Порсигӯёни Ҳинду Синд. Чандрбаҳон Даҳрамадоси Лоҳурӣ мутахаллис ба “Бараҳман”

ПорсигуёнМутаваффо дар соли 1080  ҳиҷрӣ, вақоеънависи ҳузур буд ва дар сари кори Дорошукӯҳ  унвони муншигарӣ дошт. Шоири шаҳири давраи худ ва бузургтарин сухангӯи ҳиндуи он замон ба шумор меравад. “Табъи дуруст дошт ва шеър ба таври қудамо шуставу соф мегуфт.

Куллиёташ ба номи “Гулзори баҳор”, ки муштамил бар 302 ғазал, 54 рубоӣ, 4 қасида ва ғайра мебошад, ба забони содаву равону муассир навишта шуда. Матлаби олии ирфон ва донтизм дорад.

АЗ ӮСТ:

Лаби лаъли бутон асли илоҷи дарди  мо бошад,

Майи  рангин нишотафзо бувад табъи ҳазинеро.

***   ***   ***

Ҳавои фасли гулу мавсими баҳорон аст,

Гули нишот ба домани майгусорон аст.

Зи тори зулф ба осудагон мадеҳ бӯе,

Ки ин вазифаи дилҳои беқаророн аст.

***   ***   ***

Бонии хонаву майхонаву бутхона якест,

Хона бисёр, вале соҳиби ҳар хона якест.

***   ***   ***

Фурӯғи субҳи саодат бувад насиби касе,

Ки тори чашм ба шабҳои тор мебандад.

***   ***   ***

Падар чун сояафкан бар сарам буд,

Шароби беғамӣ дар соғарам буд.

***   ***   ***

Ту бар соҳил, куҷо аз шӯриши дарё хабар дорӣ,

Ба ғаввосе сухан аз қаъри дарё метавон гуфтан.

Ба ҳар дилтанг натвон гуфт  ғамҳои муҳаббатро,

Агар дар дил намеғунҷад, ба саҳро метавон гуфтан.

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва
чорабиниҳои фарҳангӣ.