Суҳбат бо довталаби 75-сола, ки 18 ҳазор байт азхуд кардааст

 

Ҳасан ТурсунбоевҲасан Турсунбоев омӯзгори коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тибии Хатлон дар ноҳияи Данғара буда, соли 5-ум аст, ки ба қавли худаш барои амалӣ кардани амри Ҷаноби Олӣ, Президенти фарҳангдӯсти миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳиссаи худро дар ин озмун мегузорад. Ҳасан Турсунбоев 75 сол дошта, 32 роман, 43 повест, 28 асари драмавӣ, 18 ҳазор байт аз адибони муосири тоҷик ва 1639 байт аз фолклор ва эҷодиёти шифоҳии минтақаи Кӯлобу Суғду Дарвоз хондаву азбар кардааст.

Ӯ китобҳои аз замони кӯдакиву наврасӣ ва ҷавонӣ хондаашро ҳисоб накардааст, танҳо китобҳои мутолиакардаашро барои озмун номбар кард.

Ҳадафи ширкат дар озмун ба маънавиёту адабиёту фарҳанги миллати худ хубтар шинос шуданаш будааст. Он чизҳое, ки аз худ кардаам, онро ба шогирдон талқин намуда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, нангу номусдорӣ, ҳидоят карданро мақсади наҷиби худ медонам, гуфт ӯ ва илова кард:- Фармудаанд, ки инсон аз гаҳвора то гӯр бояд дониш биомӯзад. Дониш омӯхтанро яке аз вазифаҳои муқаддаси худ мешуморам.

Мусоҳибамро дар роҳрави бинои Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгои иҷроияи Президенти Тоҷикистон дучор шудам. Суҳбатамон атрофи ширкаташ дар озмун сурат гирифт ва аз ӯ пурсидам, ки фикри ширкат дар ин рақобат кай ба зеҳнаш омад.

– 5 сол пеш як шогирдам, ки раиси маҳал аст, аз ман хоҳиш кард, ки дар озмун ширкат кунам.

Аз назари шумо таваҷҷуҳи ҷавонон ба китоб чӣ гуна аст?

– Солҳои охир таваҷуҳи ҷавонон ба китобхонӣ хеле зиёд шудааст. Ин шаҳодати он аст, ки миқдори довталабони озмуни “Фурӯғ” аз даври аввал то даври ниҳоӣ бисёр аст. Ин довталабон фарҳангӣ ҳастанд, бомаърифат ҳастанд, шумори китобхонҳо месазад аз ин ҳам бештар бошанд, зеро китоб як манбаи тарбияи ватандӯстии инсон аст, муҳаббатро нисбат ба Ватан маҳз тавассути хондан инсон пайдо карда метавонад. Аҳли ҷомеа чӣ қадар ба китобхонӣ шавқу ҳавас дошта бошад, ҳамон қадар шахсони саодатманд ва номбардори Ватани азизамон меафзояд. Имрӯз бисёр хурсандам, ки ҷавонони мо дар озмунҳои гуногуни ватаниву ҷаҳонӣ ширкат намуда, пирӯз мешаванд ва парчамбардори миллати худ ҳастанд.

-Чӣ гуна ин қадар китобҳои хондаатон дар ёдатон боқӣ мемонад?

– Синну сол барои дар хотир нигоҳ доштани ҳамаи хондаҳо имкон намедиҳад. Ба ин хотир мутолиакардаҳоямро дар дафтарҳоям сабт намудаам, ки такрор кунам ва ба шогирдон таълим диҳам.

Чӣ қадаре ки ҷавонони мо босаводу хирадманд бошанд, китобхон бошанд, бо роҳи накӯи инсонӣ мераванд ва ин бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки мардуми ориёии мо тамаддунофар аст, илмдӯст аст, китобдӯст аст, дар роҳи маърифат кӯшиш менамоянд.

-Нақши озмунҳодар ҷомеа чӣ гуна аст?

– Китоб раҳнамои зиндагӣ аст. Китоб чароғи нурафшони ҳаёт аст. Пешравии одам, инкишофи ақлонӣ ва тамаддуни одам ба китобхонӣ сахт марбут аст. Чӣ қадаре ки мо ба китоб рӯ биёрем, ҳамон қадар садоқати мо ба Ватан зиёд мегардад, сидқан барои халқу миллат хидмат мекунем, масъулияти ватандории худро эҳсос мекунем ва худро парчамбардори ин диёри биҳиштосои худ меҳисобем. Имрӯз воситаҳои иттилоотӣ ва интернет ҳамаро пахш кардаст, аммо он кайфияту ҳолатеро, ки китоб ба одам мебахшад, чизи дигар бахшида наметавонад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ифротиён, терористон, нооромсозони ҷомеаи мо ҷавонони белаёқат, бедониш, бе таҷрибаи рӯзгорро фирефта мекунанд, ба дом меафтонанд ва охир онҳо пушаймон ҳам шаванд, суд надорад.

-Китобҳоро чӣ гуна дастрас мекунед?

– Хушбахтона, ман баъди соли аввали ширкат дар ин озмун дар хонаам китобхона ташкил кардам, ки шумори онҳо зиёда аз 640 адад аст. Онҳоро худаму наберагону фарзандон мехонем ва онҳоеро низ ки ба китоб завқу ҳавас доранд, ба китобхонӣ ҷалб кардаам. Зеро китоб боигариест, ки моро ба таърихи гузаштаи худ ошно месозад, ояндаи моро равшан мекунад. Барои он ки ҳиссагузорӣ дар ҷомеа дошта бошем, мавқеи худро дошта бошем, рӯ ба маърифату фарҳанг биёрем, зеро халқи бефарҳанг, бемаърифат, оқибат мавҷудияти худро аз даст медиҳад.

-Ба ҷавонон чӣ муроҷиат доред?

– Китобро сарчашмаи маърифат, хушахлоқӣ ва одамият донанд ва ба китоб рӯ биёранд, аз китоб тарзи пеш бурдани зиндагиашонро омӯзанд. Ба ҷавонони азиз муроҷиат карданиам, ки дар Соли маърифати ҳуқуқӣ аз ҳуқуқу вазифаҳои худ дифоъ карда, ба таҳсил сидқан машғул шаванд ва сиёсати фарзонафарзанди миллат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ карда, дар атрофи сиёсати ӯ муттаҳид шаванд.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.