Боз як китоби нави дигар аз фанни ҳуқуқ
Китоби дарсии ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан бо стандарти таълимӣ ва барномаи таълимӣ аз фанни «Ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қисми умумӣ) ва қонунгузории ҷиноятии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 30.07.2024 омода шудааст.
Китоби дарсии мазкур масъалаҳои мубрами ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳамчун илм ва фанни таълимӣ, қонунгузории ҷиноятӣ, ҷиноят, ҷавобгарии ҷиноятӣ, таркиби ҷиноят, мафҳум ва максади ҷазои ҷиноятӣ, низоми ҷазо, давраҳои содир кардани ҷиноят, шарикӣ дар ҷиноят, озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо, авф, бахшиши ҷазо, сафедкунӣ, хусусиятҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазодиҳии ноболиғон, чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ва дигар масъалаҳоре дар бар мегирад.
Муаллифон дар муқадимаи китоб навиштаанд, ки ҳуқуқи ҷиноятӣ-ин соҳаи мустақили ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқӣ иборат аст ва муайян менамояд, ки кадом кирдорҳо хавфнок дониста мешаванд, асосҳо ва принсипҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ, инчунин, намудҳои ҷазо ва дигар чораҳои хусусиятии ҳуқуқии ҷиноятӣ доштаро муайян намуда, барои содир намудани онҳо ҷавобгариро муқаррар менамояд.
Ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳамчун соҳаи қонунгузорӣ аз маҷмуи қоидаҳои ҳатмии рафтори аз ҷониби мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ба низоми меъёрҳои ҳуқуқӣ асосёфта мебошад, ки ҷиноят, ҷинояткорӣ ва ҷазопазирии амалҳоро муқаррар намуда, ҷавобгарии ҷиноятӣ, намудҳои ҷазо ва дигар чораҳои дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятиро муқаррар менамояд.
Ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳамчун илм аз маҷмуи ақидаҳои назариявӣ, ғояҳо ва муқаррарот оид ба институтҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ иборат мебошад. Илова бар ин, илми ҳуқуқи ҷиноятӣ таърихи инкишофи қонунгузории ҷиноятиро таҳқиқ намуда, инчунин, таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунии институтҳои ҳуқуқи ҷиноятиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ меомӯзад.
Ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳамчун фанни таълимӣ курси таълимие мебошад, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар асоси муқаррароти умумии илми ҳуқуқи ҷиноятӣ ва тафсири қонуни ҷиноятӣ таҳия мешавад.
Ҳамаи инҳо ба хонандагони китоби дарсии ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – донишҷӯён, аспирантон, ҳуқуқшиносон ва доираи васеи шаҳрвандон – як ҷаҳон ғановати маънавӣ ва илмӣ дода, дониши онҳоро дар ин масоили мушаххаси илмиву ҳуқуқӣ васеъ хоҳанд кард.
Азбаски дар чунин шакл навиштани китоби дарсии мазкур аз аввалин кӯшишҳост, он аз камбудӣ орӣ нест. Муаллифон тамоми эроду дархостҳои мусбатро бо камоли майл ва миннатдории беандоза қабул намуда, кӯшиш менамоянд, ки дар нашрҳои минбаъда онҳоро ба назар гиранд.
Хонадагон китоби «Ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро метовонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардони фонд.