Ифтихори саньати мо
Соли 1973 дар шаҳри Клагенфурги Австралия консерти калони санъаткорони Тоҷикистон барпо гардид. Ба мэри шаҳр, ки ба саҳна барои табрик баромад, меҳмонон–намояндагони Тоҷикистон тўҳфаҳои ёдгорӣ супориданд.
Дўстдони азизи тоҷик,-дар ҷавоб гуфт ў,-барои тўҳфаҳо ташаккур. Сокинони шаҳри мо аз қадим боз мусиқидўст ва мусиқидон ба шумор мераванд. Барои мо тўҳфаи беҳтарине ки овардед, ин оҳангҳои қадимии тоҷикӣ ва “Серенада”-и Шуберти мо буд, ки дар иҷрои Аҳмад Бобоқулови хушовози шумо садо додаанд.
Австрия, Эрон, РДГ, Ҳиндустон, Канада, ҶФО… Дар ин мамлакатҳо борҳо ба ҳунари ў кафкўби кардаанд. Кафкўбиву пазироӣ ба ҳофиз, ба овози фораму ҷарангосии ў, ба санъатваре, ки ба онҳо аз Шашмақом, аз Чайковский ваПуччини суруд мехонд. Дар шаҳрҳои калони Ватанамон бошад, саҳнаеро дарёб кардан душвор, ки Аҳмад Бобоқулов ҳунарнамоӣ накарда бошад.
Роҳи эҷодии тайкардаи ҳофиз барои санъату маданияти мо характернок ва ибратомўз мебошад. Дар саҳнаи операи советӣ пайдо шудани чунин санъаткори бомаҳорат худ далели мўҷизаи маданияти мост. Вале Аҳмад–ин муғаннӣ ва ҳофизи хушилҳони асри мо чи аз Шашмақоми бостонӣ ва чи аз операҳои машҳури ҷаҳон вақте сурудеро тараннум созад, беихтиёр кабўтаре ба ёд меояд, ки ба паҳнои ҷаҳон парвоз мекунад. Ҳангоме ки суруди “Республикаи ман”–(оҳанги Ш.Сайфиддинов) бо овози ў танинандоз мешавад, ин кабўтар дар фазои беғубори Тоҷикистони ҳамешабаҳор гўё парафшон мегардад.
Аҳмад Бобоқулов дар оилаи ҳофиз ва санъаткори маъруф Бобоқулов–ако Файзуллоев таваллуд ёфтааст. Ў аз хурдӣ дар иҳотаи созу навои танбўр, таронахониҳои падари ҳунармандаш буд. Мисли падар ба Шашмақом меҳр баст ва кам–кам ба сурудан сар кард.
-“Ана ин Авҷи Зебопарварӣ”, инаш бошад “Муҳайяр”,-мегуфт Бобоқул–ака ба писараш,-барои ин авҷҳоро хондан овози баланд лозим, овози Домулло Ҳалим барин бошад.
Дар дили ҳофизи ҷавонон он солҳо орзўи он пайдо шуд, ки бо ҳар роҳ овозашро ба авҷи баланди сурудҳои меросӣ расонад. Бо ҳамин ният истеъдоди ҳунари худро бурдборона сайқал медод. Баъдан мебинем, ки дар ҳақиқат Аҳмад Бобоқулов роҳи пурмашаққат ва дурударози ҳунариро тай кардааст.
Соли 1948 дар Консерваторияи Москва, таҳти сарварии устод В.Карин тарбияи овоз ва шиносоӣ бо шоҳасархои операи ҷаҳонӣ доираи тафаккури санъаткори ҷавонро дучанд карданд. Ў дар роли Бахтиёр аз операи С.Баласанян “Бахтиёр ва Нисо” дар сахнаи театри дар он вақт ҷавони опера ва балети тоҷик ҳунарнамоӣ карда, бо ҳамин дар таърихи мусиқии советии тоҷик саҳифаи тоза мекушояд.
Дар консерте, ки рўзҳои Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва дар саҳнаи Театри Калони СССР (1957) барпо гардид, истеъдоди ў ҳозиронро ба авҷ овард. Бобоқулов дар қатори сурудҳои халқӣ ва операҳои “Паяцы”- и Леонковалло, “Комде ва Мадан”–З.Шаҳидӣ порчаҳои мушкилтаринро бо маҳорати том ва овози дилкаш сароид. Сонитар ба забонҳои русӣ, украинӣ, италиянӣ бисёр арияҳои мушкилро иҷро намуд. Муҳимтараш он буд, ки ҳофиз барои рушду такомули операи навташкили тоҷик қувваи зиёде сарф кард, завқи оммаи васеъро ба ин намуди олии санъат бедор намуд, маслиҳатгар ва ёрдамчии хуби композиторон гардид.
Баъдтар операҳои “Бозгашт”– и Ё.Сабзанов, “Рўдакӣ”-и Ш.Сайфиддинов гўё махсус барои овози ў офарида шуданд. Вақте, ки бо репертуари ҳофиз дар солҳои 60-ум шинос мешудем, ҳисоби сафарҳои эҷодӣ, спектаклҳо бо иштироки ў моро ба ҳайрат овард. Дар ҳақиқат, чашмаи илҳомбахши эҷодкор–ин меҳри Ватан, садоқат ба халқи азизаш мебошад…
Ин матлаб аз китоби Аслиддин Низомӣ “Умре бо мусиқӣ…” иқтибос шуд. Китоб соли 2010 чоп шудааст ва нусхае аз он дар бойгонии шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар мавҷуд аст, ки хоҳишмандон метавонанд давоми ин мақола ва мақолоти дигарро бихонанд.
Таҳияи Фирўза Таурова, мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.