Се шеър аз китоби Гулназар “Дар чодари сафеди маҳтобӣ”
НИМА
Нима номус, нима виҷдон
Нима ҷавҳар, нима имон,
Нима озод, нима маҳбус,
Нима масрур,нима афсўс,
Нима торик, нима равшан,
Нима шиша, нима оҳан,
Нима ғайрат, нима тарсў,
Нима бадрў, нима дилҷў,
Нима оҳанг, нима овоз,
Нима сангин, нима парвоз,
Нима хомўш, нима фарёд,
Нима одил, нима бедод,
Нима бехуд, нима ҳушёр,
Нима роҳат, нима озор…
Нима- нима ҷумла одам,
З-ин сабабҳост нима олам.
Пурра- пурра одаме нест
Пурра- пурра оламе нест.
БЕХОБӢ
Аз парешонии мўи маҳтоб
Бўи бехобии ман меояд.
Аз ҳамон қуллаи лозурии бехобии ман
Шеъри маҳтобии ман меояд.
Ту куҷоӣ, ки булўри ғами ҳиҷронат
Менасозад ба дили сангии қофияи ман?
Ман нахоҳам, ки бимирад
Вусъати дурии байни ману ту
Дар ҳисоре, ки бувад тангии қофияи ман.
Ман ба андозаи ин вусъат
Шоирам имшаб,
Ман ба андозаи ин дурӣ
Ошиқи дар ба дарам имшаб.
Ку тавоне, ки маро ҷамъ кунад ҳамчу насим
Аз хами кокули жўлидаи шаб?
Ку равоне, ки шиносад сари озодаи ман
Ҳамнасиби сари шўридаи шаб?
Қад- қади тораи симини маҳтоб
Меравад тортани андешаи ман
То ба машкўи саҳар.
Мепарад гулпараки бехобӣ
Аз лаби чашмаи чашмонам
То ба шабҳои дигар.
Боз аз мўи парешони маҳтоб
Бўи бехобии ман меояд.
Аз ҳамон қуллаи лозурӣ
Шеъри маҳтобии ман меояд.
ДИЛ
Чу ҳамхонае, ки варо сидқ нест,
Наҷустам зи ту фарзи ҳамсоягӣ.
Чу нохун задӣ бар дари синаам,
Ба ёд омадам қарзи ҳамсоягӣ.
Агар бениёзӣ ба кавну макон
Ахират ба ҳамсоя афтад ниёз.
Аё дил, чӣ дарде ба ҷон кора кард,
Ки дорӣ зи аҳволи ман пурсупос?
Бигуфтам лаби худ бубандам ба ноз,
Ки донӣ ғурурам чӣ дорад зи пай,
Вале бо ту фарёди ман шуд баланд,
Чу оҳи дили ноӣ аз чоки най.
Зи ҳам рехт девори бегонагӣ,
Туро мисли худ ёфтам рў ба рў.
Зи ту чун зи мактуби аъмоли хеш,
Бихондам ғаму шодиам мў ба мў.
Дареғо, ки будам зи ту бехабар,
Фиғоно, ки ногап будем аз нахуст.
Чӣ гулҳои шодӣ, ки нашкуфту мурд,
Чӣ тухми муҳаббат, ки ин ҷо наруст!
Чунон ки ду давлат мадоро кунанд,
Алайҳи адуе зи роҳи хирад,
Ману ту дигар ҷовидон бо ҳамем,
Куҷо ҷабри дарде ба мо бигзарад!
Аз китоби Гулназар “Дар чодари сафеди маҳтобӣ”, Душанбе, 2015.
Ин китоб ба тозагӣ ба толори хониши шуъбаи адабиёт барои кӯдакон ва наврасон тақдим шуда ва хонандагон метавонад аз он ташнагии маънавӣ бишкананд.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон