Устоди “Шашмақом”, оҳангсоз, ҳунарманди нотакрор
Номи Шоҳназар Соҳибовро дар радифи касоне мегузоранд, ки аввалин бор “Шашмақом”-ро ба нота даровардаанд. Ва аз донандагони маъруфи ин дурдонаи мусиқии Шарқ буд. Шоҳназар Соҳибов моҳи майи имсол 113-сола шуд. Дар чанд сатр аз ӯ ёд мекунем.
Шоҳназар Соҳибов 15 майи соли 1908 дар Бухоро, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ҳофиз ва оҳангсози тоҷик буд. Соли 1944 соҳиби унвон Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Ўзбекистон ва соли 1957 Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон шуд. Соли 1925 шўъбаи вокалию созии Омўзишгоҳи мусиқии шаҳри Бухоро, соли 1928-1932 Институти мусиқӣ ва хореографияи Самарқанд ва соли 1935-1941 студияи ўзбекии Консерваторияи давлатии Москваро хатм намудааст. Муаллими суруд ва мусиқии Омўзишгоҳи мусиқии шаҳри Бухоро, роҳбари мусиқии театрҳои драмаи мусиқии Самарқанд (1931-1933) ва роҳбари мусиқии театрҳои драмаи мусиқии Бухоро (1933-1935), роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Ўзбекистон (1943-1945) ва роҳбари мусиқии Ансамбли асбобҳои халқии Комитети радиошунавоии Ўзбекистон (1945-1947) буд.
Соли 1947 ба Душанбе даъват шуда, чун роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1947-1950), сипас дар вазифаи ходими калони илмии Хонаи эҷодиёти халқ (1950-1966) кор кардааст. Аз соли 1966 роҳбари Ансамбли мақомхонони Кумитаи давлатӣ оид ба телевизион ва радиошунавонӣ буд.
Соҳибов аз ҳофизони шашмақомхон буда, ҳамроҳи Ф. Шаҳобов, Б. Файзуллоев «Шашмақом»-ро ба нота гузаронида, дар нашри панҷҷилдаи он (М., 1950-1967) ширкат кардааст.
Соҳибов бештар ба суруд майл дошт. Сурудҳои ў дар барномаи коллективҳои касбию ҳаводорони мусиқӣ дохил шудаанд: «Дар ҳаваси рўи ту», «Шарқи озод», «Суруди Ватан», «Пахтачинон месароянд» ва ғайра. Суруди Соҳибов «Дар води зарнисори колхоз» дар Пленуми 7-уми бастакорони СССР дар Москва иҷро гардид. Бо ҳамроҳии М. С. Муравин намоиши театрии «Суруди сурудҳо», ҳамроҳи А. С. Ленский кантатаи «Шараф ба партияи болшевикон», ҳамроҳи Ф. Шаҳобов ва Ю. Тер-Осипов достони симфонии «Сегоҳ», ҳамроҳи Ю. Тер-Осипов достон барои оркестри симфонӣ «Ман аз Шарқи озодам»-ро эҷод намудааст. Соҳибов сарояндаи моҳир низ буд. Мусиқии халқӣ ва классикиро дар байни халқ тарғиб мекард.
Аз соли 1966 узви Правленияи ИБ Тоҷикистон буд. Соли 1972 Лауреати Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ, бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Шоҳназар Соҳибов 21 марти соли 1973 дар Душанбе аз олам чашм пўшидааст.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи
адабиёт ва санъати тоҷик». – Душанбе, 2004. – Ҷ.3. – С. 138.
Муаллиф: М. Исломова.
Аз Шоҳназар Соҳибов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин маводҳоро суроғ кунед:
Сурудҳо. – Душанбе: Нашрдавтоҷик. – 1961. – С. 7.
Барои равнақи эҷодиёти халқ // Маданияти Тоҷикистон. – 1957. – №8. – С. 107-109.
Ба ман ояд: Суруд / Шеъри А. Рўдакӣ// Маданияти Тоҷикистон. – 1958. – №4. (Муқоваи аввал).
Мероси пурбаҳои гузаштагон: Дар бораи «Шашмақом» // Маориф ва маданият. – 1967. – 8 август.
Дар бораи Шоҳназар Соҳибов:
Назаров, М. Шоҳназар Соҳибов: Оҳангсоз // Санъати халқи тоҷик. – Сталинобод, 1961. – С. 206-207.
Шоҳназар Соҳибов: Ба муносибати 70-солагии рўзи таваллуд // Тақвими ҷашн ва санаҳои РСС Тоҷикистон. – Душанбе, 1973. – С. 55-57.
Шоҳназар Соҳибов: Ба муносибати 80-солагии рўзи таваллуд // Тақвими ҷашн ва санаҳои РСС Тоҷикистон. – Душанбе, 1983. – С. 28-29.
Зеҳнӣ, Т. Чанд лаҳзаи дидор: Шиносоӣ бо устоди «Шашмақом» Ш. Соҳибов // Чанд сухани судманд. – Душанбе, 1985. – С. 145-149.
Соҳибов Шоҳназар: Ҳофиз ва бастакор // Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1987. – Ҷ.7. – С. 126.
Раҳимӣ, М. Ҳофиз Шоҳназар Соҳибов // Тоҷикистони советӣ. – 1957. – 26 феврал.
Каримов, А. Роҳи эҷодии композитор: Шоҳназар Соҳибов // Маданияти Тоҷикистон. – 1957. – №3. – С. 24-25.
Саидов, Н. Ҳофиз ва бастакори халқӣ: Дар бораи Шоҳназар Соҳибов // Маориф ва маданият. – 1959. – 18 август.
Шаҳобов, Т. Санъаткори мумтоз: Дар бораи яке аз устодони «Шашмақом» Ш. Соҳибов // Тоҷикистони советӣ. – 1967. – 12 феврал.
Раҷабов, А. Борбади замон: Оҳангсоз, Ходими Хизматнишондодаи Санъати Тоҷикистон Шоҳназар Соҳибов // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 5 октябр.
Ҳақназар, Ш. Дар мақоми дил: Ёде аз ҳунарманди нотакрор Шоҳназар Соҳибов // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 6 август.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ