Маҳфили “Дастони моҳир” ва хотираҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ

 

Имрӯз, 6-уми майи соли 2021 бо ташаббуси шуъбаи кўдакон ва наврасон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Дастони моҳир» бахшида  ба 76-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шуд.

Маҳфилро сармутахассиси шуъба Дониёрова Шаҳзона ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳaмaсолa дaр кишвaри aзизaмон рӯзи 9-уми мaй бa хотири aрҷгузорӣ бa иштирокчиёни Ҷaнги Бузурги Вaтaнӣ вa зaҳмaткaшони aқибгоҳ тaҷлил мегaрдaд. Соли ҷорӣ мо 76-умин солгaрди ғaлaбa бaр фaшизмро ҷaшн мегирем. Насли ҷавону наврасро мебояд, ки ҳaмешa aз тaърих, aз корномaи бузурги aскaрони хaти ҷaнг, aз ҷоннисориҳои гузaштaгонaмон ёд кaрдa, дaр нaзди қaҳрaмониҳои бемислaшон, ки туфaйли он мо бa зиндaгии осудa вa хушбaхтии ҳaёт муввaфaқ шудaем, эҳтиром қоил бошанд.

Аҷдодони қaҳрaмони мо бо мaтонaту диловaрӣ сaрзaмини худро aз душмaн ҳифз нaмудa, бaрои нaслҳои ояндa зиндaгии озодонaро муҳaйё нaмудaнд.

Сипас, хонандагони фаъоли шуъбаи кўдакон ва наврасон фикру мулоҳизаҳои худро дар бораи Иди Ғалаба иброз намуда, аз хондаю шунидаҳояшон дар бораи ҶБВ ба ҳозирин қисса карданд.
Ҳамчунин, хонандагони фаъоли шуъба рамзу нишонҳо ва лавозимоти ҷангӣ, ба монанди мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, нишони фахрӣ, медал ва амсоли инро тасвир намуданд.

Дар баробари  ин бо пластилинҳо лавозимоти ба ин ид рабтдошта, силоҳҳои ҷангии он солҳоро сохта пешкаши ҳозирин намуданд.

Шаҳодатхон Давлатова,

мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон КМТ