Киноя чист?

КинояКиноя – истилоҳи фанни балоғат, лафзест, ки маънои ғайриҳақиқии он мавриди назар бошад, вале маънои ҳақиқии он низ сарфи назар намешавад, монанди “Банди шамшери Зайд  дароз аст”. Манзур ин аст, ки Зайд шуҷоъ ва баландқомат аст.

Киноя дар асл барои он вазъ мешавад, ки чизеро зикр кунанду ғайри онро дар назар дошта бошанд ва дар он ҳақиқату маҷоз бо нишонаҳои мубҳам аз ришханд, таҳқир ё тавҳин вуҷуд дошта бошад. Аз ин рӯ, киноя яке аз латифтарин ва дақиқтарин шеваҳои балоғат мебошад.

Аз назари маъноӣ киноя се навъ аст:

Кинояе, ки дар он як ё якчанд сифати мавсуф зикр шаванд. Ин навъ кинояро хосси мураккаб мегӯянд, монанди “зиндаи ростқомати паҳннохун”, ки мақсад аз он инсон аст:

Болот шуҷои арғувонтан,

Зери ту арӯси арғунунзан. (Хоқонӣ)

Ин ҷо мақсуд Хуршед аст, чунки бино бар нуҷуми кадим ситораи Миррих дар фалаки болои он ва ситораи Зуҳра дар поини он ҷой дорад.

2. Кинояе, ки яке аз сифатҳои кинояшавандаро бозтоб менамояд, монанди “подшоҳи даррандагон”, ки киноя аз шер аст. Ин навъ кинояро ба наздаик ва дур тақсим кардаанд. Кинояи наздик он аст, ки бо дарки андаку бевосита фаҳмида мешавад ва он ду гуна аст: возеҳ ва хафӣ (пинҳон). Кинояи возеҳ он аст, ки дарки маънои он осон бошад:

Даҳр сиёҳкосаест, мо ҳама меҳмони ӯ,

Бенамакӣ таъбияст дар намаки хони ӯ.(Хоқонӣ)

“Сияҳкоса” киноя аз палидӣ ва бахилии рӯзгор ва “бенамакӣ” беҷозиба будани зиндагиро мефаҳмонад.

Кинояи хафӣ он аст, ки пай бурдани мақсуд таҳаммул мехоҳад:

Ошиқ бикушӣ ба тири ғамза
Чандон, ки ба дасти чап шуморӣ!

Дар ин ҷо таъбири “ба дасти чап шумурдан” киноя аз зиёдии адад аст, зеро дар қадим бо ангуштони дасти рост ададҳои воҳиду даҳӣ ва дасти чап ададҳои садию ҳазориро ҳисоб мекарданд.

3.Кинояи нисбат, яъне кинояе, ки мақсуд аз он исботи сифате барои мавсуфе бошад. Ин кинояро низ ба ду навъ – наздик ва дур тақсим карданд. Кинояи  наздик бевосита оварда мешавад, монанди “дарё дар остин доштан”. Кинояи дур ниёзманди восита аст:

Мебод рӯзе бе мулки ту ҷаҳон, ки ҷаҳон
Ба рӯзи равшан аз он пас ситора бишморад.  Анварӣ

“Ситора шумурдан дар рӯз”киноя аз сиёҳии рӯз ва сиёҳии рӯз киноя аз ошуфтагию фасоди аҳвол аст.

Киноя ҳамчун ба эътибори ошкору пинҳон 4 навъ аст:

1.Талвеҳ: дар луғат ишора карданд ба касе ё чизе аз дур, ки он кинояест аз навъи кинояи баъид, ки дар он воситаҳо миёни лозиму малзум бисёр бошад, монанди “сари киса ба барги гандано бастан” дар ин байти Низомӣ, ки кинояест аз бахшидагӣ бо ин воситаҳо:

Бузургӣ боядат, дил дар сахо банд,

Сари киса ба барги гандано банд.

“Сари киса ба барги гандано банд” суст бастани он, зуд боз шудан, саҳл будани ато, зуд бахшидан.

2.Рамз: дар луғат ба маънои ишора кардани хафӣ бо гӯшаи чашму абрӯву лаб ва он кинояест, ки дар он воситаҳо кам ва лузум махфӣ бошад. Чунончи “буздил” киноя аз тарсу.

3.Таъриз, ки зидди тасреҳ аст.Дар луғат ишора кардан ба ҷонибе ва ирода кардан ба ҷониби дигар аст, яъне сарбаста сухан гуфтан ва кинояест ки мавсуф дар он зикр намеёбад, чунин ки ба шахси зиёнкор бигӯянд: ”Мусалмон касест, ки мусалмонон аз дасту забони ӯ дар амон бошанд”. Дар ин киноя сифати мусалмонӣ аз шахси озоррасон инкор шудааст. Ё ба касе, ки аз дӯстонаш дастгирӣ намекунанд, мегӯянд: “Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст, Дар парешонҳолию дармондагӣ.

4.Имо ё ишора: Киноя агар ҷузви мавориди сегонаи мазкур бошад, кинояест ғайритаъризӣ, ки воситаҳо дар он андак ва мулозамат ошкор аст.

Киноя аз диди тасвирпардозӣ баробари ташбеҳу истиора низ ба танаввуи тахаюл дар калом ёрӣ мерасонад. Баён кардани бисёре аз мафҳумҳое, ки бо мантиқи одии гуфтор зишт менамоянд, бо киноя зебо ва муассиру дилкаш мешаванд. Дар аҳамияти киноя аз ҳунарӣ, маъмулан, дар китобҳои балоғат бар ду ваҷҳ бештар таъкид шудааст: нахуст бар ваҷҳи пӯшидагии маъно дар киноя, ки Ибни Сино онро аз ҳунарҳои шоирӣ ва ба кор бурдани онро аз шартҳои фасоҳату балоғат донистааст. Дуввум бар ваҷҳи истидлолии киноя аст, ки боиси тақвияти маъно мешавад. Ба ҳамин ҷиҳат дар бештари китобҳои балоғат кинояро балеғтару  қавитар аз тасреҳ донистаанд….

Бозчоп аз Энсиклопедия миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С.118-119.

Муаллиф: И. Ориф.

Таҳияи Киром Муҳаббат
Корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ