Китобе аз таърихи парчаму парчамдории миллат
Ин китоб соли 2015 бо номи “Парчам” зери назари Анвар Асозода чоп шудааст. Муаллиф Иброҳим Пирназарзода талош кардааст нигоҳи илмӣ ба таърихи парчаму парчамдории миллати куҳанбунёди тоҷик андозад ва ба ин нукта таъкид кунад, ки чаро Парчам барои мо муқаддас аст.
Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи беш аз 4000-сола дорад.
Таърихи парчам ва маънои унсуру аломатҳои дар он ифодашуда солҳост, ки мавриди омўзиши муҳаққиқон қарор дорад. Воқеан, донистани мазмуну муҳтавои парчам, шаклу маъно ва ишораҳои дар он таҷассумёфта дунёи ботинии инсонро рангину ғанӣ мегардонад.
Дар давраҳои гуногуни давлатдории халқу миллатҳои сайёра арҷгузорӣ ба парчам ба тарзу усулҳои хос сурат мегирифт. Шакли парчамҳо вобаста ба тағйирёбии сохти давлатдорӣ дигаргун шуда, унсуру аломат ва рангу тарҳи онҳо бо талаботи давру замон мутобиқ гардонида мешуданд. Вале моҳият, муҳтавои парчам ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, ифтихори миллӣ ва арзиши фарҳангӣ ҳамеша бетағйир боқӣ мондааст.
Китоби мазкур кўшише дар самти баёни баъзе паҳлуҳои рисолати парчамдории тоҷикон ва муаррифии мақому манзалати Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон мебошад.
Аз китоби мазкур оид ба мафҳуми парчам ва дигар муродифҳои он, муҳтавои суханрониҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаҳои ҳуқуқии рамзҳои давлатӣ, мазмун ва маънои баъзе шаклҳои барқароршудаи парчамҳои милливу давлатии тоҷикон ва мавқеи ҷаҳонии парчам маълумот пайдо хоҳед кард.
Муаллиф дар сарсухани китоб аз ҷумла овардааст, ки инсоният дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ифодаи маром ва ҳадафҳои хеш рамзҳои гуногунро эҷод ва корбаст намудааст.Зарурати таърихӣ инсонро водор кардааст, ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкори гузаштагони худ ишора, аломат ё рамзеро истифода намояд. Яъне, рамзҳо як навъ ифодагари орзуву омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо мебошанд.
Ба маънии дигар, рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам ва нишон лавҳаи хурдшудаи таърихи давлату миллат буда, ҳамзамон эътиқоду боварӣ ва мояи ифтихору сарбаландии халқу миллатҳо ҳастанд.
Аслан, истилоҳи рамз дар фарҳангҳои тоҷикӣ ба маънои сухани дорои маънои пўшида буда, фаҳмонидани матлабе бо истифодаи чашм, лаб, абрў ва ғайра мебошад. Ё ба ибораи дигар, рамз ифодагари имову ишора ва нишонаи махсусест, ки матлабро мефаҳмонад. Аз ин ҷо бармеояд, ки рамзҳои давлатӣ бояд бо мазмуну мундариҷаи худ матлаби давлатдориро ифода намоянд.
Рамзҳои давлатӣ дар ойини давлатдории бештари кишварҳои олам аслан сегона қабул гардида, аз парчам, нишон ва суруди миллӣ иборатанд. Айни замон дар байни мардуми мо забон ва асъори миллиро низ ҳамчун рамзҳои давлатӣ номбар мекунанд. Вале, тавре ки дар Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас шудааст, рамзҳои давлатӣ парчам, нишон суруди миллӣ мебошанд. Воқеан, парчам таҷасумгари таърихи халқу миллат буда, такмили шакл ва ранги он ба давраҳои таърихӣ ва ҳаводиси бавуқўъомада алоқаманд аст. Баъзе парчамҳо чандин асрҳост, ки бо тағйири шаклу ифодаҳои маънӣ ба халқу миллатҳо хизмат мекунанд. Вале ин тағйирот низ ҷузъӣ ва аз рўи зарурат буда, асолати таърихии арзишҳои миллии халқу миллатҳоро ифода менамоянд. Маъмулан, дар парчами давлатҳои сайёра тасвири моҳу ситора, тоҷ, калид, хатҳои ранга, салиб, досу болға, ҳайвоноту паранда ва хазандаҳо ҷойгир карда мешаванд. Бозёфтҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки зимни таҳияи рамзҳои давлатдорӣ, аз ҷумла парчам, ба сифати аломати марказии он тасвири мавҷудоти олами атроф, ҳайвоноту паранда ва дигар ашёи зиндагӣ ба кор гирифта мешуд.
Дар парчамҳо аломати аз ҳама бештар истифодашаванда ситораи панҷгўша мебошад, ки он хоси ҳамаи давру замонҳо буда, маънои афрӯхтан, шукуфтан ва мавҷуд буданро ифода мекунад. Инчунин, ситораҳои панҷгўшаи бисёр парчамҳои истиқлолу иттиҳод, дурахши давлатдории миллӣ ва баробариву адолати иҷтимоиро таҷассум менамоянд. Дар аксари парчамҳо теъдоди ситораи хурди панҷгўша аз як сў ба сўи муқобил зиёд шуда, ситораи охирин андозаи калонро мегирад, ки баёнгари рушду тараққӣ ва бунёди давлати неруманд аст.
Умуман, унсуру аломатҳо ва рангҳои парчам таҷассумгари ифтихормандӣ, меросият ва ифодакунандаи ғановати асосии давлатҳо ва рушди иқтисодиву иҷтимоии онҳо мебошанд. Яке аз унсурҳои марказии парчам ранг аст, ки истифодаи он низ ба ҳадаф, маром ва эътиқоди соҳибони парчам иртибот дорад.
Шакли барқароршудаи парчамҳои аҷдоди тоҷикон шаҳодат медиҳад, ки дар онҳо бештар рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабуд ҳамчун рамзи покӣ, ҷавонмардиву тавоноӣ, илмдустиву эътиқод ба Ватан ва забоиву шукуфоӣ истифода шудаанд. Шакли истиқроршудаи парчамҳои мо-тоҷикон аз давраи таҳияи парчамҳои нахустин то кунун рангу тобишҳои гуногун доштанд.
Хонандагон метавонанд бо китоби Иброҳим Пирназарзода “Парчам” дар толори хониши шуъбаи хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.
Таҳияи Рисолат Шералиева