Дастовардҳои ҳизбии профессор Ҷумахон Файзализода
Пас аз он ки директори Китобхонаи миллӣ, профессор, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” Файзализода Ҷумахон Хол дар ҷаласаи васеи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ба муносибати 30-солагии ҳизб доир шуд, ҳамчун беҳтарин раиси ташкилоти ибтидоӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ пазируфта шуданд ва дар саргаҳи беҳтаринҳо қарор гирифтани ин марди саропо сиёсат муҳиммияти андеша кардан дорад, пайравӣ ба фаъолияти ҳизбии ў албатта намунаи ибрату нигоҳи хос мехоҳад.
Ба андешаи ғолиб сабаби иншои ин сатрҳо ва ифшои корнамоиҳои устод Файзализода Ҷумахон Хол дар самти фаъолияти ҳизбӣ муболиғаву мубоҳиса набуда, далели рўшани ташаббускорӣ ва корнамоиҳои оливу ғолиби ў мебошад.
Гарчи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобдор»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ”-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз рўзҳои таъсис то имрўз фаъолияти худро барои амалӣ намудани ҳадафҳои Оиннома, нақша, дастуру супоришҳои роҳбарияти ҲХДТ ва ҷиҳати амалӣ намудани барномаи ҳизб ва иҷрои саривақтии сиёсати бомуваффақу беназири Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомарому садоқатмандона иҷро намудаву намуда истодааст, вале замони ба сари кор омадани Файзализода Ҷумахон Хол фаъолияти ин бахши фаъолияти Китобхонаи миллӣ пуробуранг гардид.
Маврид ба зикр аст, ки кормандони Китобхонаи миллӣ яке аз фаъолтарин аъзои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва ҳатто шаҳри Душанбе буда, онҳо доиман ифтихорманду саодатманд ҳастанд, ки аъзои ҳизбе мебошанд, ки миёни мардуми кишвар маъруф аст ва роҳбарии онро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар зимма доранд ва ҳамчунин, ҲХДТ ҳизбе мебошад, ки ҷомеаи навини тоҷикро дар меҳвари як мафкураи созанда муттаҳид намуд ва ба мо имкон фароҳам овард, ки ормонҳои миллӣ ва таърихиву фарҳангиамонро таҷассум намоем.
Соли 2019 ман ба ҳайси муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” дар Китобхонаи миллӣ ба кор оғоз кардам ва албатта, таҷрибаи андўхтаи солҳои қаблӣ ва диду боздидҳои зиёди корҳои ҳизбӣ ба фаъолияти минбаъдаам осонӣ ба бор овард. Вале дар рафти кор, аз таҷрибаи бойи устод Ҷумахон Файзализода ҳамоно меомўхтам, фикронӣ, ташаббускорӣ ва андешаронии солими ўро дида, илҳом мегирифтам, дилам ба кору ҳушам ба амалигардонии нақшаву ҳадафҳои амиқу дақиқ ва ҳадафмандона гарм мешуд. Устод, дар воқеъ нуктабину дурандешанд, агар гўем чунин ташаббускор ва амалгари корҳои ҳизбӣ ва идеологӣ аз таҷрибаи бою хираду маърифати зотии чуни инсонҳо бармезананд, хато нахоҳад буд.
Аввалин иқдоми пешгирифтаи устод вобаста ба пешбурди корҳои ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” танзими корҳои дохилӣ буд. Устод Файзализода Ҷумахон Хол аввалқадам утоқи кории ҳизбиро дар як гўшаи алоҳидаи Китобхонаи миллӣ ҷой дода, ба тамоми таҷҳизоти корӣ онро муҷаҳҳаз карданд (чанд соли охир утоқи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ яке аз утоқҳои кории идеалӣ шинохта мешавад). Сонӣ, профессор Файзализода супориш доданд, ки ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузории ташкилот бояд ба қоидаҳои оинномавӣ ва барномаву ҳадафҳои ҳизбӣ созгор бошанд. Инро ба назар гирифта, дар як муддати кутоҳ кулли ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” ба рангу оҳанги дигар мукаммалу мураттаб гардонида шуд.
Баъд аз бартарафнамоии камбудиҳои ҷойдошта дар корҳои ҳизбӣ дар Китобхонаи миллӣ устод супориш доданд, ки шумораи аниқи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Муассиса амиқан муайян карда шавад. Тибқи тафтишу азназаргузаронӣ ва шуморидани аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” шумораи онҳо ба 123 нафар мерасид. Дар як муддати кутоҳ бо тарғибу ташвиқи вазифаву ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва барномаву ташаббусҳои он дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз, аз 123 аъзои ҳизб дар соли 2020-и Китобхонаи миллӣ ба 287 нафар дар соли 2021 расонида шуд. Ҳоло бошад шумори аъзои ҳизб дар Китобхонаи миллӣ ба зиёда аз 300 нафар расидааст.
Устод Файзализода Ҷумахон Хол барои дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангпарвона ва хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша тадбирҳои судманд ва саривақтӣ меандешанд. Иштироки фаъолонаи кормандони Китобхонаи миллӣ дар чорабиниву барномаҳои ҳизбӣ, дар маъракаҳои сиёсӣ, фестивалу ҷашнвораҳои ҳизбӣ, ташкил кардани маҳфилу нишастҳои сиёсӣ, таблиғи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ тавассути сомонаи расмии Китобхонаи миллӣ ва саҳифаи Муассиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ далели гуфтаҳои боло мебошанд.
Албатта, дар баробари тадбирандешӣ ва вусъат бахшидани корҳои хидматрасонӣ дар Китобхонаи миллӣ, пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳавӣ (дастовардҳои зиёд доштаи Файзализода Ҷумахон Хол дар Китобхонаи миллӣ дар асари тарҷумаиҳолӣ ва библиографии устод дар маҷмуа библиографӣ ва шарҳиҳолӣ сабт шудаанд, хонандаи азиз метавонад ба он муроҷиат кунад) ва ташаббусҳои корҳои ҷамъиятӣ профессор Ҷумахон Фазйлизода ҳамзамон ташкилдиҳанда ва таъсисдиҳандаи моҳиру тавоно ва доно шинохта мешавад. Имрўз дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифаи расмии Китобхонаи миллӣ бо номи “Китобдор” фаъол аст ва ин саҳифа маҳз бо пешниҳод ва чораандешии устод таъсис ёфтааст ва ному дизайни он ҳатто аз ҷониби қаҳрамони ин сатрҳо тарҳрезӣ шудаву пиёда гардидааст, ки аз фаъолтарин саҳифаҳои расмии идории кишвар дар шабакаи иҷтимоӣ дониста мешавад. Мақсади асосӣ ва ҳадафи ниҳоӣ аз ин саҳифа нишон додани сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат буда, маҳфилу ҳадафҳои ҳизбӣ, соҳаи китобу китобдорӣ пайваста дар он таблиғ карда мешавад.
Дар давраи фаъолияти ҳизбии Файзализода Ҷумахон Хол бисёре аз дастовардҳо бори нахуст насиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” гаштааст. Аз ҷумла, Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” Файзализода Ҷумахон Хол соли 2022 ба “Ифтихорнома”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Муовини Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии Китобдор Зафари Гулмурод барои ишғоли ҷойи дувум дар номинатсияи “Таблиғотчии беҳтарин” дар Фестивал озмун бахшида ба эълон гардидани шаҳри Душанбе “Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил” ва бо мақсади пойдорию боло бурдани нуфузи ҳизб миёни кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ (2021) бо диплом ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардидааст. Соли 2020 низ миёни зиёда аз 70 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” беҳтарин ташкилоти ҳизбӣ шинохта шуд ва бо “Ифтихорнома” ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шудааст.
Умуман, талош ва ташаббусҳои Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” Файзализода Ҷумахон Холро ба назар гирифта, ахиран ў ҳамчун ғолиби озмуни ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин раиси ташкилоти ибтидоӣ” бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дониста шуд. Ин ва дигар муваффақиятҳои Файзализода Ҷумахон Хол ҳамчун олим, донишманд ва фаъоли ҳизбӣ доиман қадрдонӣ шудаву боварии комил дорем, ки ташаббусҳои минбаъдаи устод ҳамеша қадру манзалати худро пайдо хоҳанд кард.
Таваҷҷуҳ ба олимони ҷавон, аъзои ҳизб ва ғайриҳизбӣ ҷиҳати тавсеаи доманаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар КМТ як бахши дигар фаъолияти устод Файзализода аст, ки таҳлили он вақту замони дигар мехоҳад.
Зафари Гулмурод,
сардори шуъбаи котиботи КМТ