Эдуард Кивекэс: Кашшофи Помир ва духтархонди ӯ Гулбегим
Кивекэс Эдуард Карпович (26.11.1866, Финляндия -19.2.1940, ҳамон ҷо), сарлашкари сипоҳи императории Руссия (1890-1918), иҷрокунандаи вазифаи сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Финляндия (1919), генерал-лейтенант (1928), яке аз нахустин кашшофони Помир. Хатмкардаи литсей ва корпуси кадетии Финляндия.
Соли 1893 дар ҳайати экспедитсияи хурди полковник М.Б.Ионов ба Помир омада, дар муборизаи мардуми минтақа бар зидди истилогарони афғон саҳм гузошт. Поручик (1893-98), капитан (1898-1902), подполковник (1902-05), сардори отряди Помир (1897-99;1901-02;1905-08), фармондеҳи дастаи савораи Туркистон (1908-10), дивизияи 2-юми тӯпчиёни савораи артиши Руссия (1913-14).
Дар давраи сардори отряди Помир будани Кивекэс мардуми Помири Шарқӣ таҳти ҳимояи империяи Руссия қарор гирифт (1905). Хоруғ ба маркази Помир табдил ёфт; дар Хоруғ барои фарзандони мардуми маҳаллӣ тарҳи сохтмони мактаби русӣ оғоз шуд; масоҳати заминҳои корам дар деҳаҳо васеъ гардид.
Кивекэс дар Помир бо фарҳанг, расму оини мардуми маҳаллӣ ошно шуда, бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва шуғнонӣ озод гуфтугӯ мекард.
Кивекэс ҳангоми аз Помир рафтанаш духтараки 6-солаи помириро бо номи Гулбегим духтархонд карда, номашро Олга Эдуардовна (фавт 1985) гузошт. Ҳоло аз оилаи Олга фарзандаш Густав Лоиканнен ва аберааш Ярмо Тапио барҳаётанд.
Ба хотири эҳтироми мардуми Помир нисбат ба Кивекэс филми ҳуҷҷатии ”Эдуард Кивекэс нахустин ҳокими рус дар Помир ” (коргардон О. Маликов) ба навор гирифта шуд.
Соли 2013 дар ш. Хоруғ як кӯча ва меҳмонхона ба шарафи Кивекэс номгузорӣ шуданд.
Кивекэс бо орденҳои Станислави Муқаддас (1896), Аннаи Муқаддас (1900), Владимири Муқаддас (1907) ва ғ. сарфароз гардидааст.
Бозчоп: Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – 2022. – Ҷ.10. – С. 75.
Муаллиф: А. Раҳмонқулов.
Таҳияи Хайринисо Шарипова, корманди шуъбаи библиографияи миллӣ