«Оилаи ман – ифтихори ман»

Таҳти ҳамин унвон рӯзи 20-уми майи соли равон бо ташаббуси шуъбаи кўдакон ва наврасон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Ман метавонам» бо иштироки кормандон ва хонандагони фаъоли шуъба баргузор гардид.

Маҳфилро мутахассиси шуъба Бобораҳимова У. ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки яке аз ҷузъҳои муҳими ҷамъият оила аст. Инсон ба воситаи оиладорӣ хушбахтиро ба даст меорад ва ба тарбияи насли наврас мепардозад, ки ин яке аз вазифаҳои муҳимтарини инсоният аст. Тарбия кардан ва ба воя расонидани фарзандон вазифаи падару модар дар назди Ватан, дар назди халқ мебошад ва бахту саодати шахс аз ин вобаста аст, ки албатта ҳар як ҷавон барои бахту саодати оила, ҳисси олии вазифашиносӣ, барои ҳайёту рӯзгори одамӣ ва дар назди ҷамъият масъулият эҳсос менамояд.

Ҳамчунин, барои ҷолиб шудани маҳфил дар миёни хонандагони шуъба ҳар гуна бозиҳои зеҳнӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, ҳарфёбак, байтбарак, калимаёбак ва амсоли инҳо, ки аз ҷониби худи хонандагон пешниҳод шуда буданд.

Дар фарҷоми маҳфил ширкаткунандагон расмҳои тасвиркардаи худро, ки вобаста ба оила ва ҳифзи он буданд, бо суханони пурмазмун шарҳ дода, ба ҳозирин нишон доданд.

 

Шаҳодат Давлатова

мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.