Марз ва марзбонӣ. Кайқубодшоҳ
Шаҳр-истеҳкомест дар ҷануби кишвар, ки дар асри 2 то милод ва асри 3 милодӣ азамату ҷалол доштааст. Шаҳри аз лиҳози ҳандаси росткунҷа (295—х390м) бо деворҳои баланди похсангин ва хишти хом иҳоташуда манору бурҷҳои канорӣ доштанд.
Муҳаққиқон бадин натиҷа расидаанд, ки дар бунёд ва дастури хоссаи истеҳкомсозӣ истифода шудааст. Воқеан сохтмони иншоот аҷиб аст. Дар қалъа дар дохили деворҳо роҳравҳо сохтаанд ва хонаҳои сарбозон мадхали бурҷҳоанд. Баландии бурҷҳои дидбонӣ 12, 6-13, 6 метр буда масофаи байнашон 17-20 метр мебошад. Деворҳои ҳимоявии то 4м ғафсӣ доштанд. Аҷибаш ин аст, ки деворҳо ду қабатанд. Девори якум паҳнтар ва устувортар будааст. Миёни деворҳо роҳрави танге вуҷуд дошта, ки дар баъзе ҷойҳо фосилаи 2,5-м ро ташкил медод. Ин роҳравҳои болопўшида ҳаракати хуфя ва бехатари муҳофизонро ҳангоми набардҳо таъмин мекард. Шаҳрак чор дарвоза ва бурҷҳои ба борҳо часпида дошт. Муҳофизон дар амонӣ мушоҳиду нозир ва пайкару набард сарбозу ҳомӣ буданд. Ба қавли Э.Раҳмон: “Дар болои деворҳои шаҳристон кунгураҳои қавӣ ва тиркашҳои мувофиқ сохта буданд, ки аз баланди афкандани тирҳо ва боздоштани ҳамин душманро хеле осон мекард.
Қисмати шимолӣ бо манораҳои иловагӣ дидбонӣ шуда аз шаҳр берун ба амнияту ҳаракати бомайлони корвонҳои тиҷоратӣ мусоидат мекарданд.
Ҳафриёт шаҳодат дод, ки деворҳои шаҳристони Кайқубодшоҳ ғайр аз 16 бурҷи кунҷӣ, иловатан 2 бурҷи берунӣ ва 9 бурҷи дохилӣ дошт, ки ҳар кадоми онҳо аҳаммияти хосаи мудофиявӣ ва вазифаи муҳимми стратегиро ба ҷо меоварданд.
Қалъаҳои Бадахшон
Замони истиқлолият роҳи васеъ дар омўзиши осори пешин гузошт. Дар ин ҷода нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдат- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Сиёсати фарҳангпарастонааш имконият дод омўзиш, нигоҳдорӣ ва тармими ёдгориҳо ба хотири хештаншиносӣ ва ватанпарастӣ дар зинаи зарурӣ корбаст шавад. Дар ҳама сафарҳояш дар баробари таваҷҷўҳ ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанги вилоят ва рўзгори сокинонаш ва тақдири қалъаҳои беназири Қаҳқаҳа, Ямчун, Ратм, Зангибор ва Варшиқалъа мароқ зоҳир мекунад.
Аз Дарвоз ба баъд дар тамоми Бадахшон қалъаҳои зиёданд, ки масъулияти расондани ахбор ва мудофиаро доштанд, ба хусус дар Бадахшон, ки аз замони кушониён роҳи абрешим аз ин минтақа мегузашт. Ба ин матнҳои хаттӣ, осори сайёҳи чинӣ Сюан Тзан ва Марко Полои венетсиягӣ гувоҳанд. Яке аз марзҳои обод Ишкошим ва Вакон буд. Марко Поло менависад, ки Скасем вилояти калон буда, мардуми Вакон дар ҳарб диловаранд. Ва яке аз сабабҳои бунёди низоми қалъабандии қавии минтақа бо роҳи абрешим вобаста аст. Қалъаи Сист (соҳили рости рўди Панҷ, ҷануби д.Андароб), қалъаи Ишкошим (соҳили рости рўдаки Харавук, то имрўз тиркашҳои чоркунҷаи дуқабата, гирдашаклу нимдоира боқӣ мондааст), Кофарқалъа (5 км дуртар аз д.Ран, ки аз дидбонгоҳҳои зиёд ва ҳуҷраҳои аз хишт бунёд шуда иборат аст, ки дар соҳили рости рўдаки Харев, болои кўҳи барҷаста қомат кашидааст), Қалъаи Ямчун, Виршиқалъа, Қалъаи Зангибор, Қалъаи Ратм, Қаҳқаҳа ва ғайра мебошад, ки дар баландӣ ва соҳили рўдҳо бунёд шуда қобилияти мудофиявии сарзаминро дучанд мекарданд.
Дар миён қалъааҳои Қаҳқаҳа, Ратм, Асор ва Ямчун миёни мардуми тоҷик бештар шуҳрат доранд.
Қалъаи Қаҳқаҳа
Қалъаи Қаҳқаҳаро сифату ривоят то ин замон расида ва гўё ончунон баланд будааст, ки ба сони кўҳи бузурге менамуда. Ва мардум ба ривояту афсонаҳо печониданаш Қалъа аз рўйи пажўҳиш ба асри 3 милод тааллуқ дошта, дар соҳили рости рўди Панҷ, як км дуртар дар шарқи дарёи Намадгути Поёни дар баландӣ бунёд шудааст.
Қалъа аз хишти хом таркиб ёфта, ғафсии девораш то 1 метр мерасд. Тиркашҳо аз сатҳи фарш дар баландии 0,250,35м ва масофаи байнашон аз 1мто 2,7м мебошад.
Аз китоби Ҷонибек Асрориён ва
Анушервон Асрориён “Марз ва марзбонӣ”,
Душанбе соли 2017.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.