Пурсиши хонанда. Дар бораи аллома Аҳмади Дониш кадом матолибе дар Китобхонаи миллӣ хонданист?
Ин суоли хонанда Исломиддин Ҳокимшоев аз шаҳри Душанбе аст, ки ба мо расидааст. Ӯ мегӯяд чанд муддат аст, ки осори дастрасбудаи Аҳмад Махдуми Донишро мутолиа мекунад. “Ҳар қар қадр зиёд мехонам, боз мехоҳам бештар дар бораи ӯ донам. Тасаввур мекунам, ки матлаби бештаре бояд дар Китобхонаи миллӣ аз ӯ буда бошад. Мехостам донам ва сари фурсат китоб ё мақолоти заруриро дастрас кунам ва бихонам”.
Дархости хонандаро ба шуъбаи библиографияи миллӣ равон кардем ва посухе аз Ҳусния Назарова-корманди ин шуъба расид, ки ин ҷо меорем.
Муҳтарам Исломиддин Ҳокимшоев! Сипос аз таваҷҷуҳатон. Ба суолатон посух медиҳем, ки дар бораи Аҳмади Дониш ва осори ӯ китобу мақолоти зеринро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
ОСОР:
Дониш, А. Наводир – ул – вақоеъ. – Душанбе: Дониш, 1988. – 287 с.
ДАР БОРАИ ДОНИШМАНДИ МАЪРУФ:
Улуғзода, С. Аҳмади Дониш. – Сталинобод, 1946. – 88 с.
Юнусов, А. Аҳмади Дониш: Нишондиҳандаи адабиёт. – Сталинобод, 1960. – 28 с.
Раҷабов, З. Маорифпарвар Аҳмади Дониш. – Душанбе: Ирфон, 1964. – 306 с.
Ҳодизода, Р. Аҳмади Дониш. – Душанбе: Маориф, 1967. – 155 с.
Маъсумӣ, Н. Забон ва услуби Аҳмади Дониш. – Душанбе: Дониш, 1976. – 72 с.
Ҳодизода, Р. Аҳмади Дониш: Тарҷимаи ҳол ва мероси адабию илмӣ. – Душанбе: Ирфон, 1976. – 293 с.
Юнусов, А., Норкаллаев, И. Аҳмади Дониш. – Душанбе, 1986. – 124 с.
Амир, С. Фирдавсӣ ва мактаби адабии Аҳмади Дониш. – Душанбе, 1995. – 63 с.
Самиев, Б. Афкори ислоҳоти иҷтимоии Аҳмади Дониш. – Душанбе, 2000. – 154 с.
Аҳмади Дониш // Энсиклопедияи насри точику форс. – Душанбе, 2010. – 238 с.
Мирзоев, А. Аҳмади Дониш: Маљмуаи мақолаҳо. – Душанбе: Дониш, 2017. – 144 с.
МАҚОЛАҲО ДАР МАТБУОТИ ДАВРӢ:
Оқилова, М. Никоҳ ва оила аз диди Аҳмади Дониш // Занони Тоҷикистон. – 1989. – №12. – С. 9.
Ваҳҳоб, Р. Мирзо Бедил ва Аҳмади Дониш // Фарҳанг . – 1992. – №1-2. – С. 28-35.
Алиев, С. Афкори равоншиносии Аҳмади Дониш // Маърифат. – 1993. – №9-10. – С. 2-4 .
Худойдодов, А. Баррассии иртиботи Аҳмади Дониш ба маорифпарварон ва алоқаи ғоявии ӯ бо ҷадидон // Паёми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон. – 2014. – №1. – С. 149-151.
Олимӣ, Х. Аҳмад Махдуми Дониш муҳаррири сират: 14-уми декабр рӯзи гиромидошти маорифпарвари бузург Аҳмади Дониш буд // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 17 декабр.
Амирзода, С. Таҷдиди назар бо усули омӯзиши мактаби адабии Аҳмади Дониш: Дар бораи фаъолияти эҷодии адиб ва нависандаи суханофарин Аҳмади Дониш // Дин ва ҷомеа. – 2017. – №11. – С. 38-41.
Мардонова, С. Ойини сарварӣ аз нигоҳи Аҳмади Дониш // Маорифи Тоҷикистон . – 2017. – №8. – С. 42-44.
Раҳимӣ, Ф. Афкори омӯзандаи Аҳмади Дониш: Оиди замони зиндагӣ ва фаъолияти илмию эҷодии шоир, донишманд Аҳмади Дониш // Адабиёт ва санъат. – 2017. –14 декабр.
Раҳмонӣ, Р. Се ҳикояи гуфторӣ аз «Наводир-ул вақоеъ»: Маълумоти мухтасар аз се мақолаи китоби «Наводир -ул вақоеъ» -и адиби маорифпарвар Аҳмади Дониш // Садои Шарқ. – 2017. – №1. – С. 139-150 .
Ҳотамов, Н. Ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш: Ба муносибати 120-солагии даргузашти аллома Дониш // Садои Шарқ. – 2017. – №9. – С. 93-106.
Исроилзода, Ф. Масъалаҳои пешрафти фарҳангӣ аз нигоҳи Аҳмади Дониш // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон / Бахши илмҳои филологӣ. – 2018. – №6. – С. 214-220.
Наҷмуддинов, Т., Шарофуддинов, С. Ақидаҳои маорифпарварӣ дар осори Аҳмади Дониш ва ҳамасрони ӯ // Ҷумҳурият . – 2018. – 10 декабр.
Раҷабов, А. Аҳмади Дониш ва мусиқии тоҷик: Аҳмади Дониш ва вазъи мусиқии замони ӯ муаммоҳои таърихию сарчашмашинохтии муқоисавию тадбиқи он // Самак . – 2018. – 24 октябр.
Сабуров, У. Ақидаҳои иҷтимоию педагогии Аҳмади Дониш оид ба дӯстӣ ва касбомӯзӣ // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон / Бахши таърих ва бостоншиносӣ, фалсафа, педагогика. – 2018. – №5. – С. 280-284.
Гирдаков, И. Аввалин маорифпарвар ва ислоҳотхоҳ: Аҳмади дониш // Фановар. – 2019. – 25 июн.
Дарёфти Девони Дониш: Дар Академияи илмҳои Ӯзбекистон девони ашъори шоир ва мутаффакири барҷастаи тоҷик Аҳмади Дониш дарёфт гардиданд // Адабиёт ва санъат . – 2020. – 27 феврал.
Ёрмуҳаммадов, А., Баҳорзода, С. «Наводир–ул–вақое» –и Аҳмади Дониш аз нигоҳи С. Айнӣ // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – 2020. – №10. – С.111-115.
Исроилов, Р. Тарғиби амну ободӣ дар осори Аҳмади Дониш // Паёми Душанбе. – 2020. – 8 август; Адабиёт ва санъат. – 2020. – 6 август.
Маҳмудов, Ф. Девони нави Аҳмади Дониш дарёфт гардид // Ваҳдат. – 2020. – №4. – феврал.
Аҳмади Дониш маорифпарвар ва ислоҳотхоҳ / Таҳияи Ш. Эшонова // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2021. – 22 июл.
Саидзода, Ҷ. Вазъи забон ва адабиёти тоҷик дар замони Аҳмади Дониш // Дунё. – 2021. – 21, 27 декабр.
Холиқзода, Ҷ. Афкори панду ахлоқи Аҳмади Дониш дар “Наводир– ул –вақоеъ“ // Муҳаққиқ. – 2021. – №2. – С. 128-131.
Холиқзода, Ҷ. “Рисола ва ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития“-и Аҳмади Дониш ҳамчун сарчашмаи муҳими тахрихи асри Х1Х // Муҳаққиқ. – 2021. – №4(53). – С. 132-134.
Мардонова, С. Ташаккулёбии ҷаҳонбинии маорифпарварии Аҳмади Дониш // Шамъи ирфон . – 2022. – 30 декабр. – 2023. – 25 январ.
Мирсаидов, А. Ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа дар асарҳои Аҳмади Дониш // Маърифати омӯзгор. – 2023. – №7. – С. 44-49.
Розиқзода, А. Аҳмади Дониш ва Мирзо Анвари Миршаб // Пайванд. – 2023. – №2(52). – С. 35-42.
Ҷамолиён, М. Ғ. Баъзе андешаҳо доир ба истилоҳоти соҳаи маориф дар “Наводир-ул-вақоеъ“-и Аҳмади Дониш // Ахбори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ . – 2023. – №1. – С. 243-249.
Таҳияи Ҳусния Назарова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.