Аҷдодони тоҷик китобхонадор буданд

китобхонадорДар таърихи тамаддуни башар китоб як рукни муҳими фарҳангу маърифати оламиён шинохта мешавад. Бунёди китобхонаҳои аҷдодии халқи тоҷик ҳанўз баробари пайдо шудани хат бо забонҳои бохтарӣ, сўғдӣ, хоразмӣ, портӣ ва оромӣ шурўъ шуда буд. Ҷамъ овардану нигоҳ доштани китобу дастхатҳо ва катибаҳо бо хати мехӣ ҳанўз дар асри VI пеш аз мелод, дар аҳди Ҳахоманишиҳо густариш ёфта буд.

Таърих гувоҳ аст, ки шукўҳи шаҳомати китобхонаи дарбори Ҳахоманишиҳо дар шаҳри Персополис буд, ки дар он китобу навиштаҷоти нодир бо забонҳои ромӣ, портӣ, суғдӣ ва ғайра ҷамъоварӣ ва аз тарафи ҳаводорони илму дониш мутолиа карда мешуданд. Вақте Искандари Мақдунӣ қаламрави империяи худро густариш мебахшад, аз ҷумла дар мулкҳои Бохтару Суғд ва ҳоразму Порт хат ва забони юнониро ҷорӣ намуда, хату забонҳои юнониву маҳаллӣ иншо мешуданд, ки то замони Кушониён идома ёфт.

Китобдориву китобхонаҳо, хусусан дар замони салтанати Сосонӣ аз нав ривоҷ ёфт. Дар дарбори Сосониён Академияи улум, фарҳангистони бузурги «Гунди Шопур» фаъолият дошт, дар ҷаҳон беназир буд. Дар даромадгоҳи ин фарҳангистон навишта шуда буд: «Донишу хирад тавонотар аз шамшер аст».

Ин китобхона дорои 250 ҳуҷраи пур аз китоб буд, ки ба забонҳои паҳлавӣ, бохтарӣ, хоразмӣ, суғдӣ, юнонӣ навишта ва тарҷима шуда буданд. Китобдорӣ ва китобхонасозӣ дар замони ба сари қудрат омадани сулолаҳои тоҷикии хонадони Бармакиён, Тоҳириён, Саффориён ва дар аҳди Сомониён эҳё шуда ривоҷу равнақ ёфтааст.

Имрўз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таърихиву сиёсат ва маорифу фарҳанги халқамон боз ҳам боло меравад. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба шарофати ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштан ба китоб ва тарғибу ташвиқи он дар кишвар ба ҳар як шахс ва ҷомеи навини Тоҷикистон табдил ёфтааст. Яке аз иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат дар кишвар эълон намудани озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки дар тамоми гўшаву канори мамлакат дўстдорони китоб зиёд шуда, ҷавонон ва наврасонро барои мутолиаи китобҳои бадеию таърихи ҷалб намуд.

Хулоса, халқи тамаддунпарвару тамаддунсози тоҷик китобро муқаддас медонанду онро ҳамеша бо камоли эътиқод рўи даст мегиранд. Мардуми сарзамини моро месазад, ки аз ин боргоҳи хираду маърифат пурсамар истифода бурданро ба фарзандони хеш биомўзанд, то онҳо идомадиҳандагони хирадпарвари аҷдоди хеш бошанд.

Ҳасанова Хадича, мутахассиси пешбари шуъбаи нигоҳдории китоб.