Намунаҳо  аз сад ривоят

Сарзамини ХовалингСарзамини Ховалинг муқаддасоти зиёде дорад. Мардум ҳам мазори Аюби Ансориро муқаддас мешуморанду ҳам авлиёи Зелолакро, ҳам ҳазрати Бурхи Сармастрову ҳам сангтудаҳову Чилчанорро.

Дар фасли тобистон шумораи зиёратгарон аз водиҳо ва гўшаву канори ҷумҳурӣ ба Ховалинг меафзояд. Аксари онҳо муътақидони исломанд, бархе сайёҳ. Қисмате бо зиёрати муқаддасоти зикршуда омада, роҳ ба сўи мазори Ҳазрати Султон мегиранд. Эътиқодмандон қариб ҳар сол меоянд ва миёни онҳо мўйсафедон, занон, наврасон, тифлонро вохўрдан мумкин аст. Ҷумлае аз миёни эшон дардманданд ва ба нияти шифо меоянд. Ҷои сарзабзу ободу зебост мазори Ҳазрати Султон. Ояндагон дар сабзазори назди мазор менишинанд, бузургворро зиёрат намуда, дуою фотиҳа мекунанд, касалмандонро бо нияти сиҳатёбӣ дар подомани мазор лаҳзае мегузоранд, овардаашонро тановул мекунанд, аз оби ҷонбахши мазор меошоманду дасту рўй мешўянд ва пас мегарданд. Хулоса, як маросими доманадоре баргузор мегардад.

Кистанд ин бузургон, ки мардум онҳоро эҳтирому эҳтиёт мекунанд ва поси хотирашонро дар давраҳои душвори муборизаи ғоявӣ низ ба ҷо меоваранд?

Аслан дар бораи зиндагӣ, пешаи ин бузургон ва шахсияти таърихӣ будани эшон маълумотҳои зарурӣ қариб, ки дар даст надорем.

Аммо, аниқ аст, ки дар садаи қаблӣ мазори Ҳазрати Султон зиёратгоҳ будааст. Чуноне В.Г.Липский менависад: “Наздикии деҳаи Мазориён мо ба арчаи азиме дучор омадем, ки сар то ба пояш бо матоъҳои рангобаранг латтабандӣ шуда буд”.

Яъне, сад сол муқаддам мардум мазорро муқаддас мешумориданд ва онро бо тадриҷ обод сохтаанд. Ва кунун миёни мардум ривояти ҷолибе роиҷ аст, ки метавонад теъдоди эътиқодмандонро боз ҳам афзун намояд.

Муйсафеде нақл кард, ки дар замонҳои пеш дар ин маҳал Султон ном шахс чун ҳама одамони хокӣ умр ба сар мебурд. Мисли дигарон пешаи кишоварзию чорводорӣ дошта, бо он рўзгори хешро сомон медодааст. Вай шахсе будааст аз одаму олам бохабар ва ба баду неки касон кор надошта. Ва то дасташ мерасидааст ба ҳама некӣ мекардааст. Хайркору саховатманд будааст. Ба хурду калон ва махсусан ба волидайн эҳтироми самимӣ доштааст.

Ва қисса мекунанд, ки замоне модараш касал мешавад ва касали вазнин. Боре, ҳангоми ба худ омадан об мепурсад аз писараш. Ва Султон аз оби хунуки  чашма  баҳри ў об меорад. Чанд соат Султон  коса дар кафи даст болои сари модараш рост меистад ва чун модар ба худ омада бори дигар об мепурсад, ки марди шариф ҳангоме, ки косаро аз кафи даст гирифтанӣ мешавад, пўсти кафи дасташ бо таги коса якҷоя мехезад. Яъне дар таги коса пўсти дасташ  часпида будааст. Модар дар аввал дар шигифт мемонад, ки ҷигарбандашро азият додааст ва баъд ба ў дуои хайр медиҳад. Ин миёни наздикони парвардигор дарҳол маълум мегардаду дар шарқу ғарб овоза мешавад. Ҳама бузургон ба зиёрати  ў меоянд ва ўро ҳазрати Султон мегуфтагӣ мешаванд. Ана ҳамин тавр аз эҳтироми модар ин шахс ба мартабаи баланд сазовор мегардад ва соҳибэътибор мешавад.

Ба тақвияти фикри ҳамсафараш пирамарди дигаре ҳадисе аз пайғамбар Муҳаммад (с) меорад. “Шахсе аз ў мепурсад: эй Расули Аллоҳ, ман ба кадом одам некӣ кунам?”

Пайғамбар посух додааст: Ба модарат.

Боз ба кӣ?

Ба модарат

Боз ба кӣ?

Ба модарат.

Дафъаи чорум пурсидааст: Боз ба кӣ?

Ба падарат.

Уламо ин ҳодисро чунин шарҳ медиҳанд, ки “Фарзанд аз модар нисбат ба падар се баробар зиёд қарздор аст”.

Дигаре бар замми ривоят меафзояд, ки мазор ба зодаи Арабистон Султон Увайси Қаранӣ мансуб аст. Пеш аз вафоташ васият карда, ки ҷасадашро ба шутур бор кунанд ва куҷоеро он маскан кунад, гўронандаш. Ва мегўянд, ки шутур дар ҷои имрўзаи мазор ист кард. Болотари мазор мавзеест бо унвони Уштурчаро ва мардумон мўътақиданд, ки онҷо шутури ҷасад оварда мечаридааст.

Албатта ин ривояте, мебошад, ки аксари мардум онро айни ҳақиқат мешуморанд ва бовар мекунанд.

Ховалинги куҳан асрори нокушодаи зиёде дорад. Масалан, дар ҳудуди ноҳия 5 сангтўда мавҷуд аст. Калонтарини онҳо дар наздики собиқ деҳаи Сангтуда, қарибии деҳаи Таги Ҷари кунунӣ, сетои дигар дар ҳудуди деҳаи Чуқурак ва тўдаснги панҷум қарибиҳои деҳаи Навободак воқеъ аст.

Ҳеҷ кас аз ҷониби кӣ ва ба чӣ мақсад гирд овардани Сангтўдаҳоро надида бошад ҳам, дар ин бобат ривоятҳо ҷой доранд.

Қисмате ривоят мекунанд, ки замоне сел омада марзҳоро бо санг пур кардааст. Одамон сангҳоро аз селраҳа чида, ҳарҷо-ҳарҷо туда карда, заминро барои кишт омода сохтаанд.

Ривояти дигар пайдоиши сангтўдаи наздики деҳаи Таги Ҷарро ба замони Искандари Мақдунӣ иртибот дошта мепиндорад. Гўё пеш аз муҳорибае, ки дар ҳудуди Ховалинг сурат гирифтааст, Искандар ба сипоҳиёни худ фармудааст, ки яксангӣ гирифта як ҷо бипартоянд ва дар бозгашт яксангӣ пас бигиранд. Аз ин миқдори кушташудагон ҳосил  мешудааст.

Ривояти дигар ба давраи забткории арабҳо марбут аст. Дар давраи пайкар бо мардуми Хатлон сарлашкари араб айнан чунин фармуда будааст. Пас аз набард ў миқдори кушташудагони лашкаркашро аз сангтўдаҳо дарёфтааст.

Дар ҳақиқат сангтўдаҳо асрори аҷибе доранд. То ба ҳол, ба бостоншиносон ва таърихшиносон бо пуррагӣ кушодани сири сангтўдаҳо муясар нагардидааст. Аммо ҳафриёти қисмате аз сангтўдаҳо, натиҷаҳои аввалро бозгўӣ кардаанд. Ҳини омўзиши сангтўдаи наздикии собиқ, деҳаи Навобод маълум гардид, ки гирдогирди он 32 метр ва баландиаш 1,70см будааст. Таҳҷои сангтўда шакли мудаввар дошта, аввал сангҳои калонтар чида шуда, баъд сангҳои андозаашон миёна аз боло омадаанд. Аз фишори вазни боло, сангҳои калонҳаҷми поён то нисф ба замин ғутидаанд. Ҳафриёт нишон дод, ки сангҳои чидашуда ба 1,5 миллион адад мерасидаанд (ин шаҳодат бар он аст, ки ривоятҳо асоси илмӣ надоранд. Зеро ягон кишваре ин миқдор сарбоз дошта наметавонист). Аз зери сангтўда сафолпораҳо ва чанд тангае пайдо гардид, ки дар рўи онҳо акси Пирўз подшоҳ Сосонӣ сикка зада шуда буд. Аслан маводҳои ёфтшуда ва сангтўдаҳо ба қарнҳои 5-8 тааллуқ доранд. Умуман мавҷудияти сангтўдаҳо ва пайдоиши онҳоро чи тавр метавон шарҳ дод? Олимон бар ақидаанд ки сангтўдаҳо офаридаи пайравони кеши буддоӣ мебошанд. Будпарастон одате доштанд, ки сангтўда бунёд намуда, болои он ҳайкали буддоро мегузоштанд ва  мепарастиданд.

Фикр мекунам ин посух ҳадди охирин нест ва оянда гиреҳҳои боқимондаи чигилро хоҳад кушод.

Аз китоби Ҷонибеки Асрориён “Кишвари пешорӯйи Хуршед”, ки соли 1992 чоп шудааст ва хонандагон онро метавоннад дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Ойҷонгул   Давронова, сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.