Маҳфили “Ҳамешабаҳор” ва Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

ҲамешабаҳорШиркаткунандагони Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” лаҳзае фориғ аз сабқат дар озмун худро миёни гулҳои тару тоза ва майсаву сабзазори маҳфили басо ширину шавқовари “Ҳамешабаҳор”-и Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш заданд. Чӣ лаҳзаи гуворо, чӣ имкони хубе, ки шоир барои иштирокдорони озмун фароҳам овард.

ҲамешабаҳорОнҳо имрӯз дар ин маҳфил аз ҳама гӯшаву канори кишвар ҷамъ омада буданд: аз Суғду, Зарафшону Бадахшону Хатлону Рашт…Ва ҳамагӣ касоне буданд, ки шояд кайҳо ширкат дар маҳфили машҳури адабии “Ҳамешабаҳор”-ро орзу мекарданд. Ва ҳоло шоир ин орзуро барояшон ҷомаи амал пӯшонд. Маҳфилро дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ташкил кард, то ҳамагон тавонанд дар он озодона ширкат кунанд.

Бинои Китобхонаи миллӣ имрӯз саҳнае дорад, ки дар тасвираш қалам оҷиз аст. Аз гӯшаву канори кишвар дӯстдорони каломи бадеъ ҷамъ омаданд, то атрофи адабиёт, шеъру шоирӣ, назму наср ба баҳс нишиннад, сабқат кунанд, ғолиб оянд ва бо дипломи ғолибӣ ба макони зисти худ баргарданд.

Ва ҳаминҳо буданд меҳмонони маҳфили “Ҳамешабаҳор”.

ҲамешабаҳорХушо ба ҳоли шоире, ки мизбонии шукуфаҳои адабиётро ба уҳда дорад. Мизбону пазирои касонест, ки садҳо километр роҳро тай карда, ба пойтахт омаданд, то ширкаткунандаи даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ бошанд. Шояд бехабар аз он ки меҳмони чунин як маҳфили зебову диданиву шавқовар мешаванд.

Гумон мекунем барои ҳар кадоми онҳо ин маҳфил таъсири ногуфтанӣ ба ҷо гузошт.

Мавзуна Орумбекова