Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 100 солагии академик Аҳрор Мухторов дар Китобхонаи миллӣ
Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи рисолаҳои илмӣ ҳамоиш ба ифтихори 100-солагии зодрўзи доктори илмҳои таърих, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Сино, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Аҳрор Мухторов, ки дар рушду нумўи илми таърихи ватанӣ саҳми муносиб гузоштаанд, конференсия илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар кори ин корфронс олимону нависандагон ва таърихшиносони саршиноси кишвар ҳамчунин кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар расми ифтитоҳи конфронс Сайфиддин Камолзоода, муовини директори Китобхонаи миллӣ баромад намуда, саҳми Мухтор Аҳроровро дар таърихшиносии кишвар босазо унвон кард.Зимни суханронии худ муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода изҳор дошт, ки дар назди шуъбаи рисолаҳои илмии Китобхона Толори академикҳо ва докторони илм фаъолият дорад, ки вазифаи асосии он ҷамъоварию гурўҳбандӣ ва омўзишу тартиб додани захираи китобхонаҳои шахсии академикҳо ва докторони илм мебошад. Боиси зикр аст, ки дар радифи 34 китобхонаҳои шахсии донишмандони тоҷик дар Толори академикҳо ва докторони илм китобхонаи шахсии академик Аҳрор Мухторов ҳифзу нигаҳдорӣ карда мешавад ва ҳамарўза аз ин захира хонандагони зиёд истифода менамоянд. Дар захираи Китобхонаи шахсии устод 2811 нусха китоб маҳфуз аст ва аз ин ҳисоб 686 нусха ба забони тоҷикӣ, 1139 – ба забони русӣ, 357 – бо ҳуруфоти форсӣ, 124 – ба забони англисӣ, 125 – ба забони дигар халқҳо ва 380 нусха маҷалла ташкил медиҳад.
Сипас, доктори илмҳои таърих, узи вобастаи АМИТ, муаррих ва таърихшинос Ҳайдаршо Пирумшоев дар робита ба мавзуи “Саҳми академик Аҳрор Мухторов дар маъхазшиносӣ ва таърихнигории илмӣ” маърузаи пурмуҳтавое ироа намуд.
Ҳайдаршо Пирумшоев гуфт, ки самти асосии фаъолияти академик Аҳрор Мухторов ба маъхазҳо ва сарчамаҳои таърихӣ равона карда шуда буд. Аҳрор Мухторов дар солҳои таҳсил дар зинаи аспирантура ва таъин шудан ба мудири шуъбаи Дастхатҳои Шарқи Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба кори маъхазшиноси таваҷҷуҳ намуда, аз он замон ба ин шохаи илмӣ таърих таҳқиқотро шуруъ намуд.
Дар идома номзади илмҳои таърих Абдувалӣ Шарифзода дар мавзуи “Саҳми академик Аҳрор Мухторов дар ҷамъоварӣ, таҳқиқ ва муаррифии ёдгориҳои этнографии Осиёи Марказӣ” суханронӣ кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки устод дар илми таърихи ватанӣ аввалин нафаре мебошанд, ки дар омўзишу таҳқиқи катибаҳо қадамҳои устувор гузоштаанд. Маҳз бо ташаббуси Аҳрор Мухторов даҳҳо ва садҳо катиба, шоҳиднома, айбнома, ҳукумнома ва ғайраҳо пайдо шуданд, ки барои омўзиш, таҳқиқ ва таҳлилу баррасии муаммоҳои таърихи халқамон кумак расонид. Самтҳои асосии фаъолияти илмиашон сарчашмашиносӣ ва таҳқиқи таърихи халқҳои Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон мебошад. Ҳамзамон академик Аҳрор Мухторов тавассути асару мақолаҳои пурарзиши илмиашон таъриху маданияти ду минтақаи азими тоҷикнишин – Ўротеппаю (ҳоло Истаравшан) Ҳисорро хело муфассалу мушаххас мавриди омўзишу таҳқиқ қарор додаанд.
Дар қисмати дигари ҳамоиш доктори илмҳои таърих, профессор Сайфулло Муллоҷов суханронӣ кард. Вай иброз дошт, ки сангнавиштаҳо, таҳқиқот дар бахши сарчашмашиносӣ, мавқеи устувори илмӣ ва ҳифзи манфиати миллӣ, тақриз ба навиштаҳое, ки аз илм дуранд ва даҳҳо масъалаҳое, ки онҳоро Аҳроров ба майдони илм овард ва барои ояндагон роҳи дигари илмро боз намуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш филми кӯтоҳе аз ҳаёт ва фаъолияти пурсамари Аҳрор Мухторов ба намоиш гузошта шуд, ки бозгукунандаи олими сермаҳсул ва инсони заминию илмдӯст буд.
Маврид ба зикр аст, ки Дар шуъбаи рисолаҳои илмии Китобхонаи миллӣ 34 китобхонаи шахсии академикҳо ва докторони илм амал мекунанд, ки захираи ҳар кадоми онҳо дорои осори арзишманди илмиву таърихӣ буда, метавонанд талаботи иттилоотии ашхоси риштаҳои гуногуни илмро қонеъ гардонанд.
Дар захираи Китобхонаи шахсии устод асарҳои арзишманди илмӣ ҳифзу нигоҳдорӣ карда мешаванд, аз ҷумла:
- Мухторов, А. Ҳокимони Ўротеппа. – Душанбе, 1996. – 184 с.
- Мухторов, А. Амирон ва вазирони Сомонӣ. – Душанбе: Олӣ
Сомон, 1997. – 76 с.
- Мухторов, А. Нусхаҳои тозаи осори Зуфархон. – Душанбе: Деваштич, 2005. – 51 с.
- Мухторов, А. Дурдонаҳои маданияти Тоҷикистон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон.– Душанбе: Ирфон, 1984. – 205 с.
- Мухторов, А. Мероси ниёгон. – Душанбе: Шарқи Озод, 1999. – 149 с.
- Мухторов, А. Таърихи Ҳисор. – Душанбе: Бухоро, 2015. – 448 с.
- Мухторов, А. Академик Бобоҷон Ғафуров. – Душанбе: Ирфон, 1998.– 183 с.
- Мухторов, А. Шаҳрҳои Афғонистон. – Душанбе: Деваштич, 2003.– 94 с.
- Мухторов, А. Бобоҷон Ғафуров. – Душанбе: Дониш, 1992. – 152 с.
- Мухторов, А. Ҳисор: Очерки таърихӣ. – Душанбе, 1999. – 30с.
- Мухторов, А. Сирри Мазорҳо.– Душанбе, 1964. – 49 с.
- Мухторов, А. Санг ҳам диле дорад. – Душанбе: Ирфон, 1986. – 112 с.
- Мухторов, А. Асрори номаҳо. – Душанбе: Афсона, 1998. – 156 с.
14.Мухторов, А. Авроқи рангини таърих. – Душанбе: Деваштич, 2007. – 389 с.
- Мухторов, А. Рўдакӣ ва мероси ў. – Душанбе: Дониш, 2008. – 126 с.
- Мухторов, А. Курушкада, Истравшан, Уротеппа. – Душанбе: Амри илм, 2000. – 100 с.
- Мухторов, А. Аз таърихи фарҳанги Мовароуннаҳр. – Душанбе: Амри илм, 2001. – 153 с.
- Мухторов, А. Шиблии Истравшанӣ. – Душанбе: Амри илм, 2000. – 36 с.
- Мухторов, А. Афшин Ҳайдари Уструшанӣ бузургтарин лашкаркаши Араб (асри IX). – Истаравшан, 2005. – 101с.
- Мухторов, А. Зуфархон Ҷавҳарӣ. – Душанбе: Деваштич, 2004. – 48 с.
- Мухторов, А. Ҳокимони Ҳисор. – Душанбе, 1996. – 48 с.
- Мухторов, А. Таърихи халқи тоҷик (асрҳои XIV-XIX).Китоби дарсӣ барои синфи 8. – Душанбе: ҶДММ Офсет, 2009. – 168 с.
Хонандагон ва олимону муҳаққиқон метавонанд аз ин ганҷинаи пурарзиш ба таври васеъ истифода намоянд.
Наргис НАЗАРЗОДА