Беш аз 30 нафар хонандагони Мактаб-интернати рақами яки шаҳри Душанбе Китобхонаи миллиро тамошо карданд
Ҳамарӯза даҳҳо нафар ба саёҳати Китобхонаи миллӣ меоянд ва бештари онҳо донишҷӯён, хонандагони мактабҳои миёна, шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
Рӯзе қабл бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе, зиёда аз 30-нафар аз Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Сайёҳаткунандагон хонандагони синфҳои 1 то 9 буда, онҳоро 7 нафар омӯзгорони мактаб ҳамроҳӣ мекарданд. Муддати бештар аз як соат бо кумаки роҳбалад онҳо тавонистанд бо шароити Китобхонаи миллӣ аз наздик ошно шаванд.
Аксари онҳо бори аввал ба ин боргоҳи маърифат омада буданд ва аз роҳбалад вобаста ба таърихи Китобхона, бунёди бинои нав, шумори китобҳо, теъдоди толорҳои хониш, осорхонаҳои китоб ва ғайра суолҳо кардаву посухҳои дақиқ мегирифтанд.
Абдуғаюр САЛОМОВ