Ду шеър аз Рамазон Раҳимзода (Ниҳонӣ)
БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Агар гӯям, ки номат дар фалакҳо ҷост, меарзӣ,
Агар гӯям, ки илмат ганҷи беҳамтост, меарзӣ,
Агар гӯям, ки ҳарфат гавҳару тиллост, меарзӣ,
Бигӯям сурататро зиннати дунёст, меарзӣ,
Бигӯям сиратат бо ҳастият зебост, меарзӣ.
Агар гӯям, ки шоҳаншоҳи давронӣ, яқин онӣ,
Агар гӯям барои тоҷикон пайғоми Яздонӣ,
Ба дарди пиру барно баски дармонӣ, баэҳсонӣ,
Ҳаме дар зери гардун беҳтарин фарзанди инсонӣ,
Нигаҳбонат ба дунё Холиқи яктост, меарзӣ.
Агар гӯям, ки бошад хидматат поянда, ин кам ҳаст,
Ба миллат ҳастият бахшидӣ, ай фархунда, ин кам ҳаст,
Ба ҳар мадҳу сано ҳастӣ мудом арзанда, ин кам ҳаст,
Бимонад номи некат ҷовидон оянда, ин кам ҳаст,
Тамоми кору аъмолат фараҳафзост, меарзӣ.
Худат маъруфию маъруф тоҷик ҳар замон кардӣ,
Варо маъруфтар дар созмонҳои ҷаҳон кардӣ,
Ба барқу роҳу озуқа талош аз қалбу ҷон кардӣ,
Талаб якпорчагии марзу буми тоҷикон кардӣ,
Агар гӯям, ки фазлат мазҳари фардост, меарзӣ.
Парешон кард дасти аҷнабӣ гар миллати моро,
Қасам бо шири модар хӯрда, кардӣ ҷамъ онҳоро,
Шунида дарди халқи ин Ватан, ин марзи зеборо,
Сипосу арзу доди мардуми бегонамаъворо,
Агар гӯям ба ҷисмат қалби Мавлоност, меарзӣ.
Саламно, Пешвои миллат, инсони Худодода,
Асоси Сулҳу Истиқлолро бунёд бинҳода,
Бимонад ҷовидон амнияти ин мулки озода,
Шараф дорад Ниҳонӣ бо ту эй Сарвар, дар ин ҷода,
Ба ҳар шеъре, ки аз ин шеъри мо болост, меарзӣ.
ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ
Тоҷикистон, фахрам аз қадру марому номи ту,
Тоҷикистон, олами меҳр аст субҳу шоми ту.
Ҳар куҷо бошам агар, меҳрат ба дил зам мешавад,
Дур рафтам, хуш бимонад пайку ҳам пайғоми ту.
Қадр созам обу ободию рушду равнақат,
Шукр гӯям аз фазои амну ҳам ороми ту.
Ҳар нафас умрам чӣ хуш бо ту тасаввур мекунам,
Зиндагиам куҳу дашту ҳар дару ҳар боми ту.
Фахри дунё – Рӯдакӣ, Фирдавсию ҳам Мавлавӣ,
Айнию Синою Лоиқ, Ҳофизу Хайёми ту.
Нест такрорат ба дунё аз лиҳози маънавӣ,
Фаслҳоят дилрабову ғамрабо айёми ту.
Шоду саршор аст қалбам аз нишоти кӯдакон,
Эй аҷаб афсонаборон аст шабҳангоми ту.
Эй Ниҳонӣ, ин Ватан парвард дар оғӯши хеш,
Шуълаҳои меҳри гармаш карда пухта хоми ту.
Аз китоби Р.Ҳ.Раҳимзода: “Маҷмӯи осор”, 28. Душанбе, соли 2021.
Таҳияи Бунафша Раҳмонова
Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон