Адибони кишварҳои ҳамсоя. Амон Кекилов

Аман Кекилов
Кекилов Амон (9.5.1912, авули Кеши н. Ашқобод- 13.12.1974, Ашқобод), шоир, адабиётшинос ва педагоги туркман, академики АИ Туркманистон (1969), Нависандаи халқии Туркманистон (1967), Ходими хизматнишондодаи илми Туркманистон (1972), Муаллифи нахустин Суруди миллии Туркманистони Шўравӣ (1947).

Дар оилаи деҳқони камбизоат ба дунё омадааст. Солҳои 1933-35 котиби масъули рўзномаи «Колхозчӣ», сипас сардабири бахши кўдаконаи нашриёти давлатии Туркманистон буд.

Дар Донишкадаи таърих, фалсафа ва адабиёти Маскав таҳсил кардааст (1935-39). Солҳои 1939-48 устоди Донишкадаи омўзгории Ашқобод буд. Асарҳояш аз соли 1927 чоп шудаанд. Муаллифи шеъру достонҳо, пиесаҳо, романҳо ва қариб сад мақола ва нақди адабӣ, аз ҷумла достонҳои  «Ба пеш» (1940), «Вохўрии охирин», «Муҳаббат» (кит. 1-2, 1947-57).

Дар ин асарҳо таърихи мардуми туркман дар даврони шуравӣ бозтоб шудааст. Дар мақолаҳои «Доир ба забони асари бадеӣ» (1942), «Дар боби шаклу мазмуни асари бадеӣ» (1947), дар рисолаи «Назарияи адабиёт» (нашри 3, 1961), «Муллонафас» (1957) ва ғайра ба масъалаҳои умумии адабиёт рў оварда, вазифаҳои адабиёти туркманро равшан ва чанд асари бадеиро баррасӣ намудааст. Бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 38.

Таҳияи Садирзода Шаҳноза.
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.