Китоби нав. Шамси Араб: «Дар оинаи таърих»
Тавре аз номаш пайдост, ин кито дар мавзуи таърих иншо шудааст. Адиб дар асоси маъхазу сарчашмаҳои зиёди таърихӣ муборизаи қаҳрамононаи халқи тоҷикро баҳри ҳимояи марзу буми Ватан ва истиқлолхоҳиву озодипарастӣ дар гузаштаи дури таърих ба тасвир гирифтааст.
Шамсиддин Арабов (Шамси Араб) соли 1959 дар деҳаи Қурбоншаҳид (ҳоло Меҳробод)-и ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Хатмкардаи мактаби миёнаи рақами 4-и зодгоҳаш аст.
Дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи устод Айнӣ) таҳсил кардааст. Муддате ҷонишини директор МТМУ-59, баъдан мушовири шуъӣаи маорифи ноҳияи Восеъ будааст.
Узви Иттифоқи журналистон, Аълочии маорифи ҶТ.
Аз ин пеш китобҳояш бо номҳои “Ёдномаи таърих”, “Дар остонаи Ҳулбук”, “Парвози уқоб”, “Фурӯғи маърифат”, “Самараи умр” чоп шудаанд.
Тавре Урумбой Назримадов дар сарсуханаш ба китоб анвиштааст, китоби нави адиб фарогири қисса ва ҳикояҳои таърихӣ мебошад. Ҷавҳари қисса ва ҳикояҳоро муборизаи ҷавонмардони асили сарзамини Хатлони кӯҳан баҳри ҳимояи марзу буми Ватан ташкил медиҳад, ки адиб бо рангу бори бадеӣ, истифодаи нуқтасанҷонаи сухан симои қаҳрамонҳои худро ҳамчун ватандӯсте, ки ҳар зарраи хоки кишварашро муқаддас медонаду барои он ҷонфидост, хеле устокорона ба риштаи тасвир кашида.
Хонандагон китоби “Дар оинаи таърих”-ро метавонанд дар Китобхонаи милли мутолиа намоянд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.