Китоб ва китобхона дар даврони Истиқлол

КитобхонаДар даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин росто хеле корҳоро ба сомон расонидааст. Тўли солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар як қатор қонуну барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд, ки дар рушду нумўи соҳаи китобу китобдорӣ нақши бузург гузоштанд. Бахусус, азму талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаазами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китобу китобдории тоҷик такони бузург бахшидаанд.

Дар заминаи суннатҳои мавҷудаи фарҳангӣ ва анъанаҳои арзишманди китобу китобдории миллӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадами китобхонаҳои давлатҳои рушдёфта ва меъёрҳои байналмилалии соҳаи китобдорӣ дар Тоҷикистон такмил дода шуд. Мавриди истифода қарор гирифтани бинои наву замонавии Китобхонаи миллӣ, нашри асарҳои адабиву таърихӣ ва илмию фарҳангӣ, кушодани мағозаҳои фурўши китоб ва баргузории ҳаргуна чорабиниҳову озмунҳо, на танҳо дар замони истиқлолият, балки дар таърихи китобдории миллати тоҷик дарстоварди бесобиқа маҳсуб меёбанд.

Шоиста ба зикр аст, ки ҳар як иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус мактабиён, донишҷўён, наврсону ҷавонон ва умуман кишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.

Бо Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа аз ҷумла хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳамасола доир мегардад.

Ин иқдоми фарҳангӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхона дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархўрди тамаддуну қудратҳо ва ҷой доштани равияву гурўҳҳои ифротию тундгаро тадбири мубраму саривақтӣ аст. Ҷавонони соҳибхираду босавод ва дорои маърифати сиёсӣ ҳаргиз фирефтаи дасисаҳои муғризона намегарданд.

Мо итминони комил дорем, ки бо эълон гардидани ин озмун на танҳо таваҷҷуҳи аҳли илму адаб, мактаббачагон ва донишҷўён ба мутолиа ва китоб бештар мегардад, балки як такони ҷиддие барои ба китоб рў овардани кишрҳои дигари ҷомеа низ хоҳад буд.

Тавре аз Низомномаи озмун бармеояд, номинатсияи озмун аз рўи ҳифз намудан ва хондани осори адибони классику муосири тоҷик, адабиёти бачагона, афсонаҳо ва ривоятҳои халқӣ ва адабиёти ҷаҳон миёни тамоми қишрҳои ҷомеа баргузор мегардад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бори дигар аҳли ҷомеа ба осори гузаштагон, андешамандон ва фарзонагони ин миллат барои кулли мардум, бавижа насли ҷавони ояндасоз ва фарҳангдўсти тоҷик зарур ва саривақтӣ мебошад.

Аз омўзиш ва мавриди баррасӣ қарор додани осори илмӣ, адабӣ ва фикриву таърихии меҳани гузаштагон ҷомеаи навин огоҳ мешавад, ки гузаштагони ин миллат аз чигуна фарҳангу маданияти дурахшоне бархурдор будаанд, чигуна меандешиданду чигуна мезистанд ва чигуна тавонистаанд тамоми илму фарҳанг бавижа, тамаддуни дунёи Ғарбро тайи қарнҳои гузашта мадюни худ созанд. Ин бузургон ҳама донишҳо ва мувафаққиятро аз китоб ҳосил намудаанд.

Дуруст аст, ки мутолиаи китоб ягона роҳе барои ошноӣ ва гуфтугў бо бузургони рўзгордида, ки қарнҳо пеш умр ба сар бурдаанд, хоҳад буд.

Хушбахтона, дар даврони истиқлол фурсате падид омадааст, то барои бозёбии ҳувийяти фарҳангӣ ва эҳёи тамаддуни пуршукўҳи миллӣ, талошҳое аз сўи ҳама фарҳангдўстон ва аҳли қалам сурат гирад. Муҳимтарин ҳадафи озмуни мазкур низ дар ин росто ҳувийятдор кардани насли имрўз ва эҷодиёту иртибот байни наслҳо, бавижа бо гузаштаи дурахшони кишвари азизамон мебошад.

Дар воқеъ, мутолиа намудани китоб фаъолияти боарзише мебошад, ки муҷиби пешрафти ҷомеа дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла фановарӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад. Чуноне донишманди файласуф Суқрот мегўяд, «Ҷомеа вақте фарзонагиву саодат мебинад, ки хондану мутолиа кори ҳаррўзаашон бошад». Аммо бисёре аз афроди ҷомеаи имрўза ин муҳиммиятро нодида гирифта, вақти пурарзиши умри худро сарфи мутолиаи китоб қарор намедиҳанд.

Донишмандон китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омўзгори беминнат, ҳамсўҳбати хушгуфтору беозор номидаанд. Зеро китоб чун хуршед фазои зиндагиро равшан мекунад, чун борон бар сарзамини қалбҳо меборад ва андешаҳову кирдорҳоро равнақу зебоиву тароват медиҳад. Китоб нақше ба монанди парандагон ба одамӣ дорад, ки ўро барои бол кашидану парвоз намудан омода месозад. Дар партави китоб аст, ки шукуфоӣ, сарсабзиву боландагии фарҳангу маърифати мо ба авҷ мерасад. Китоб волотарин ҷойгоҳро дар густурдаҳои фардиву иҷтимоӣ дорост, ки бар қалбҳову андешаҳо медурахшад ва пайваста бар зиндагӣ нурафшонӣ хоҳад кард.

Дар охир қайд кардан бомаврид аст, ки наврасон ва ҷавонони даврони истиқлол бештар ба китобхониву донишандўзӣ рў оваранд, то ин ки ояндаи давлату миллат дар дасти наврсону ҷавонони бонангу баномус хоҳад монд. Давлате, ки мардуми босаводу фарҳангдўст дорад,  давлат ҳамеша пешрафту нумуъ мекунад ва дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳ ва мавқеи  худро касб менамояд.

Насиба Даниярова муовини сардори
шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ