Шуарои Эрон. Имоди Хуросонӣ
Сайид Имодиддини Хуросонӣ, мутахаллис ба Имоди Хуросонӣ фарзанди Сайид Тақии Муин аз Содоти Разавӣ аст. Имод дар соли 1921 дар Машҳад мутаваллид шуд ва аз шонздаҳсолагӣ месуруд.
Имоди Хуросонӣ аҳли мусиқӣ ҳам буд ва тор менавохт ва садои бисёр дилнишине дошт.
Девони ў ҳовии ғазалиёт, қасоид маснавиҳо ва дигар қолабҳои шеърӣ аст. Имод шоире самимӣ ва саршор аз эҳсосу отифа буд ва ҳудуди сӣ ҳазор байт шеър суруд ва девонаш танҳо дарбаргирандаи се ҳазор байт аст, бо муқадимаи Ахавони Солис.
Ғазалиёти Имод ба дур аз такрору тақлид аст ва бо ин ки дар қолаби классикӣ ва куҳан аст, аммо саршор аз навгироӣ ва навандешии шоирона аст ва хонанда метавонад ба роҳатӣ бо ашъори ў иртиботе ҳиссӣ ва отифӣ барқарор кунад. Имодро метавон шоири ишқ ва ринд муаррифӣ кард.
Дар бораи шоирии ў метавон гуфт, ки ҳарчанд коркарди аносири шеърӣ ва фазои умумии шеъри Имод мутаалиқ ба қаламрави классик аст, аммо ба ҷуръат метавон гуфт, ки ў дар ғазалиёташ ҳузури ҷиддӣ дорад ва даруниёту таҷрибиёту авотифу эҳсосотро аз руҳу замири худаш вориди шеър мекунад ва шеъри даруниву зотӣ руҳу равонаш гаштааст ва ҳамин нукта аст, ки ба ғазалаш руҳи таровату тозагӣ дода, бо ин ки тақрибан ҳамаи аносири шеъраш қадимист, аммо хонанда бо он эҳсоси хешӣ ва ҳамовоӣ мекунад. Ахавони Солис дар бораи ў мегўяд «Бешак, Имод дар ғазалсароӣ аз шуарои барҷаста ва тирози аввали муосир аст ва дар қиёси васеътар аслан сухани ў аз ину он мутамоиз аст». Дар ниҳоят, ғазали Имод ойинаи тамомнамои зиндагии ўст. Ойинае на танҳо ҳолати шигифтиву шўридагӣ ва сармастиу беихтиёрӣ ва девонагии шоирона, ки ҳатто ҳиқ- ҳиқи гиряву наъраи шайдое ва бонги эътирозро дар он метавон шунид.
ИН ДУ ҒАЗАЛ АЗ ӮСТ:
ГИРЯИ БЕИХТИЁР
Кардам ба дасти хеш, табаҳ рўзгори хеш,
Дар ҳайратам ба ҷони азизон ба кори хеш.
Оташ задам ба хирмани парвонаву чу шамъ,
Месўзам аз шиканҷаи шабҳои тори хеш.
Он сайди гирхўрдаи аз боғ рафтаам,
К- аз хун навиштаам ба чаман ёдгори хеш.
Он абри саркашам, ки ба як лаҳза хирагӣ,
Боридаам тагарг ба боғу баҳори хеш.
Гирям гаҳе ба хандаи девонавори худ,
Хандам гаҳе ба гиряи беихтиёри хеш.
Чун лола ба хок биафтад пиёлаам,
Фориғ намешавам зи дили доғдори хеш.
Чун шамъ ашк мешавадаш ҷумла тан Имод,
Аз баски гиря кард бар аҳволи тори хеш.
ОҲАНГИ ҶАНУБӢ
Боз оҳанги ҷануб мезанӣ, эй тор имшаб,
Гўямат розею дар парда нигоҳ дор имшаб.
Ончи з-он тори сари зулф кашидам шабу рўз,
Мў ба мў ҷумла кунам пеши ту изҳор имшаб.
Ишқ ҳамсояи девор ба девори ҷунун.
Ҷилвагар карда рухаш аз дару девор имшаб.
Аз фазо бўи дили сўхтае меояд,
То кӣ шуд боз дар он ҳалқа гирифтор имшаб?
Сўзиву нолаи беҷо накунӣ, эй дили зор.
Хуб то шамъ шудӣ ҳамдаму ҳамкор имшаб,
Эй басо шаб, ки ба рўзи ту нишаста, эй шамъ,
Кош сўхтем чу парвона ба як бор имшаб.
Оташ аст ин ва сухан, бас кун аз ин қисса, Имод
Варна сўзад қаламат дафтари ашъор имшаб.
Аз китоби Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”. Душанбе, 2012.
Таҳияи Фирӯза Раҳимова, муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ – библиографӣ.