“Дониш-биниш”, “Роҳбари дониш”

Садои шарқШумораи нахустини ин маҷалла бо номи “Дониш-биниш” дар Самарқанд интишор  ёфт. Аз шумораи дувуми соли 1927 то соли 1932 он бо унвони “Раҳбари дониш” чоп мешуд Аввалин сардабири маҷаллаи мазкур Муҳаммад Мусавӣ буд.

Соли 1928  Раҳим Ҳошим котиби масъули маҷалла буд ва роҳбарии маънавии онро устод Садриддин Айнӣ ба уҳда доштааст. Маҷалла бо нашри силсиламақолаҳои устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Мунзим, Раҳим Ҳошим ва дигарон дар роҳи покизагӣ ва рушди забони форсии тоҷикӣ хидмати арзишманде кардааст.

Нахустин навиштаҳои устодони бузург Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Ҷалол Икромӣ, дар саҳифаҳои ҳамин маҷалла нашр шудаанд. Албатта, бояд зикр намуд ки ин маҷалла бо ҳамин ном ва дар ҳамин солҳои зикршуда бо забони форсӣ чоп мешуд.

Роҳбари донишДар саргаҳи фаъолияти “Роҳбари дониш” устодон Садриддин Айнӣ, Собит Манофзода, Муҳаммади Мусавӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Деҳотӣ, Турақул Зеҳнӣ, Пайрав Сулаймонӣ ва дигарон қарор доштаанд. Ин маҷалла минбари баёни розу ниёзи равшанфикрони тоҷик дониста мешуд ва дар соҳои 20-уми асри XX заминаи ҳалли бисёре аз масъалаҳои муҳими мардуми тоҷик гардид.

Ҳоло дар “Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир”-и “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи “Дониш ва биниш” танҳо як шумора аз соли 1927 (№1) бо хати форсӣ мавҷуд аст.

Маҷаллаи “Роҳбари дониш” бошад дар ҳамин шуъба аз соли 1927 шумораҳои №2-6, соли 1928 №1-12, соли 1929 №1-12, соли 1930 №1-12, соли 1931 №1,2,3,5, соли 1932 №3,4,5,6 бо хатти форсӣ вуҷуд дорад.

Хоҳишмандон метавонанд ба ин маҷаллаи таърихӣ дастрасӣ дошта бошанд.

Шавқинисо Носирова,
мутахасси шуъбаи
матбуоти даврӣ