Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 24 –уми декабр

Як-рузи-адабиёт-24-12-2024Соли 1798 дар мазрааи Заосйе дар наздикии шаҳри Новогрудок шоири лаҳистонӣ ва белорус Адам Митскевич, яке аз се шоири бузургтарини давраи романтизм чашм ба олами ҳастӣ кушод.

Соли 1812 падари Адам вафот кард ва  оилаи онҳо дар вазъияти душвор қарор гирифт. Сиёсати бераҳмонаи ҳукумати Русия дар ин қаламрав ба ташаккули шахсияти шоир таъсири сахт расонд. Соли 1815 ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи Вилнюс дохил шуд. Баъди хатми мактаб дар Ковно омўзгор шуда кор мекард.

Митскевич дар соли 1817 зери таъсири ғояҳои озодихоҳӣ ҳамроҳи якчанд рафиқаш «Ҷамъияти филоматҳо»(«ҷамъияти накўкорон») -ро таъсис дод.

Соли 1823 дар асоси парвандаи созмонҳои филоматӣ-филаретӣ ба ҳабс гирифта, аз Литва ронда шуд (1824) ва то соли 1829 дар Русия монд (Петербург, Одесса, Маскав). Дар ин ҷо ў ба иштирокчиёни ҳаракати декабристҳо: К. Рилеев, А.Бестужев ва нависандагони намоёне, ки ба истеъдоди ў баҳои баланд доданд, шиносоӣ пайдо кард.

Дар Русия китоби ашъори ў «Сонетҳо» (1826) (сонетшеъри чордаҳмисраа, ки аз ду рубоӣ ва ду мусаллас иборат аст) бо силсилаи «Сонетҳои Қрим» ва соли 1828 шеъри «Конрад Валленрод» аз чоп баромаданд.

Соли 1829 вай аз Русия баромада, ба Олмон, Швейтсария ва Италия сафар кард. Шоир баъди кўшиши нобарори ҳамроҳ шудан ба шўриши соли 1830 абадан дар Порис, дар бадарға монд ва фаъолияти адабию инқилобии худро идома дод.

Адам Митскевич муаллифи эпоси миллии «Пан Тадеуш» (1832-1834) ба шумор меравад, ки он ба энсиклопедияи ҳаёти Лаҳистони қадим, шоҳасари тасвири лафзӣ, тасниф ва фардикунонии қаҳрамонҳо табдил ёфт.

Соли 1818 дар Саутворк шоири англис Элиза Кук ба дунё омад.

Соли 1851 дар Китобхонаи Конгресс сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа аз се ду ҳиссаи тамоми китобҳои он, ки он вақт 55 ҳазор нашрияи гуногунро ташкил медод, ба коми оташ рафт.

Вилям ТакерейСоли 1863 дар Лондон,  ҳаҷвнависи англис, устоди романи реалистӣ Вилям Такерей дар синни 52-солагӣ аз сактаи мағзӣ даргузашт.

Нависанда Вилям Такерейро бо романи ҳаҷвии «Бозори ғурур» ҳамзамононаш мешиносанд, аммо дар эҷодиёти ӯ аз «Китоби нозпарварон» то афсонаи «Садбарг ва ангуштарин» бисёр асарҳои нодир мавҷуд аст. Нависанда дар тўли 52 соли умри худ даҳҳо роману повест эҷод кард, ки симои ҷомеа ва ҳокимиятро фош намуда, дар ёди аҳли олам ҳамчун тасвиргари каломи «нешдор» боқӣ монд.

Вилям Макепис Такерей 18 июли соли 1811 дар Калкутта, мустамликаи Бритониёи Ҳиндустон таваллуд шудааст. Вай  ҳарчанд яккафарзанди Ричмонд Такерей ва Энн Бехер буд, аз муҳаббати волидайн маҳрум буд. Падараш дар соли 1815 аз табларза вафот кард ва пас аз як сол модар Вилямро ба Англия фиристод. Ин ҷудоӣ ба кӯдак сахт таъсир кард, чунки ў ба модар дилбастагии зиёд дошт.

Дар соли 1817, модараш бо ишқи аввали худ Ҳенри Кармайкл-Смит издивоҷ кард. Пас аз се сол онҳо ба Англия кӯчиданд. Вилям пас аз ҷудоии тӯлонӣ бо модар вохўрд, аммо он дер давом накард: ин даъфа ӯро ба мактаби хусусии Чартерхауси Лондон фиристоданд. Дар он ҷо Вилям бо карикатуристи оянда Ҷон Лич шиносоӣ пайдо карда, дӯст шуд.

Дар соли охири таҳсил Вилям бемор шуд ва дохилшавии ӯ ба Коллеҷи Тринити Кембриҷ то моҳи феврали соли 1829 мавқуф гузошта шуд. Ҷавон ба илмҳои дақиқ таваҷҷўҳ надошт, дар маҷаллаҳои донишгоҳии «The Snob» ва «The Gownsman» мақолаҳои ҳаҷвӣ чоп мекард. Такерей ба таҳсили худ мутобиқ шуда натавонист, соли 1830 Кембриҷро тарк карда, ба Порис ва Веймар рафт ва дар он ҷо бо Иоганн Волфганг фон Гёте шинос шуд.

Вилям дар синни 21-солагӣ аз падараш мерос гирифт. Ў як қисми пулро дар қимор аз даст дод ва боқимондаашро ба рӯзномаҳои бедаромади “The National Standard” ва “The Constitutional” сармоягузорӣ кард, ки дар онҳо мақсади нашр кардан дошт. Муфлисшавии ду бонки Ҳиндустон, ки боқимондаҳои мерос дар онҳо нигоҳ дошта мешуданд, Такерайро бенаво кард. Ў бо тасвири карикатураҳо рўз мегузаронд, ки бо онҳо баъдтар саҳифаҳои асарҳояшро зебу зинат медоду ҳамзамон бо маҷаллаи «Мағоза Фрейзер» ҳамкорӣ мекард. Маҳз дар ин нашрия аввалин асари назарраси нависанда «Катерина» нашр шудааст.

Асари тарҷумаиҳолии Уилям Ҳаррисон Эйнсворт, ки дар бораи дузд ва қаллоби ангилиси аввали асри XVIII  «Ҷек Шеппард» буд, ба Такерея барои эҷоди «Катерина» илҳом бахшид. Нависанда дар романи худ ҷинояткори хатарнокро ошкоро тамаллуқ карда буд, бинобар ин Такерей тасмим гирифт, ки ҷаҳони ҷиноятро тавре, ки ҳаст ҳақиқатан тасвир кунад, яъне зишт.

Қаҳрамони асосии повест Катерина Хейз, охирин зани англисест, ки дар оташ зинда сӯзонда шудааст. Сабаби чунин ҷазои сангин, ба қатл расонидани шавҳараш буд. Сарфи назар аз мақсади нависанда, ки бадном кардани ҷинояткорон буд, Катерина бо ду маъшуқаш, ки дар куштор даст доштанд,  ҳисси ҳамдардӣ ва дисўзиро бедор мекунанд.

Ба Такерей асари бадастомада писанд наомад, аз ин рӯ, дар тӯли умри худ «Катерина» танҳо як маротиба рўйи нашрро дид, аз моҳи майи соли 1839 то феврали соли 1840, ҳикоя дар саҳифаҳои «Fraser’s Magazine» бо тахаллуси Айки Соломонс, Эсквайри хурдӣ нашр шудааст.

Дар соли 1844 худи ҳамин маҷалла романи дуюми «Ҳирфаи Барри Линдон»-ро нашр кард, ки баъдтар таҳти унвони «Ёддоштҳои Барри Линдон, Эск., навишти худаш» аз нав нашр шуд.

Соли 1975 аз рўи ин роман филми “Барри Линдон” ба навор гирифта шуд, ки  ба яке аз беҳтарин филмҳои Стэнли Кубрик табдил ёфта, сазовори 4 ҷоизаи «Оскар» шуд.

Романи «Бозори ғурур» ба нависанда шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Ба ақидаи худи Текерей, ин асар ӯро «ба қуллаи эҷодӣ» расонд. Воқеаҳои роман дар пасманзари ҷангҳои Наполеон рӯй медиҳанд.

Такерей «Бозори ғурур»-ро “романи бе қаҳрамон” меномид, аммо таваҷҷӯҳи ин достон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати Мис Пинкертон Эмили Седли ва Ребекка Шарп нигаронида шудааст.

Ӯ дар асараш ҷомеаро ба мисли як бозор тасвир мекунад, ки дар он ҳама чиз: арзишҳо, муҳаббат, эҳтиром харидаву фурӯхта мешаванд.

Нависандаро пас аз нашри роман, ба он айбдор карданд, ки ҷомеаро аз ҳад зиёд торик тасвир мекунад ва Такерей дар посух гуфт, ки одамонро «зишту нафратовар ва худхоҳ» мебинад. Аммо ў ҳангоми маҳкуми ашрофону мулкдорон, амалдорон ва дипломатҳо мақсадаш паст задани онҳо набуд. Баръакс, мехост, ки чашми ҷомеъаро боз кунад, то худхоҳӣ ва бадкирдориҳои худро бинанду аз пайи ислоҳи он шаванд.

«Бозори ғурур» машҳуртарин асари Такерай аст. То имрўз аз рўи ин асар зиёда аз 20 филм ба навор гирифта шудааст.

Такерай ба ғалабаи адабӣ ноил шуда бошад ҳам, аммо аз навиштан даст накашид. Дар соли 1850 романи «Пенденнис»Таърихи Пенденнис”) нашр шуд.

Пас аз ду сол, Такерей романи «Таърихи Генри Эсмондро» нашр кард, ки нависанда онро дар библиография беҳтарин ҳисоб мекард. Аммо нависандаи англис Ҷорҷ Элиот ин асарро “нороҳаттарин китобе, ки шумо метавонед тасаввур кунед” номид. Ҳамзамони Такерей инро ба он хотир чунин шарҳ додааст, ки зеро дар тӯли роман Ҳенри Эсмонд мехоҳад дили як духтареро ба даст орад, аммо ҳикоя бо издивоҷи ӯ бо модари ҳамон духтар хотима меёбад. Дар соли 1859 ин ҳикоя бо романи «Вирҷинияҳо» идома ёфт.

20 июли 1836 Уилям Такерей бо Изабелла Гетин Шоу издивоҷ кард, онҳо соҳиби се фарзанд шуданд.

Таваллуди духтари сеюмаш Гарриет ба як ҳодисаи фоҷиавӣ дар ҳаёти Такерей табдил ёфт: занаш аз афсурдаҳолии пас аз таваллуд азоб мекашид. Дар моҳи сентябри соли 1840 Такерай мехост дар ин давраи душвор ба Изабелла кӯмак кунад ва бо ӯ ба Ирландия рафт. Ҳангоми убури баҳр Изабелла аз тирезаи ҳоҷатхона ба баҳри кушод худро сарозер кард, аммо ӯро наҷот доданд.

Моҳи ноябри соли 1840 ҳолати рўҳии Изабелла бад шудан гирифт. Ў 5 соли ояндаро дар беморхонаҳои равонпизишкии Порис  сипарӣ кард ва сипас таҳти назорати ҳамшираҳои шафқат қарор гирифт.  Зан тамоми умр дигар шифо наёфт, аммо аз шавҳараш 30 сол зиёд умр дида, дар соли 1894 даргузашт.

Саломатии Вилям Такерей дар аввали солҳои 1850 бад шуд, илова бар ин, нависанда эҳсос кард, ки илҳоми худро гум кардааст. Аз ин рӯ, ӯ ба сӯиистифодаи ғизо ва машрубот шурӯъ кард ва ҳамчун “бузургтарин адиби пурхӯр” маъруф гардид. 23 декабри соли 1863 нависанда баъди таоми шом ба хона баргашта, сактаи мағзӣ гирифт. Субҳи рӯзи дигар тани беҷони Такерай ёфт шуд. Марги нависандаи 52-сола ғайричашмдошт буд. Дар Гарденси Кенсингтон дар маросими дафн беш аз 7000 нафар ширкат карданд.

Александр ФадеевСоли 1901 дар Кимри нависандаи шӯравӣ, барандаи Ҷоизаи Сталини дараҷаи 1 (1946), дорандаи ду ордени Ленин, АлександрФадеев ба олам омад.

Александр Александрович Фадеев дар оила кӯдаки маҳбуб буд, ки волидонаш ба таҳсили ӯ ва хоҳари калониаш Татяна аҳамияти зиёд медоданд. Александр аз хурдӣ хонданро ёд гирифт ва осори Ҷек Лондон, Фенимор Купер ва Жюл Вернро бо шавқу завқи зиёд мутолиа мекард. Дере нагузашта ў бо аввалин эҷодиёти адабӣ дар шакли афсонаю ҳикояҳо волидонашро мафтун кард.

Соли 1910 Александр ба Владивосток ба дидорбинии холааш рафт ва он ҷо ба мактаби тиҷоратӣ дохил шуд. Дар мактаб ӯ худро ҳамчун беҳтарин донишҷӯи синф нишон дод. Дар замони таҳсил дар рӯзномаи донишҷӯӣ ба нашр шурӯъ карда, ҳатто барои ҳикояву шеърҳояш соҳиби ҷоиза шудааст. Александр ба хотири таъмини рӯзгори худ ва ба аммааш ёрӣ расондан ба ҳайси мураббӣ низ кор карда, ба хонандагони душвортарбия  хондану навиштанро меомўхт. Бо вуҷуди муваффақияти дурахшони илмӣ вай ягон маротиба соҳиби диплом нашудааст: дар соли 1918 вай ба сафи инқилобчиён дохил шуда, аъзои фаъоли гурўҳи пинҳонии болшевикон гардид. Фадеев ҳамчун аъзои ин гурўҳ дар задухўрдҳо бо гвардиячиёни сафед иштирок карда, замони шўриши Кронштадт захмӣ шуд. Нависанада ба Москва барои муолиҷа рафта, баъдтар он ҷо муқимӣ шуд.

Аввалин асари ҷиддии Фадеев – повесте бо номи «Туғён» буд, гарчанде ки он чоп шуда бошад ҳам, диққати хонандагонро чандон ба худ ҷалб накард. Бо вуҷуди ин, достони навбатии ӯ бо номи «Шикаст» маъруфияти зиёд пайдо кард ва дар фаъолияти адабии нависанда нақши муҳим бозид. Натиҷаи ҳамин буд, ки муваффақияти он Фадеевро рўҳбаланд кард ва ў дарҳол баъди ба охир расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба эҷоди асари асосии адабии худ – «Гвардияи ҷавон» қалам ба даст гирифт. Александр Александрович барои офаридани ин роман аз китоби «Дилҳои диловар»-и рўзноманигорон Владимир Лясковский ва Михаил Котов илҳом гирифтааст. Соли 1946, вақте ки «Гвардияи ҷавон» аз чоп баромад, хонандагон романро бо хурсандӣ пешвоз гирифтанд.

Як қатор асарҳои нависанда аз ҷумла «Охирин аз Удеге», «Тўли 30 сол», «Гвардияи ҷавон» ба солномаи адабиёти классикии рус дохил шудаанд.

Дар солҳои баъд иҷангӣ Александр Александрович роҳбари Иттифоқи нависандагони ИҶШС буд.

Ҳаёти Александр Александрович Фадеев 13 май соли 1956 ба таври фоҷиавӣ канда шуд.

Джеймс Хедли Чейз
Соли 1906 нависандаи англис Ҷеймс Ҳедли Чейз, муаллифи 93 романи корогоҳӣ дар Лондон ба олам омад.

Падари Ҷеймс мехост, ки ӯ ба илм машғул шавад, аз ин рӯ писарашро барои таҳсил ба Мактаби Кинг фиристод. Дар 18-солагӣ, Чейз хонаро тарк кард ва дар соли 1932 оила барпо кард. Дар он солҳо Ҷеймс дар дӯкони китоб кор мекард ва маҳз ин кор ба ӯ илҳом бахшид, ки аввалин эссеҳои кӯтоҳашро нависад.

Соли 1939 асари «Ба хонум Бландиш саҳлаб надиҳед»-ро навишт. Ин асар маъруфияти ҳайратангез пайдо кард ва яке аз серхаридортарин китоб дар тамоми даҳсола гардид. Дар баробари ин нависанда романи «Он чи, ки сазовор ҳастӣ»-ро соли 1941 ба табъ расонд, ки он низ маъруфият пайдо кард.

Ҳарчанд номи аслии муаллиф Рене Лоҷ Брабазон Рэймонд буд, аммо вай бо тахаллуси гуногун, аз ҷумла Ҷеймс Ҳэдли Чейз, Рэймонд Маршалл ва Эмброуз Грант маъруф буд.

Дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, Чейз дар неруҳои ҳавоии шоҳӣ хидмат карда, рутбаи роҳбари эскадриляро дошт. Вай маҷаллаи Нерӯҳои ҳавоии шоҳиро таҳрир мекард ва пас аз ҷанг ба китоби «Slipstream: A Anthology Force Air Force» чанд мақола нашр кардааст.

Пас аз ҷанг Ҷеймс китоби «Ўро миёни савсанҳо гузоред»-ро (1950) навишт.

Ҷеймс Ҳедли Чейз нависандаи барҷастаи англис, муаллифи машҳуртарин триллерҳои асри ХХ ба шумор меравад.

Нависанда 6 феврали соли 1985 дар Корсо-сюр-Вевей (Швейтсария), ки дар солҳои 60-ум бо ҳамсараш ба он ҷо кӯчида буданд, даргузашт.

Фриц Лейбер
Соли 1910 дар Чикаго нависандаи асарҳои жанри тахайюлии амрикоӣ Фритс Лейбер, барандаи шаш ҷоизаи «Ҳуго» ва чаҳор ҷоизаи «Нубела» ба олам омад.

Аҷдодони Лейбер муҳоҷири олмонӣ буданд. Ӯ дар оилаи ҳунарпешагон ба воя расидааст. Хатмкардаи Донишгоҳи Чикаго (Иллинойс) мебошад. Аввалин асари илмӣ-тахайюлии ў достони «Ду моҷароҷӯ» буд, ки соли 1939 дар маҷаллаи Ҷон Кэмпбелл ба табъ расида буд.

Дар соли 1943, Фритс Лейбер машҳуртарин романи даҳшатноки худ “Ҷодугарро навишт, ки муваффақияти назаррас ба даст овард. Роман борҳо ба навор гирифта шудааст ва худи ин ақида борҳо дар силсилафилмҳои телевизионӣ ва асарҳои адабӣ истифода шудааст.

Дар солҳои 1960-ум Фритс Лейбер асарҳое навишт, ки то андозае ба эҷодиёти Ҳовард Лавкрафт тақлид мекард. Соли 1969 зани Лейбер Ҷонкил вафот кард. Азоби рӯҳии нависанда асоси романи нави ӯ «Бонуи зулмот» гардид. Тибқи сужаи роман нависандаи даҳшатбор Франтс Вестер бояд ба марги занаш таҳаммул кунад ва аз майзадагӣ шифо ёбад. Роман хусусияти равшани тарҷумаиҳолӣ дорад.

Пас аз он ки оилаи Лейбер ба Калифорния кӯчид, Фритс Лейбер сарфи назар аз касби бомуваффақияти адабии худ, муддати тӯлонӣ ба мушкилоти молӣ рўбарў шуд. Сабабаш он буд, ки ў аксар вақт ҳуқуқи муаллифии асарҳои худро ба маблағи ночиз мефурўхт, аз намоиши филмҳо ҳақ намегирифт ва маблағро сарфа намекард. Вазъияти молиявии ӯро ҳаққи қалам аз ҳисоби TSR, Inc., ки бозии машҳури рўимизии «Dungeons & Dragons»-ро дар асоси  сагаи (сагадостони халқӣ-эпикӣ дар назми Скандинавияи қадим) «Fafhrd ва Gray Mouser» офаридааст, беҳтар кард.

Дар соли 1992 (соли охирини ҳаёти нависанда) Фритс Лейбер бори дуюм бо шоир ва рӯзноманигор Маргарет Скиннер, ки беш аз бист сол боз шинос буд, издивоҷ кард.

Фритс Лейбер 5 сентябри соли 1992 ҳангоми бозгашт аз анҷумани илмӣ-тахайюлӣ дар шаҳри Лондони Амрико аз фишор ва хастагии асаб даргузашт.

Асарҳои Фритс Лейбер бо шаш ҷоизаи Ҳуго ва чаҳор ҷоизаи Nebula қадр шудааст. Дар соли 1980 ба ӯ ҷоизаи олии нависандагони илмӣ-тахайюлии Амрико, унвони гроссмейстер дода шуд. Дар соли 2001, Фритс Лейбер пас аз марг ба «Толори шӯҳрати тахайюлот ва фэнтезӣ» барои саҳми бузургаш дар ин жанр шомил карда шуд.

Соли 1971 дар Таллин нависандаи рус Андрей Иванов, барандаи Ҷоизаи 2013 НОС ба дунё омад.

Андрей Иванов дар Донишгоҳи омӯзгории Таллинро бо ихтисоси филологияи рус хатм  кардааст. Вай аз соли 2004 ба навиштан шурӯъ карда, аз соли 2007 дар маҷаллаҳои русии Финландия ва ИМА нашр мекунад. Дар Эстония бошад, китобҳои Андрей Иванов соли 2009 ба нашр шурӯъ карданд. Дар маҷаллаҳои русӣ («Звезда», «Новый мир», «Русская проза» ва ғайра) чоп шудааст. Якчанд китобҳояш бо забонҳои русӣ ва эстонӣ нашр шудаанд. Романи «Сафари Хануман ба Лолланд» дар Олмон ба забони олмонӣ нашр шуд. Ин роман соли 2011 дар Маскав аз ҷониби нашриёти АСТ нашр шуд. Аъзои Иттифоқи нависандагони Эстония мебошад.

Забонҳои англисӣ, данӣ ва норвегияро медонад, эстониро меомӯзад.

21 феврали соли 2020 Президенти Эстония Андрей Ивановро барои фаъолияти нависандагӣ бо ордени Ситораи Сафед дараҷаи IV сарфароз гардонд.

Соли 1982 дар Порис нависандаи фаронсавӣ, асосгузори сюрреализм, узви Академияи Гонкур, Луи Арагон дар синни 85-солагӣ даргузашт.

Асарҳои «Ҳафтаи пурҷушухурўш», «Ҷаҳони воқеӣ» ва «Театр-роман» мансўби ўянд.

Маъруф РаҷабӣСоли 2001 адиб ва мунаққиди тоҷик Маъруф Раҷабӣ дар синни 46-солагӣ аз олам гузашт. Вай 14 феврали соли 1955 дар шаҳри Кӯлоб зода шуд. Соли 1976 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро бо баҳои аъло хатм кардааст. Муддате дар донишкадаи номбурда, раёсати Ҷамъияти «Дониш» ва Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ифои вазифа намудааст.

Дар мавзӯи рушду камоли насри муосири тоҷикӣ қариб 100 мақола ба табъ расондааст. Бештар осори Устод Айнӣ, Ҷ. Икромӣ. С. Улуғзода, Р. Ҳодизода. Ю. Акобиров ва У. Кӯҳзодро баррасӣ кардааст.

Дар таҳқиқи масъалаҳои таҳаввули жанри таърихӣ, поэтикаи наср, анъанаву навоварӣ майлу рағбати қавӣ зоҳир намудааст.

Солҳои охир барои аз назари тоза ба муҳокима гирифтани таърихи адабиёти муосирамон, махсусан, проблемаҳои алоқаманди ҷадидия, талош варзида, дар ин бора мақолаҳои «Рӯйдодҳои зиндагӣ ва инкишофи характер» (1988), «Қадамҳои ноустувору устувори танқид» (1989), “Андаке дар бораи «душманони халқ» (1990), «Сабақҳои сиёсати адабӣ» (1990), «Ҷадидия ва инқилоб» (1991), «Тарбия ва адабиёт» (1992), «Барои шумо аз асри ХХI» (1992) ва ғ., ҳамчунин, рисолаҳои «Ислом: Ҷадидия ва Инқилоб» (1998), «Таърихи танқид ва адабиётшиносӣ. Асосҳои назариву эстетикии адабиёти тоҷикии марҳалаи якум. Солҳои 1920-1954» (1998)-ро ба қалам овардааст.

Муаллифи китобҳои «Тадқиқоти таърих – тадқиқи характер» (1990), «Насри тоҷикии замони ҷанг. Таҳаввули поэтика» (1990), «Ба фикри ман» (2003), «Сотим Улуғзода – абармарди набарду андеша» (2004) ва ғ. мебошад.

Доктори илмҳои филология (1998), узви вобастаи АИ ҶТ (1999).

Соли 1999 сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст.

Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Соли 2008 дар Лондон, намоишноманавис, шоир, коргардон, ҳунарманди синамо, арбоби ҷамъиятӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 2005 Гаролд Пинтер дар синни 78-солагӣ бар асари саратони ҷигар даргузашт.

Гаролд Пинтер 10 октябри соли 1930 дар Лондон ба дунё омадааст.

Пинтер бонуфузтарин намоишноманависи бритониёӣ дар нимаи дуюми асри ХХ буд. Вай инчунин филмноманавис, ҳунарманд ва коргардони барҷаста буд. Аввалин песаи Пинтер, «Ҳуҷра» соли 1957 нашр шуд. Песаи «Ҷашни зодрӯз» низ соли 1957, пас аз ҳашт намоиш бекор карда шуд, вале баъдтар ба классика табдил ёфт. Дигар песаҳои намоёни  Пинтер «Бозгашт ба хона» (1964) ва «Хидматгор» (1963) ба шумор мераванд. Аз соли 1980 то маргаш Пинтер бо муаррих ва нависанда Леди Антония Фрейзер зиндагӣ мекард.

Соли 2016 дар Беэршеба нависандаи асарҳои жанри тахайюлии  шӯравӣ ФеликсКривин дар синни 88-солагӣ даргузашт.

Феликс Давидович Кривин 11 июни соли 1928 дар Мариупол дар оилаи низомиён таваллуд шудааст. Соли 1933 оила ба Одесса кўчид. Соли 1951 Донишкадаи омўзгории Киевро хатм кардааст. Аз соли 1951 то соли 1954 дар Мариупол омўзгор шуда кор карда, дар он ҷо оиладор шуд. Солҳои 1954-1955 дар Киев зиндагӣ мекард.

Соли 1955 ба Ужгород кўчид. Дар Нашриёти вилоятии Закарпате муҳаррир шуда кор мекард. Соли 1962 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Украина пазируфта шуд. Соли 1998 ба Исроил кӯчида, дар Беер Шева зиндагӣ мекард. Феликс Кривин муаллифи даҳҳо китобест, ки аз авоили солҳои 1960-ум дар нашрияҳои мухталифи Иттиҳоди Шӯравӣ, Русия, Украина ва Исроил ба табъ расидаанд. Вай бо Аркадий Райкин ҳамкорӣ карда, барои вай интермедияҳо (интермедия –парда ё намоиши иловагии хурдакаки байни пардаи драма ё опера, ки бештар мазмуни хаҷвӣ дорад) менавишт.

Соли 1990 барандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи В.Г. Короленко шуд. Дар соли 2006, ӯ барандаи ҷоизаи адабии мустақили “Русия”-и Русияи назди Карпатия гардид.

Соли 2023 дар Иркутск нависандаи рус Алберт Гурулёв, узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС (1969), дар синни 89-солагӣ даргузашт.

Алберт Гурулёв 28 сентябри соли 1934 дар Спасск-Далний, кишвари Приморский ба олам омадааст. Айёми бачагии худро дар Черемхово гузарондааст.

Соли 1957 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Иркутскро хатм карда, дар рӯзномаҳои «Ҷавонони советӣ» ва «Парчами коммунизм» рӯзноманигор ва баъдан солҳои 1980-1983 сармуҳаррири маҷаллаи «Сибир» кор кардааст.

Аввалин ҳикояаш «Автобус» соли 1962 дар рўзномаи «Ҷавонони советӣ» чоп шуда буд. Аввалин китобаш романи «Росстан» соли 1968 дар Иркутск аз чоп баромад. Аз соли 1969 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС буд.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА