Шукронаи Икромиддин ба хотири омӯзгор шудан дар озмун ширкат кард!
Шукронаи Икромиддин хонандаи синфи 10-и мактаб-интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор имрӯз дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сазовори ҷои ифтихорӣ гарддид. Ӯ нобиност ва бо модараш ба Китобхонаи миллӣ омада, дар маросими супоридани Сипосномаҳо ширкат варзид. Модараш дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки Шукрона ба хотири ба донишгоҳ дохил шудан дар озмун ширкат варзид.
Мақсади ин наврас ин аст, ки ғолиб биёяду номи диёр, номи падару модар вамактабашро баланд бардорад. Шукрона дар таътили тобистона 136 асар ва 130 ғазал аз бар кардааст. Албатта, китобҳоро барояш модар ва устодаш Мунира Қодирова мутолиа кардаанд.
Соли аввал аст, ки ин довталаб дар номинои адабиёти муосир ширкат варзид ва маҳораташро санҷид. Ҳарчанд ба гирифтани ҷойҳои якуму дуюм сазовор нагардид, ноумед нест ва соли дигар инз муборизаро баҳри ғолибият идома медиҳад, зеро ӯ ҳадаф дорад: ОМӮЗГОР ШУДАН!
– Китобҳоро бароям хонданд ва ман гӯш кардам,шеърҳои зиёд аз ёд бар кардам, на танҳо ғазал ва дигар навъҳои шеърӣ, 1-2 романро савтӣ гуш кардам.
Ӯ аз айёми кӯдакӣ шеър хонданро дӯст медошт, ин шавқу ҳаваси ӯро дида муаллимаш тавсия дод ба озмун биравад.
Ҳамин тавр ӯ аз соли гузашта ба озмун омодагӣ дид ва бештар дар таътили тобистона ба хондани китобҳо оғоз кард.
Ӯ ҳангоми суҳбат иброз дошт, ки китобҳоро як бор барояш мехонанд, дар ёдаш меистад. Ӯ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки китобҳо ба хати брайлӣ баргардон нашудаанд ва бинобарин натавонист китобҳоро худаш бихонад.
Аз миёни китбҳои хондааш китоби “Дар орзуи падар”-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзоев бештар писандаш омадааст ва онро 2 бор хондааст.
-Аслан ҳамаи асраҳои Кароматулло Мирзоевро дӯст медорам, мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.