Забонҳои Эронии давраи Бостон

Забонҳои ЭронииФорсҳо дар таърихи Шарқи бостон нақши боризе аз худ ба ҷой гузоштаанд. Онҳо қабоили эронии ғарбие буданд, ки бо номи «форс» ё «порс» (форси бостон parsa) маъруф буда, дар ҳазорсолаи авали пеш аз мелод дар Осиёи Марказӣ мезистанд ва сипас аз ин ҷо ба ғарб, ба сўйи манотиқи ҷануби ғарбии фалоти Эрон ҳаракат карда, дар минтақаи Аншан сукунат ихтиёр намуданд ва баъдан Аншан бо афсудани нуфузи қудрати сиёсии ин қабилаҳо бо номи онҳо Parsa (юнони Περσίς, форсӣ-Порс, шакли муарраб – Форс, Форсистон) номгузоӣ шуд.

Дар бораи форсҳо, ки дар Ҳузистону Форс мезистанд, нахуст сарчашмаҳои ошўрӣ (муталиқ ба асри IX пеш аз мелод) маълумот додаанд. Дар як навиштаи ошўрӣ омадааст, ки дар соли 836 пеш аз мелод 27 ҳокими музофоти Parsuas ба шоҳи ошўрӣ Салмансари III хироҷ медодаанд.

Дар музофоти Аншан ва навоҳии он дар нимаи авали  ҳазорсолаи 1 пеш аз мелод эломиҳо (дар Хўзистон, Исфаҳон, Кирмон), шумериҳо, ошўриҳо, бобулиҳо зиндагӣ мекарданд, ки халқҳои соҳибхат ва мутаммаддин буданд ва форсҳо онҳоро батадриҷ аз арсаи забону тамаддун танг карда берун намуданд. Ин фишори забони форсӣ ба забонҳои бумии ин сарзамин ба ҳадде буд, ки дар асрҳои VI-V пеш аз мелод тадриҷан аз истеъмол хориҷ гардид.

Ҷунончи аз сарчашмаҳо бар меояд, қабилаҳои форсӣ муқими Аншан муттаҳид гашта, дар соли 553 пеш аз мелод ба муқобили ҳукумати модҳо ба исён бархостанд. Бар асари ин исён давлати Мод завол ёфта, хонадони Ҳахоманишиҳо ба сари қудрат омаданд ва ин хонадон тамоми сарзамини давлати Модро таҳти тасарруфи худ даровард. Поягузори сулолаи нав – Куруш (солҳои ҳукмрониаш 558-529 пеш аз мелод) асосан ба неруҳои низомии қабилафорс такя карда кишваркушоиҳо мекард ва бо ин роҳ тавонист фалоти Эрон, Осиёи Сағир ва Пеш, ҳамчунин аксари сарзаминҳои Осиёи Миёнаро ба давлати Ҳахоманишӣ тобеъ гардонад. Пойтахти давлати Куруш шаҳри Пасаргард(parsa-gard («хонаи форс») буд ва ҷасади ў дар тахти шоҳӣ Камбиз (529-522 п.а.м.) ва Дориюши I (522-486п.а.м.) идома доданд. Дар даврони Дориюши I қаламрави давлати Ҳахоманишӣ густариш ёфта, аз Осиёи Миёнаву Арманистон дар шимол то Ҳабашистон дар ҷануб ва аз баҳри Эгей дар ғарб то ҳавзаи Ҳинд дар шарқро фаро мегирифт.

Дар асри VI пеш аз мелод шоҳони Ҳахоманишӣ ба қудрати сиёсӣ дар минтақа ноил гардидаанд. Ин шоҳон зодагони музофоти Форс буданд ва забони модарии онҳо низ аз ин пас тадриҷан нуфуз пайдо кард.

Дар аввалҳои ҳукумати Ҳахоманишиҳо дар идораи давлатӣ забонҳои ғайриэронӣ истифода мешуд. Нахуст забоне, ки дар коргузории давлатӣ истифода мегардид, забони оромӣ (аз гурўҳи забонҳои соми) буд.

Азбаски муҳимтарин катибаҳои Ҳахоманиши ба забонҳои аккадӣ ва эломӣ низ тарҷума шудаанд, метавон гуфт ки ин забонҳо дар қаламрави давлати Ҳахоманишиҳо корбурд доштаанд. Маҳз бар пояи хатти мехи акадӣ расмулхаттӣ форси қадим таҳия гардид.Соҳибхат шудани забони форсии қадим боис гардид, ки ин забон қудрат пайдо кунад ва то охири ҳукмронии Ҳахоманишиҳо ба сифати забони дарборӣ ва катибанависии шоҳони ин сулола мавриди истифода қарор гирад.

Дар айни замон забони форси қадим низ ба сабаби фосилаи зиёди ҳудудӣ, мушкилоти рафтуомади соҳибони он ба сарзаминҳои Эрони Шарқи, шароитҳои мухталифи ҷуғрофӣ, сиёсӣ иқтисоди ва ӣҷтимоӣ аз забонҳои эронии дигар торафт дур шуда доро хусусиятҳои савтӣ, луғавӣ ва грамматики хоси худ гардид. Чунончи эроншиноси аврупоӣ Вайсбах зикр кардааст, ҳатто дар яке аз катибаҳоӣ Дорюш «порсҳо» ва модҳо дигар кишварҳо ва забони онҳо муқобил гузошта мешаванд».

Қабилаҳои сакоӣ ва ё скифӣ аз қавмҳои гуногун иборат буданд, дар миёни ҳазорсолаи аввали пеш аз мелод дар сарзаминҳои бисёр густарда-аз соҳилҳои Баҳри Сиёҳ то марзҳои Чин сукунат доштанд. Ин мардумон дар катибаҳои  форсии бостон бо номи Saka- шудаанд, ки дар ибтидои ҳазораи авали пеш аз мелод дар сарзаминҳои шимолии Осиёи Миёна мезистанд. Дар ин катибаҳо сакоӣ ба чунин гурўҳҳо ҷудо карда шудаанд.

Saka tigraxauda «сакоиҳои тезхурд» (< ф.б.tigra-«тез», xaudi – хўд навъе кулоҳи ҷанги»), ки эҳтимолан шимолтар аз рўди Сир мезистан;   Saka haumavarga «сакикаҳои хомпаз» (<ф.б.hauma-  «хома, эфедра» varga (пазанда, омодакунанда»), ки макони сукунати онҳо ҳанўз мавриди баҳс қарор дорад;

Saka tayai para sugdam сакоиҳои маскуни он сўйи (паси) Суғд»):

Saka tayai para draya «сакоиҳои маскуни он сўйи баҳр», ки макони сукунати онҳо соҳилҳои он сўйи баҳри Арал ё Баҳри Сиёҳ тахмин карда мешавад.

Дар навиштаҳои бостонии юнонӣ ва лотинӣ дар бораи сакоиҳое, ки берун аз марзи Осиёи Миёна то соҳилҳои шимолии Баҳри Сиёҳ мезистан, иттилоъ дода мешавад. Дар наиштаҳои юнонӣ онҳо аксаран Ҳеродот номида шудаанд ва Ҳеродот (VII,64), мегўяд, ки форсҳо сакоиҳоро «скиф» меноманд. Чунин ба назар мерасад, ки    skif-шакли ҷамъи номвоаи saka-бо пасванди ҷамъбандии  if аст. Дар навиштаҳои юнонӣ онҳоро «сармат» ҳам номидаанд.

Истилоҳи скифи дар мавриди забони қабоили сакоии ғарбӣ (скифҳову сарматҳо) ва истилоҳи сакоӣ дар мавриди қабоили сакоии Туркистони шарқӣ ба кор меравад.

Тибқи ахбори сарчашмаҳо, қисми аз қабилаҳои скифӣ дар қарнҳои VIII-VII пеш аз мелод аз тариқи Қафқоз вориди Осиёи Пеш (Месопотамия, Сурия ва Фаластини ҷанубӣ) гардиданд. Ҳеродот (I, 105) зикр кардааст, фиравни Миср Псаметих I (665-611 п.а.м.) пас аз ин ки скифҳо шаҳри Аскалони Фластини ҷанубиро ғасб карданд,баночор барои хунсо кардани таҳдиди скифба Миср ба онҳо инъоми зиёде додаст. Дар навиштаҳои ошўрию бобўлӣ низ дар бораи тохтутозҳои скифҳо маълумот додаанд. Қабилаҳои скифӣ дар Ғарб то соҳилҳои чапи рўди Дунайро ишғол карда буданд ва форсҳо ҳангоми лакаркашии худ таҳти сарварии Дориюши I дар соли 512 п.а.м. дар ҳамин ҷо ба муқовимати шадиди сакоиҳои озодипараст рўбарў гашта, ба ночор ақибнишинӣ карда буданд.

Муаррихони юнонӣ Страбон ва Арриан дар бораи қабилаи скифии даҳ, ки дар шарқи баҳри Хазар мезистанд ва массагетҳо, ки дар қисмати шарқии макони маскунии даҳҳо сукунат доштанд, сухан рондаанд. Аз он ҷое, ки маънии «массагет» сакоиҳои бузург (эронии бостон mas-«калон, бузург» +saka+- t пасванди шумораи ҷамъ) аст, шояд ин этноним иттиҳоди бузурги қабоили сакоиро ифода карда бошад.

Муаррихони бостонӣ қабилаҳои скифии Аврупои Шарқи ва сакоиҳои Осиёи Миёнаро бо ҳам рабт додаанд. Аммиан Мартселин дар бораи кишваркушоиҳои ғуннҳо сухан ронда, зикр мекунад, ки онҳо то сарзамини «олониҳо (halanos), массагетҳои пешина (veteres) расиданд». Страбон ва Арриан низ ишора кардаанд, ки ин қабилаҳо ҳар кадоме номи хосаи худро дошта бошад ҳам, вале номи «скиф» барояшон умумӣ аст.

Дар бораи сакоиҳои маскуни сарзаминҳои ғарбии Туркистони шарқӣ (музофоти Шинҷони имрўзаи Чин) дар манбаъҳои ҳиндию чинӣ (санскрит saka-, чинӣ пасон- sai) маълумоте ба назар мерасад.

Аз забони скифии бостон ҳеҷ осоре боқӣ намондааст. Бархе аз вожагони скифӣ – номҳои баъзе аз қабоили скифию сарматӣ, исмҳои ашхос ва номҳои ҷуғрофӣ дар осори юнонӣ ошкор ва дарёфт гардидаанд. Таҳлили ҳамин номҳо гувоҳӣ медиҳад, ки ин қабилаҳои эроние буданд, ки ба яке аз лаҳҷаҳои эронии бостон такаллум мекарданд.Танҳо ёдоварӣ кардани номвожаи қабилаҳои скифӣ – arii, alan, alani кофист, ки робитаи онҳо бо забони эронии бостон (> эронии бостон *ariyana-) муқаррар карда шавад.

Азбаски аз асри VI п.ма.м юнониҳо дар соҳилҳои шимолии Баҳри Сиёҳ шаҳристонҳои худро бунёд мекарданд ва бо аҳолии бумӣ робитаҳои тиҷорӣ ва додуситадҳоедоштанд, баъзе луғоту истилоҳоти скифӣ дар осори юнонии бостон сабт гардида, ба ҳамин васила то замони мо маҳфуз мондаанд.

Қабилаҳои эронитабори скифӣ дар топонимия (номҳои ҷуғрофӣ)-и Аврупои Шарқӣ, моварои баҳрҳои Сиёҳ ва Азов, Қрим нақши худро бар ҷой гузоштаанд, ки намунаи он номҳои скифии дарёҳхои ин минтақа – Дон, Днепр, Дунай, Днестр мебошанд (муқоиса шавад: авестоӣ danu- «руд», осетинии муосир don «рўд» дар номҳои имрўзаи дарёҳои Қафқози шимолӣ – Ардон, Фиагдон, Гизелдон, Урсдон ва ғайра.) Чунин номвожаҳоро дар харитаи ҷуғрофии дигар навоҳии ин минтақа низ пайдо кардан мумкин аст.

Эҳтимол дорад, ки теъдоди қабилаҳои эронитабори аҳди бостон аз ин ҳам бештар бошад, аммо дар бораи мавҷудияти онҳо дар сарчашмаҳои бостоние, ки то имрўз ба даст омадаанд, ҳанўз иттилои комил ба даст наомадааст.

Аз китоби Азиз Мирбобоев “Муқаддимаи филологияи Эрон”.

(Идома дорад)

Таҳияи Баргигул Наботова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.