Фурӯши китобҳои нашрнамудаи Китобхонаи миллӣ
Китобхонаи миллӣ дар баробари қонеъ гардондани талаботи иттилоотии истифодабарандагон, ба нашри китобҳои муҳиму соҳавӣ ва шарҳиҳолӣ низ машғул аст.
Як силсила аз ин китбҳо таърихиву кишваршиносӣ ва тоҷикшиносианд, ки басо муфиду зарурӣ мебошанд. Маврид ба ёдоварист, ки аз соли 2012 баинҷониб Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба нашри силислакитоби “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) идома медиҳад.
Дар марҳилаи аввал қарор аст ин силсила зиёда аз 50 ҷилд асарро дар бар гирад ва он ҳама дар шакли нисбатан мукаммал ва услуби илмӣ-оммавӣ барои оммаи хонандагон ва донишҷўёну муҳаққиқони соҳаҳои гуногун пешниҳод шавад. Ин баёз бояд барои муайян намудани мақому мартабаи миллати тоҷик ҳамчун яке аз нахустин офарандагони фарҳанги моддию маънавии башарӣ хизмат намуда, барои рушду суботи худшиносӣ ва ваҳдати миллати мо ҳамчун заминаи муътамади илмию фарҳангӣ мусоидат намояд.
Баъд аз талошҳои зиёди роҳбарияти муассиса ва ҷалби мутахассисони варзидаи кишвар, дар ин муддат китобҳои “Авасто”, «Мероси хаттии бостон», (ду ҷилд), «Ғурар-ус-сияр», «Ҳудуд-ул-олам», «Таърихи Систон», «Зайн-ул-ахбор», «Таърихи Байҳақӣ», «Тоҷикон»-и А. Шишов, «Динкард», «Аҷоибнома», асарҳои муҳаққиқи рус Д.Н. Логофед – «Кишвари беҳуқуқон» ва «Дар кўҳ ва водиҳои Бухоро», асари Р.Г. де Клавихо «Рўзномаи сафар ба Бухоро…», «Бохтар” (дар ду ҷилд)» ва ғайра аз чоп баромаданд.
Бахше аз ин китобҳо фурӯхта шудаанду баъзе ҳанӯз боқист.
Дар рӯйхате, ки ҳоло пешниҳод мекунем, шумо на танҳо китобҳои силсилаи “Тоҷнома”, балки як теъдод китобҳои библиорафиро ҳам мебинед, ки барои муҳаққиқону таҳлилгарон заруранд.
- Эмомалӣ Раҳмон Китобномаи шарҳиҳолӣ
- Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллатҳастии миллат”
- Справочные издания
- Нақибхон Туғрал Аҳрорӣ
- Донишномаи матбуоти даврии тоҷик
- Садои ошно
- “Тоҷнома”
- Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳури Тоҷикистон
- Лоиқ Шералӣ
- Библиографияи забоншиносӣ
- Граматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик (иборат аз 2 қисм)
- Иҷлосияи сарнавиштсоз
- Кишвари беҳуқуқӣ
- Табақоти Носирӣ
- Пояҳои густариши забони миллӣ (иборат аз 2 қисм)
- Арбобони илми Тоҷикистон
- Аскар Ҳаким
- Рӯзномаи сафар ба Самарқанд
- Забони давлатӣ ва истиқлол
- Пояҳои густариши забони миллӣ
Китобҳо дар ошёнаи аввал, дар бахши сабти хонандагон гузошта шудаанд, то дидану интихоби онҳо осонтар бошад.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.