Моем посдорони муқаддасоти миллӣ
Ҳамасола 24 ноябр рӯзи парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад ва мусалламаст, ки парчам аз қадим барои халқи тоҷик ҳамчун нишонаи ҷавонмардиву тавоноӣ ва ҷоннисории халқ баҳри ободии давлат эътироф шудааст.
Аввалин маротиба парчам дар ҶШС Тоҷикистон соли 1929 қабул шудааст. Дар таърихи давлатдории Тоҷикистон ин рамзи давлатӣ то соли 1992 панҷ маротиба дар шаклҳои гуногун қабул шудааст. Бори охирон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ-Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ, тарҳу намуди Парчами давлати Тоҷикистон ва ниҳоят «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин тавр, 24-ноябри соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикитон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ-Парчами давлатӣ гардид.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозии мо аст, ки бо шарофат ва дасгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 дар канори рости Қасри Миллат бурҷи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуд, ки баландии сутуни он 165 метр буда, дарозии матои он 60 ва бари он 30 метро ташкил медиҳад. Бузургӣ, шаҳомат ва баландии парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки он ҳамчун балантарин парчам дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф карда шавад, ва ба китоби рекордҳои Гиннесс ворид карда шуд.
Таърих гувоҳ аст, ки ин рамзи миллӣ чун нангу номуси ватандорӣ мардуми моро борҳо муттаҳид кардааст ва аз вартаи халокат раҳо бахшидааст. Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи неруву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад. Ҳар яки мо вазифадорем ки ин муқаддасоти миллиро пос дорем ва зери он муттаҳид шуда, баҳри ободии ватани азизамон кӯшишу талош кунем.
Шавқинисо Носирова,
мутахассиси шуъбаи
матбуоти даврӣ