Марз ва марзбонӣ. Нигаҳбон ба рўзу ба шаб посбон

Марз ва марзбонӣАз ибтидои пайдоиш марзу ҳудуди давлатҳо яксон намемонад. Муқовамат ва ҳамлаву тотхутозҳо ба дигаргуниҳои марзию сохторӣ сабаб мешуд. Вале марзу марзбонӣ ва усулҳои ҳифзу мудофиа такмил ёфта, боқӣ монд. Қалъа, диж, димна ва арку кохҳо дар баробари функсияҳои маъмул истеҳкомҳои мудофиавӣ ва иншоотҳои ҳарбӣ буданд.

Шоҳону ҳокимон мутобиқ бо муҳиту мавқеи ҷуғрофӣ, авзои  иҷтимоию сиёсӣ аз даврони кўҳан иморатҳое бунёд мекарданд, ки аз ҳамлаи ногаҳонии душман эминашон медошт. Тартибу вазифаи ин қабил иншоотҳо дар ҳама қавму миллат ва кишварҳо яксон будаанд. Қасру қалъаҳо ва шаҳристонҳо бо ҳисори баланд мудофиа мешуданд. Бурҷу бора ва манораҳои дидбонию муҳофизатӣ хоси аксари дижу қалъа ва шаҳристонҳои аҳди бостон, кўҳан ва асри миёнагӣ буданд. Барои даромаду баромад дарвозаҳо доштанд, ки бо бурҷу манораҳо назорат аз ҷониби дижогаҳон, дидбонон, посбонӣ мешуд.

Шаҳр-қалъаҳо истеҳкоми муқтадире буданд, ки бурҷу манор атрибути асосиашон ҳисоб мешуд. Балки шаҳристонҳои бузург ва марказҳои асосӣ ба ҳифзу мудофиа бештар зарурат доштанд. Бо ишғоли пойтахт ва маркази муҳимми давлат тақдири сулола ва  давлатдорӣ ҳал мешуд. Ин гуна марказҳо дар аҳди бостон ва асрҳои миёна Балх, Бухоро, Самарқанд, Тирмиз, Хўҷанд, Гургон, Ҳулбук, Вашгард ва ғ.буданд. Дар миён шаҳрҳо ва вилоятҳои канорӣ низ бо дижу қалъаҳо устувор гардонида мешудаанд.

Дар ҳудуди Тоҷикистон имрўза метавон қалъаҳои марказӣ, истеҳкомҳои Хуҷанд, Истаравшан, Ҳулбук, Ҳаловард, Таҳти Сангин, Кайкубодшоҳ, Вашгирд ва қалъаҳои мудофиавии Қаҳқаҳа, Кофирқалъа, Ратм, Йамчун ва ғайраро номбар кард.

Балх

Балх, Бохтар, Бактр, Бактрия, Бахл-маркази–Бохтари қадим истеҳкомдор, серсокин ва обод будааст. Онро дар осори қадим “модари шаҳрҳо” мехонанд. Бино ба осори бостоншиносӣ барномаҳои он ба ҳазораи 1 пеш аз милод тааллуқ дошта, маснуоти ба даст омада биринҷӣ (пайконҳо) ва оҳанӣ онро собит мекунанд. Ба хусус аз ҳамин даврон, охирҳои асри биринҷ шаҳрҳо ва дижҳои истеҳкомдор ба вуҷуд меояд. Ин нуқтаро воқеа ва ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ рўшан кард, ки лашкари мақдунҳо бархурд дошт. Илова ба девор ва истеҳкомоти умумӣ шаҳрҳои бузургро қалъаҳои баланд иҳота мекард ва дар деворҳо манорҳо бунёд намуда, тиркашҳо месохтанд.

Дар асрҳои миёна Балх ҳамчун марказ-ҳавзаи фарҳангӣ ва сиёсбоқӣ монд. Ба андешаи В.В.Бартолд ба фосилаи воҳиде аз марзҳои шарқии мутаммадини Эрон қарор доштааст. Дар ҳар замоне Балх ҳамчун шаҳре, ки метавонад дар ҳифзи сарҳаддот нақш дошта бошад, боқӣ монд. Бавижа дар ҳимояи хатти дифои Ҷайҳун дар дараҷаи аввал буд. Ва ҳам шаҳре буд, ки дар таҳкими қудрат дар Хуросони Бузург муҳимтар менамуд. Дар такя ба ахбори муаллифони исломӣ В.В.Бартолд таъкид мекунад, ки Балх дар замони Сосониён иқоматгоҳи яке аз чаҳор марзбонони Хуросон будааст.

Дар давраи Тоҳириён ва Сомониён Балх дар радифи Марву Ҳирот ва шаҳрҳои муаззами Хуросон ба шумор рафта ва ба гуфтаи Муқаддасӣ ва лиҳози вусъат ба Бухоро баробар будааст. Дар  асрҳои миёна Балх ба дарозии 12 фарсах, ки 12 давоза дошт, машҳур буд. Дар асри 9 мелодӣ аз ҳисори он нишоне намонда буд.

Бухоро

Яке аз шаҳрҳо кўҳан ба шумор рафта, дар аҳди бостон ва ҷониби ҳокимони Суғд борҳо ҳисор гирифта шуда буд ва тибқи “Дар силсилаи Аббосиён ва умарои Хуросон”, дар замони Фазл ибни Сулаймон дигарбора бино ёфт. Бухоро маркази давлати Сомониён буд. Ҳисори Бухоро бино ба навиштаи Истахрӣ 12 фарсах дарозо ва ҳамон миқдор паҳно доштааст. То ин даврон аз тарси ҳуҷуми бодиянишинҳо дар байни воҳаҳои зироатӣ ва саҳрои чодарнишин дар масофаи даҳҳо км девори баланд кашида буданд. Таъмиру тармими он ба аҳолӣ зиёни миёншикан меоварад. Фақат дар замони Исмоил амнияти хориҷӣ ба чунон мартаба расид, ки деворҳои муҳофизатӣ аҳаммият надоштанд.

Аз китоби Ҷонибек Асрориён ва
Анушервон Асрориён “Марз ва марзбонӣ”,
 Душанбе соли 2017.

Таҳияи Ойҷонгул  Давронова,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.