Таъмиру тармими беш аз 1600 китоби фарсуда дар як сол

Таъмиру тармимАз аввали соли ҷорӣ то ба имрўз шуъбаи таъмир ва тармими китоб ва ҳуҷҷатҳои Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1602 китобу дигар анвои чопии фарсудашудаи Китобхонаи миллиро таъмир ва муқовабандӣ намудааст.

Моҳи ноябри соли 2024 аз шуъба, бахш ва марказҳои Китобхонаи миллӣ 12 адад мавод қабул карда, кулли онро таъмиру тармим кард.

Маврид ба ёдоварист, ки шуъбаи мазкур дар сохтори Муассиса, аз 20 марти соли 2012 ба фаъолият оғоз кард ва то кунун садҳо китоби фарсудаву аз истифода берунмондаро тармим намуда, ба толорҳои хониш баргардондааст.

Сураё Одинаева, сармутахассиси шуъбаи таъмир ва тармими китоб ва ҳуҷҷатҳо