Вилҳелм Гауф: Нобиғаи 24-солаи олами адаб
Тақдир ба афсонанависи машҳури олмонӣ Вилҳелм Гауф вақти хеле кам дод, то тавоноии шахсияти эҷодкори дорои тахайюлоти аҷиб ва истеъдоди эътирофшудаи ўро ошкор кунад. Нависанда дар тӯли умри кӯтоҳи худ тавонист дар жанрҳои гуногун нависад, дар адабиёти олмонии асри XIX ҳамчун муаллифи шеърҳо, романҳо, ҳикояҳо ва афсонаҳои дар саросари ҷаҳон машҳури худ нақш гузорад.
Вилҳелм Гауф 29 ноябри соли 1802 дар Олмон ба олам омадааст. Оила дар Штутгарт зиндагӣ мекард ва мавқеи намоёни иҷтимоӣ ва ҷамъиятиро соҳиб буд. Падари нависандаи оянда Август Фридрих дар Вазорати корҳои хориҷӣ вазифаи руҳониро ишғол мекард. Модараш Ядвига Вилҳелмина Элсаэссер – ашрофзода аз Элзас, аз як минтақаи таърихии Фаронса буд, ки он аз асри 17 сар карда, мавриди ҷангҳо ва низоъҳои сиёсӣ буд.
Вилҳелм давраи кӯдакии худро миёни се бародару хоҳар ва инчунин амакдухтараш Луиза гузаронидааст. Вақте ки ў 7-сола буд, Август Фридрих ногаҳон аз олам даргузашт ва Ядвига кӯдаконро гирифта ба Тюбинген, мулки падари худ, ки бо сатҳи баланди таҳсилот ва интихоби васеи муассисаҳои таълимӣ машҳур буд, кӯчид. Шаҳри нав, ки бо фазои зебову манзараҳои ошиқонааш фарқ мекард, наврасро мафтун кард ва ба ҷаҳонбинии ӯ таъсир расонд.
Гауф хонданро пеш аз ба мактаб рафтан ёд гирифт, ў вақти худро ба мутолиаи китобҳои классикони адабиёти ҷаҳонӣ, ки дар китобхонаи қадимии бобояш хеле зиёд буд, мегузаронд. Ба Вилҳелм махсусан романҳои саргузаштии насрнависи машҳури шотландӣ Волтер Скотт ва афсонаҳои фолклоршиносони олмонӣ Якоб ва Вилҳелм Гримм таъсир гузоштанд. Сужаҳои китоб ба умқи дили кўдак роҳ ёфта, бо хаёлҳои худи ў омехта мешуданд ва ин ҳама асоси афсонаҳои аввалинаш гаштанд, ки пеш аз хоб ба бародарону хоҳарони хурдсолаш нақл мекард. Модар Гауфи ҷавонро барои таҳсил ба мактаби калисои назди дайр фиристод ва умедвор буд, ки як насли оилаи ашроф дар ниҳоят коҳин мешавад ва дар таърихи оилаи баландмартаба саҳифаи нав менависад.
Вилҳелм навраси итоаткор буд ва ба иродаи волидайнаш муассисаи таълимиро хатм карда, ба қадимтарин донишгоҳи Тубинг дар риштаи фалсафа ва илоҳиёт дохил шуд. Вилҳелм донишҷӯи боғайрат буд, назарияро ба таври комил аз худ кард, аммо бо вуҷуди ин доктори ҷавони илмҳои илоҳиёт, дар оилаи барон Эрнст Юген фон Хогел ба ҳайси муаллими оилавӣ ба кор рафт.
Чанде пеш аз ин, соли 1824 Гауф маҷмуаи ашъори «Сурудҳои ҳарбӣ ва халқӣ»-ро беном нашр кард, ки дар он асарҳои фолклории романтикҳои олмон ва 2 шеъри эҷодкардаи ў гирд оварда шудаанд. Ҷавон ба адабиёт майл дошт, аммо набудани маблағ ӯро маҷбур кард, ки дар хонаи як ашрофзодаи сарватманд фаъолияти омӯзгориро идома диҳад.
Вилҳелм ҳангоми тарбияи фарзандони фон Хёгел имконият пайдо кард, ки оламро бубинад. Вай ба якчанд шаҳрҳои Олмон, аз ҷумла ба ватани бародарон Гримм, Кассел сафар карда, баъд ба Фаронса ва Белгия рафт. Гауф таассуроти сафарҳояшро ба шакли адабӣ навишта, онҳоро бо сужаҳои афсонавӣ пурра намуд ва соли 1826 дар «Солнома» барои кӯдакони табақаи ашроф 8 ҳикояи афсонавӣ нашр кард.
Солҳои аввал Гауфф эҷодиёти худро бо номҳои номаълум нашр мекард. Дар паи як ду шеър, нависандаи ҳавасманд 2 асари тақлидӣ эҷод ва нашр намуд, ки тарз ва услуби муаллифони муосири немисро масхара мекунад. Яке аз онҳо «Иқтибосҳо аз «Ёддоштҳои Шайтон», ки тақлид ба Эрнст Теодор Амадей Ҳофман буд, номаълум монд ва дуюми бо номи «Одам аз моҳ ё таппиши дил садои тақдир» боиси ҷанҷол шуд, ки баъдан номи аслии муаллифи романи тақлидӣ ошкор гашт.
Сабаби хашму ғазаби мардум ва мурофиаи судии минбаъда дар он буд, ки Вилҳелм дар асар аз имзои нависандаи маъруфи олмонии он замон Ҳенрих Клаурен истифода карда буд. Муаллифи ҷавон бо хашм услуби пурталотум ва сужаҳои маъмулии ҳамкасбашро масхара карда, маҷбур шуд, ки ба унвони ҷуброни таҳқир 50 талер (тангаи нуқра) пардохт кунад.
Вилҳелм бо чунин тарзи аҷиб машҳур шуда, ба эҷоди романи аслии таърихии “Лихтенштейн” оғоз кард Асар дар бораи саргузашти қаҳрамонони давраи ҷанги деҳқонон буд, ки дар нимаи 1-уми асри XVI Олмонро забт кардаанд.
Як далели ҷолиб ин аст, ки китобе, ки ба хонандагон писанд омад, баъдан дар меъморӣ ҷовидон шуд. Бар асоси тавсифи Ҳауф, ҳаводори ӯ гертсог Вилҳелм фон Урах соли 1840 дар харобаҳои қалъаи оилавӣ дар Баден-Вюртемберг дар ҷанубу ғарби Олмон қалъаи Лихтенштейнро бино кард.
Баъди ба табъ расидани роман назари ҷомеа ба нависандаи ҷавон ва асарҳои вай дигар шуд. Афсонаҳои нависанда, ки аз соли 1826 то 1828 нашр шудаанд, маъруфият пайдо карда, Гауфро ба яке аз маҳбубтарин муаллифони олмонӣ табдил доданд. Сарфи назар аз он, ки афсонаҳои ҷодугарӣ кӯдакони хурдсолро мафтун карда, ба ваҳшат меоварданд, дар баробари ин, кўдаконро бо дунёи пур аз некиву адолат ошно карда, бепарвоӣ ва бадкирдории одамони бераҳмро маҳкум мекарданд.
Ҳамин тавр, дар «Қиссаи Муки хурдакак» Гауф дар бораи сарнавишти писарбачаи танҳое, ки ҷодугар ўро ба зиштрў табдил дода, дар ҷустуҷўи некиву некўкорӣ дар дунё саргардон мекунад. Ва дар афсонаи дигаре бо номи «Дили сард» муаллиф қаҳрамонеро офаридааст, ки ҳиссиёти худро гум карда, роҳи бераҳмию бепарвоиро пеша мекунад.
Даҳшатноктарин достонҳои Гауф «Достони киштии арвоҳ» маҳсуб мешуд, ки ба достони бо номи «Корвон» дохил карда шудааст. Нависанда дар он манзараи даҳшатангези кушта шудани роҳиби бегуноҳро аз тарафи роҳзанҳо тасвир карда, ҳамчун ҷазо қаҳрамононро барои ҷинояти мудҳиш ба азоби абадӣ гирифтор мекунад.
Ин асар ҳамроҳ бо “Қиссаи лаклаки халифа” ва “Наҷоти Фотима” пур аз лаззати шарқӣ ва ҳикмати дунявӣ буда, баёнгари он аст, ки инсон барои гуфтору андеша ва кирдораш масъул аст.
Соли 1827 дар Олмон дуюмин «Солнома барои писарон ва духтарони табақаҳои ашроф» нашр шуд, ки дар он 9 афсонаи Ҳауф дохил шудааст. Намунаи барҷастаи афсона аз «Солнома”-и дуюм афсонаи «Биникадуча» буд, ки дар бораи ҳаёти писарбачаи сеҳршудае нақл мекунад, ки маҳорати ошпазӣ дошт ва бо вуҷуди намуди нафратангезаш дар дарбор машҳур буд. Ин асар дар Олмон ва дар тамоми ҷаҳон он қадар маъруфият пайдо кард, ки асоси намоишномаҳои театрӣ, филмҳо ва филмҳои тасвириро ташкил дод, аммо яке аз охирин асарҳои дар замони зиндагии муаллиф нашршуда ба шумор мерафт.
Дар маҷмӯъ, Гауф тақрибан 20 афсона, 2 роман ва 11 ҳикоя навиштааст. Шеърҳояш ба сурудҳои халқӣ табдил ёфтанд, эҷодиёти бачагонааш ба таърихи классикони адабиёти немис дохил шуд.
Дар бораи ҳаёти шахсии Вилҳелм Гауф маълумоти кам мавҷуд аст. Тарҷумаиҳолнависон нависандаро марди хушбахт медонистанд, ки бар хилофи анъанаҳо ба духтари дўстдоштааш издивоҷ кардааст, на бо мувофиқаи хешовандон. Интихоби ӯ духтарамакаш Луиза буд, ки достонҳои ўро аз хурдӣ гўш мекард ва меписандид. Луиза ба ин издивоҷ дарҳол розӣ шуд ва ҳамин, ки Гауф ба вазифаи муҳаррир дар нашрияи ҳаррўзаи «Барги субҳ» ба кор даромад, ҷавонон оиладор шуданд ва бо якдигар хеле кам, вале хушбахтона умр ба cap бурданд.
10 ноябри соли 1827, чанд моҳ пас аз тӯй, Луиза духтаре таваллуд кард, ки ба ифтихори падараш Вилҳелмина номаш карданд.
Дар соли 1827, Гауф дар болои романи нав кор мекард, ки он бояд идомаи услубии «Лихтенштейн»-и маъруф бошад. Муаллиф барои дарёфти мавод барои асари нав ба кӯҳҳои Алп роҳ пеш гирифт, аммо дар роҳ бемории шадид маҷбураш кард, ки сафарро қатъ кунад.
Дар хона нависанда худро беҳтар ҳис кард ва аҳли оила ба зуд шифо ёфтанаш умед доштанд. Чанд муддат ҷисми ҷавон бо сироят мубориза бурд, аммо ба фишори вируси марговар тоб оварда натавонист.
Таҳияи Сафаргул Ҳусайнова