12-уми май Рўзи Шашмақом

 

Шашмақом силсилаи суруду оҳангҳои классикии тоҷик, ки дар як низоми муайян мураттаб гардидааст. Шашмақом мероси мусиқии мардуми тоҷик буда, аз шаш мақом: «Бузург», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегох» ва «Ироқ» иборат аст.            Ҳар мақом қисматҳои созӣ – «Мушкилот» ва овозӣ – «Наср»-ро дар бар мегирад. «Мушкилот» танҳо тарзи оҳангӣ буда, тавассути созҳои мусиқӣ иҷро мешавад ва он аз шаклҳои оҳангӣ «Тасниф», «Тарҷеъ», «Гардун», «Мухаммас» ва «Сақил» таркиб ёфтааст. Қисмати «Наср», ки танҳо тарзи овозист, дар навбати худ шуъбаҳо дорад ва ин шуъбаҳо чун мавзуъҳои асосии ҳар мақоми мазкур шинохта мешаванд.

Оғози ҳар мақом аз пардаи ҷудогона буда, он низ лаҳни ҳамон мақом ба шумор меравад. Аз ин рў, кадом оҳанг ва суруду таронае, ки нисбати он мақом аст, бо ҳамон лаҳн оғоз меёбад ва созҳои мусиқӣ (махсусан танбўр,ки сози асосии мақомнавозӣ ба шумор меравад) ба таври мухталиф ҷўр карда мешаванд.

Мусиқии Шашмақом таи асрҳои миёна дар Бухорову Фарғона, Ҳироту Самарқанд, Хуҷанду Дарвоз ба сифати намунаи олии таҷаллии мазмуни адабу ирфони тоҷикӣ садо медод ва маълум аст, ки дар маркази фаъолияти фарҳангии ин шаҳрҳо қарор гирифта буд. Вале бояд бо арзи шукронаҳои зиёд иқрор шуд, ки асри тиллоии Шашмақом – ба ҳар ҳол асри бистум аст, зеро маҳз дар ҳамин замон мардуми фарҳангофарини тоҷик аз нав соҳиби давлату замин ва мероси фарҳангиву китоб ва ровии таронаҳои хеш гашт…

     Дар соли 2000, яъне дар остонаи қарни навин ва пурумеди зиндагиномаи мардуми шарифи тоҷик аз ҷониби сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон фармони таърихӣ роҷеъ ба инкишоф ва эҳёи Шашмақом ба тасвиб расонида шуд. Дар қатори иддаи зиёди иқдомҳои таърихии ин фармон, муқаррар карда шуд, ки минбаъд дар саросари мамлакат рўзи 12 май ҳамчун Рўзи Шашмақом ҷашн гирифта шавад.

Миллати тоҷик дар гузашта ва имрўз, бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш шўҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Фарҳанги миллии мо, аз ҷумла санъати Шашмақом дар тарбияи худшиносии миллӣ нақши муҳим бозида, дар ташаккули маънавиёти ҷомеа таъсири амиқ мерасонад.

Моҳи ноябри соли 2003 Сессияи генералии Юнеско дар шаҳриПорис пас аз муҳокимаҳои тўлонӣ ва ҷавобан ба ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон Қарори махсус қабул намуд, ки тибқи он минбаъд санъати Шашмақоми тоҷик дар қатори бузургтарин падидаҳои маънавияти инсонӣ ба сифати мероси нодири фарҳанги шифоҳии ҷаҳонӣ эътироф карда шудааст.

     Ин ҳама далолати он аст, ки  имрўз санъати Шашмақом дар арсаи ҷаҳонӣ беандоза вусъат гирифта, мавқеъ ва мақоми он дар байни ҷомеаи мусиқии ҷаҳонӣ устувор гардидааст.

Ҷашни фархундаи «Шашмақом» ин ҷашни хуҷастаи зебоиву ҳунар мебошад. Бо ин мақсад тамоми аҳли кишварро бо 21-умин солгарди Рўзи «Шашмақом» самимона муборакбод гуфта, барои ҳама саодату хушрўзгорӣ таманно менамоем.

Муяссар Қаюмова,

мутахассиси шуъбаи адабиёт

доир ба фарҳанг ва ҳунар.