ.
Дар Китобхонаи миллӣ ва ҳам дар китобхонаи Лоҳутӣ дастрас накардам. Ин боси шуд, ки ман дар рӯйхати асарҳои пешниҳодкардаам ин романро ворид карда натавонистам.
Боз кадом китобро пайдо карда натавонистӣ?
– Китоби Фотеҳ Ниёзӣ “Вафо”. Пайдо карданаш мушкил буд, лекин пайдо кардам. Дар ҷустуҷуяш бисёр танқисӣ кашидам, лекин шакли электронии китоб дастрасам шуд. Ҳарду қисми романро ба пуррагӣ гуш кардам.
–Китобро кӣ бароят мутолиа мекунад?
Бародарам, ҳамсабақон. Аз адбиони тоҷики замони Шуравӣ устод Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ ва Сотим Улуғзода писандам ҳастанд. Осори адбиони имрӯз “Саройи санг”-и устод Ато Мирхоҷа ва “Занони Сабзбаҳор”-и устод Гулрухсор бештар хушам омад.
-Гуфтӣ устод Садриддин Айниро дӯст доштӣ. Чанд китоб аз ӯ хондӣ?
– Аз устод Садриддин Айнӣ 10 асар хондаам. “Ёддоштҳо”, “Ғуломон”, “Дохунда”, “Одина”, “Ятим”, “Марги судхӯр”, “Темурмалик”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Амади девбанд” ва “Мактаби куҳна”.
– Ишқи китобхонӣ кай ба суроғат омад?
– Аз овони хурдӣ хонданро дӯст медоштам. Дар синфи 2-3 ба хондани романҳои бузург шавқ доштам. Ҳамон вақтҳо аз радио хониши бадеӣ буд ва қисм-қисм пахш мешуд. Бо ишқи бепоён гуш мекардам. Ин кор шавқи китобхониамаро бедор кард ва ба ҷустуҷӯи китобҳо афтодам.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.