Дар шуъбаи матбуоти даврӣ ман чиро мушоҳида кардам? Нигоҳе ба фаъолияти чормоҳаи корам
Китобхона дорои шуъбаҳои гуногун буда, ҳар як шуъба самти фаъолияти худро дорад. Масалан шуъбаи матбуоти даврӣ, агар ба таърихаш назар афканем, соли 1935 таъсис ёфта, то имрӯз фаъолият дорад. Шуъба асосан барои ҷамъоварӣ, ҳифз намудани матбуоти даврӣ, ғанӣ гардонидани маънавиёти мардум фаъолият мекунад. Мероси пурғановати матбуоти дохилию хориҷӣ бо шумораи беш аз якуним милион нусха, рӯзномаву маҷаллаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ва ӯзбекӣ аз соли 1932 то инҷониб дар шуъбаи мазкур нигоҳдорӣ мешаванд. Махзани шуъба дорои се фонди бузург: фонди кушода, фонди асосӣ ва фонди захиравию эҳтиётӣ мебошад.
Фонди кушода дар толори хониши шуъбаи зикршуда ҷойгир буда, хонандагон ҳамарӯза аз ин фонд озодона истифода мебаранд. Фонди захиривӣ ва фонди асосӣ дар таҳхонаи бино, ки дар шароити хуб нигоҳдорӣ мешаванд, ҷойгир аст. Дар ҳолати дастрасӣ надоштан ба ин ё маҷалла ва ё рӯзнома дар фонди кушода мо дархости хонандаро қабул карда, аз фонди асосӣ ва захиравӣ ёфта,пешакаш мекунем. Дар самти бою ғанӣ гардонидани фонди шуъба низ корамон босуръат идома дорад. Масалан, ҳар ҳафта барои қонеъ гардонидани талаботи хонандагон номгӯйи зиёди рӯзномаву маҷаллаҳои тозанашри дохиливу хориҷиро қабул намуда, бо рақамгузории махсуси библиографӣ ба фонди умумии шуъба ворид мекунем.
Матбуоти тоҷик бо ҳамқадами замон буда, пастиву баландиҳои зиёдеро убур намудаст. Таъсису ташаккули он осон сурат нагирифта, дар ҳар як давра нисбат ба ташаккули он омилҳои зиёде вуҷуд доштааст. Зиёиёну равшанфикрони гуногун ормонҳои худро аз ин минбар баён медоштанд, аз мавҷудияту ҳастии миллат садо баланд мекарданд ва матбуот ба ин васила маҳбубият пайдо кард, дидгоҳе ба ҳисоб мерафт, ки ҳақиқатҳои зиёдеро ошкор мекард.
Як нуктаро бояд зикр намуд, ки мо дар даврони соҳибистиқлолӣ зиндагӣ дорем, яъне асре, ки тамоми техникаву технологияи муосир дар ҳоли рушду тараққӣ, рӯз то рӯз ихтирооти нав, хабаррасонҳои электронӣ ба вуҷуд омада истодаанд ва истифодабарандагони зиёдро доранд. Аммо бубинед, ки матбуоти чопӣ арзиши худро аз даст надод ва нахоҳад дод, зеро толори хониши матбуоти даврӣ ҳамарӯза хонандагони зиёдеро қабул мекунад. Хонандагон новобаста аз синну сол ба ин ҷо омада маълумоти даркории худро мегиранд.
Миллати тоҷик аз азал соҳиби тамаддуну фарҳанг буд ва тавонист инро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад, Бубинед, ки қариб ҳамарӯза меҳмонҳои хориҷӣ ба Китобхонаи миллӣ омада, аз ин боргоҳи хирад дидан мекунанд. Аксарияташон бисёр кунҷкоб буда, мехоҳанд маълумоти пурра ба даст оранд ва аз таъриху меросӣ гаронбаҳои миллати тоҷик баҳравар шаванд.
Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағирёбии самтҳои рушди ҷомеа ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳмияти хосса пайдо мекунанд.
Воқеан шуъбаи матбуоти даврӣ дар иттилоърасонӣ ва баланд бардоштани маънавиёти мардум нақши босазо дорад ва кормандони шуъба ҳамарӯза бо таҳияву танзим ва ҷобаҷогузории фонди кушодаву омода намудани толори хониш кори худро шурӯъ карда хонадагонро қабул мекунанд.
Ин буд мушоҳидаҳои банда дар чорум моҳи корӣ!
Шавқинисо Носирова, мутахасиси шуъбаи матбуоти даврӣ