Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2025)

Таквими-мохи-ЯнварТақвими ҷашн ва санаҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2025)” идомаи силсилаи “Тақвим”-ест, ки ҳамасола аз ҷониби Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр мешавад. Китобхонаи миллӣ нашри онро аз соли 1964 оғоз намудааст ва он ҳамасола (ба истиснои солҳои 1993- 1996) бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба нашр мерасид. Ҳамчунин, тақвими мазкур дар сомонаи расмии Китобхонаи миллӣ (www.kmt.tj) дарҷ мегардад. Мавриди зикр аст, ки давоми чанд сол аст “Тақвим” танҳо бо забони тоҷикӣ таҳия мешавад ва доираи фарогирии матолиби он васеъ гардидааст.

“Тақвим”-и мавриди назар аз бахши ахбори рӯйдодҳои соли 2025 оид ба шахсиятҳои баруманди касбу кори гуногун махсусан аҳли илму адаб, фарҳанг ва синамо иборат мебошад. Ин бахш ҳамчунин фарогири матолиб доир ба санаҳои зодрӯзи арбобони сиёсӣ, давлатӣ, ҳизбию ҷамъиятӣ, Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ ва генералҳо (ҳамаи навъҳои низомию маъмурӣ ва адлия) аз Тоҷикистон, олимон (академикҳо ва аъзои вобастаи АМИТ, академияҳои соҳавӣ, профессорон (бо унвони забоншинос, адабиётшинос, муаррих, файласуф ё олими соҳа), адибону журналистони ҷумҳурӣ, арбобони фарҳанг (ҳунармандону коргардонҳои театру кино, радио ва телевизион, сарояндагону мутрибон, оҳангсозону рассомон, меъморон ва ѓайра) мебошад. Дар ин бахш ҳамчунин, санаҳои зодрӯзи олимону адибон ва аҳли адабу фарҳанги ҷумҳуриҳои Эрон ва Афғонистон, инчунин донишмандони хориҷие, ки оид ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик таҳқиқоти илмӣ ва пажӯҳишҳо анҷом додаанд, зикр гардидааст.

Матни комили тақвим инҷост:
Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2025)